الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

1 Thessalonians

4

1فمن ثم ايها الاخوة نسألكم ونطلب اليكم في الرب يسوع انكم كما تسلمتم منا كيف يجب ان تسلكوا وترضوا الله تزدادون اكثر.
1ВА боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред;
2لانكم تعلمون ايّة وصايا اعطيناكم بالرب يسوع.
2Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем.
3لان هذه هي ارادة الله قداستكم. ان تمتنعوا عن الزنى
3Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунсд;
4ان يعرف كل واحد منكم ان يقتني اناءه بقداسة وكرامة.
4Ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покй ва шараф нигоҳ дорад,
5لا في هوى شهوة كالامم الذين لا يعرفون الله.
5На дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд;
6ان لا يتطاول احد ويطمع على اخيه في هذا الامر لان الرب منتقم لهذه كلها كما قلنا لكم قبلا وشهدنا.
6Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худоваид барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.
7لان الله لم يدعنا للنجاسة بل في القداسة.
7Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ, балки ба қудсият даъват кардааст.
8اذا من يرذل لا يرذل انسانا بل الله الذي اعطانا ايضا روحه القدوس
8Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст.
9واما المحبة الاخوية فلا حاجة لكم ان اكتب اليكم عنها لانكم انفسكم متعلمون من الله ان يحب بعضكم بعضا.
9Аммо дар хусуси бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед;
10فانكم تفعلون ذلك ايضا لجميع الاخوة الذين في مكدونية كلها. وانما اطلب اليكم ايها الاخوة ان تزدادوا اكثر
10Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред
11وان تحرصوا على ان تكونوا هادئين وتمارسوا اموركم الخاصة وتشتغلوا بايديكم انتم كما اوصيناكم
11Ва саъю кӯшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред, чунон ки ба шумо дастур додаем,
12لكي تسلكوا بلياقة عند الذين هم من خارج ولا تكون لكم حاجة الى احد
12То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошед.
13ثم لا اريد ان تجهلوا ايها الاخوة من جهة الراقدين لكي لا تحزنوا كالباقين الذين لا رجاء لهم.
13Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед.
14لانه ان كنا نؤمن ان يسوع مات وقام فكذلك الراقدون بيسوع سيحضرهم الله ايضا معه.
14Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз шгз Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард.
15فاننا نقول لكم هذا بكلمة الرب اننا نحن الاحياء الباقين الى مجيء الرب لا نسبق الراقدين.
15Зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқй мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард,
16لان الرب نفسه بهتاف بصوت رئيس ملائكة وبوق الله سوف ينزل من السماء والاموات في المسيح سيقومون اولا.
16Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаакд, аввал эҳьё хоҳанд шуд;
17ثم نحن الاحياء الباقين سنخطف جميعا معهم في السحب لملاقاة الرب في الهواء. وهكذا نكون كل حين مع الرب.
17Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд.
18لذلك عزوا بعضكم بعضا بهذا الكلام
18Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллй диҳед.