1يسمع مطلقا ان بينكم زنى وزنى هكذا لا يسمى بين الامم حتى ان تكون للانسان امرأة ابيه.
1ОВОЗАЕ ба гӯшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатго дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст,
2أفانتم منتفخون وبالحري لم تنوحوا حتى يرفع من وسطكم الذي فعل هذا الفعل.
2Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.
3فاني انا كاني غائب بالجسد ولكن حاضر بالروح قد حكمت كاني حاضر في الذي فعل هذا هكذا.
3Зеро ки ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки назди шумо бошам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам:
4باسم ربنا يسوع المسيح اذ انتم وروحي مجتمعون مع قوة ربنا يسوع المسيح
4Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,
5ان يسلم مثل هذا للشيطان لهلاك الجسد لكي تخلص الروح في يوم الرب يسوع.
5Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рӯҳаш дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад.
6ليس افتخاركم حسنا. ألستم تعلمون ان خميرة صغيرة تخمّر العجين كله.
6Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?
7اذا نقوا منكم الخميرة العتيقة لكي تكونوا عجينا جديدا كما انتم فطير. لان فصحنا ايضا المسيح قد ذبح لاجلنا.
7Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.
8اذا لنعيد ليس بخميرة عتيقة ولا بخميرة الشر والخبث بل بفطير الإخلاص والحق
8Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши щарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард.
9كتبت اليكم في الرسالة ان لا تخالطوا الزناة.
9Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо зинокорон алоқа накунед;
10وليس مطلقا زناة هذا العالم او الطماعين او الخاطفين او عبدة الاوثان والا فيلزمكم ان تخرجوا من العالم.
10Лекин на умуман бо зинокорони ин ҷаҳон, ё бо ҳаромризқон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат шуморо лозим меомад, ки ая ҷаҳон берун шавед;
11واما الآن فكتبت اليكم ان كان احد مدعو اخا زانيا او طماعا او عابد وثن او شتاما او سكيرا او خاطفا ان لا تخالطوا ولا تؤاكلوا مثل هذا.
11Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред.
12لانه ماذا لي ان ادين الذين من خارج. ألستم انتم تدينون الذين من داخل.
12Зеро ки чаро ман ба онҳое ки дар берунанд, доварӣ кунам? Оё шумо ба онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед?
13اما الذين من خارج فالله يدينهم. فاعزلوا الخبيث من بينكم
13Ба онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас щумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед.