الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Acts

20

1وبعد ما انتهى الشغب دعا بولس التلاميذ وودعهم وخرج ليذهب الى مكدونية‎.
1ПАС аз он ки ин шӯру ғавғо хотима ёфт, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру маъзур кард ва ба Мақдуния равона шуд.
2‎ولما كان قد اجتاز في تلك النواحي ووعظهم بكلام كثير جاء الى هلاس
2Дар он ноҳия гашта, бисьёр насиҳат дод ва ба Юнон омад;
3فصرف ثلاثة اشهر. ثم اذ حصلت مكيدة من اليهود عليه وهو مزمع ان يصعد الى سورية صار رأي ان يرجع على طريق مكدونية‎.
3Дар он ҷо се моҳ истод; азбаски яҳудиён ба мукрбили ӯ ошӯб бардоштанд, ӯ аэми сафари Сурия кард ва ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад.
4‎فرافقه الى اسيا سوباترس البيري. ومن اهل تسالونيكي ارسترخس وسكوندس وغايوس الدربي وتيموثاوس. ومن اهل اسيا تيخيكس وتروفيمس‎.
4То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ӯ инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, Ористархус ва Секундус аз аҳли Таслӯникӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва аз мардуми Осиё Тӯхиқӯс ва Трофимус.
5‎هؤلاء سبقوا وانتظرونا في ترواس‎.
5Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трӯос мунтазири мо шуданд.
6‎واما نحن فسافرنا في البحر بعد ايام الفطير من فيلبي ووافيناهم في خمسة ايام الى ترواس حيث صرفنا سبعة ايام
6Лекин мо пас аз айеми иди фатир аз Филиппӣ бо киштй рафтем ва баъд аз панҷ рӯз ба Трӯос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем.
7وفي اول الاسبوع اذ كان التلاميذ مجتمعين ليكسروا خبزا خاطبهم بولس وهو مزمع ان يمضي في الغد واطال الكلام الى نصف الليل‎.
7Рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои нон шикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд> бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард.
8‎وكانت مصابيح كثيرة في العليّة التي كانوا مجتمعين فيها‎.
8Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисьёре месӯхт.
9‎وكان شاب اسمه افتيخوس جالسا في الطاقة متثقلا بنوم عميق. واذ كان بولس يخاطب خطابا طويلا غلب عليه النوم فسقط من الطبقة الثالثة الى اسفل وحمل ميتا‎.
9Офтихӯс ном чавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тӯл мекашид, хоби сахташ бурда, баногоҳ аз ошьёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ӯро бардоштанд, мурда буд.
10‎فنزل بولس ووقع عليه واعتنقه قائلا لا تضطربوا لان نفسه فيه‎.
10Павлус поён фуромада, худро болои ӯ партофт ва ӯро дар оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир накашед, зеро ки ҷони ӯ дар ӯст».
11‎ثم صعد وكسر خبزا واكل وتكلم كثيرا الى الفجر. وهكذا خرج‎.
11Баъд боло баромад ва нонро шикаста, хӯрд ва то субҳ гуфтугӯи бисьёре карда, ба роҳи худ равона шуд.
12‎وأتوا بالفتى حيّا وتعزوا تعزية ليست بقليلة
12Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва ҳотирашон хеле осуда шуд.
13واما نحن فسبقنا الى السفينة واقلعنا الى اسوس مزمعين ان نأخذ بولس من هناك لانه كان قد رتب هكذا مزمعا ان يمشي‎.
13Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асӯс рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ бигирем, зеро ки ҳамин тавр амр фармуда буд, ва ӯ ният дошт ба он ҷо пиёда равад.
14‎فلما وافانا الى اسوس اخذناه وأتينا الى ميتيليني‎.
14Вақте ки дар Асӯс бо мо вохӯрд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем.
15‎ثم سافرنا من هناك في البحر واقبلنا في الغد الى مقابل خيوس‏‎. ‎وفي اليوم الآخر وصلنا الى ساموس واقمنا في تروجيليون ثم في اليوم التالي جئنا الى ميليتس‎.
15Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рӯзи дигар дар рӯ ба рӯи Хиюс бозистодем; рӯзи сеюм ба Сомӯс расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитӯс шудем,
16‎لان بولس عزم ان يتجاوز افسس في البحر لئلا يعرض له ان يصرف وقتا في اسيا. لانه كان يسرع حتى اذا امكنه يكون في اورشليم في يوم الخمسين
16Зеро ки Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфсӯс гузашта равад, то ки дар вилояти Осиё даранг накунад, чунки ӯ таъҷил менамуд, ки ба қадри имкон дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим бошад.
17ومن ميليتس ارسل الى افسس واستدعى قسوس الكنيسة‎.
17Аз Милитус ба Эфсӯс кас фиристода, пирони калисоро даъват намуд,
18‎فلما جاءوا اليه قال لهم انتم تعلمون من اول يوم دخلت اسيا كيف كنت معكم كل الزمان‎.
18Ва ҳангоме ки назди ӯ омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи авваЯи ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам,
19‎اخدم الرب بكل تواضع ودموع كثيرة وبتجارب اصابتني بمكايد اليهود.
19«Дар ҳолате ки бо камоли фурӯтанӣ, бо ашкҳои бисьёр ва бо машаққатҳое ки ба туфайли дасисаҳои яҳудиён ба сарам меомад, ба Худованд хизмат кардам,
20كيف لم أؤخر شيئا من الفوائد الا واخبرتكم وعلمتكم به جهرا وفي كل بيت‎.
20«Ва чй гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба ҳона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам
21‎شاهدا لليهود واليونانيين بالتوبة الى الله والايمان الذي بربنا يسوع المسيح‎.
21«Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.
22‎والآن ها انا اذهب الى اورشليم مقيدا بالروح لا اعلم ماذا يصادفني هناك‎.
22«Ва инак, ҳоло бо тақозои Рӯҳ ба Ерусалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам ҳоҳад омад, чизе намедонам,
23‎غير ان الروح القدس يشهد في كل مدينة قائلا ان وثقا وشدائد تنتظرني‎.
23«Чуз ин ки Рӯҳулкудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳои асорат ва укубатҳо барои ман муҳайёст.
24‎ولكنني لست احتسب لشيء ولا نفسي ثمينة عندي حتى اتمم بفرح سعيي والخدمة التي اخذتها من الرب يسوع لاشهد ببشارة نعمة الله‎.
24«Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.
25‎والآن ها انا اعلم انكم لا ترون وجهي ايضا انتم جميعا الذين مررت بينكم كارزا بملكوت الله‎.
25«Ва алҳол инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Малакути Худоро мавъиза намудаам, дигар рӯи маро нахоҳед дид.
26‎لذلك أشهدكم اليوم هذا اني بريء من دم الجميع‎.
26«Бинобар ин имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам,
27‎لاني لم أؤخر ان اخبركم بكل مشورة الله‎.
27«Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.
28‎احترزوا اذا لانفسكم ولجميع الرعية التي اقامكم الروح القدس فيها اساقفة لترعوا كنيسة الله التي اقتناها بدمه‎.
28«Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулкудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.
29‎لاني اعلم هذا انه بعد ذهابي سيدخل بينكم ذئاب خاطفة لا تشفق على الرعية‎.
29«Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо ҳоҳанд омад, ки ба рама раҳме наҳоҳанд кард,
30‎ومنكم انتم سيقوم رجال يتكلمون بامور ملتوية ليجتذبوا التلاميذ وراءهم‎.
30«Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.
31‎لذلك اسهروا متذكرين اني ثلاث سنين ليلا ونهارا لم افتر عن ان انذر بدموع كل واحد‎.
31«Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар ҳотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рӯзонаю шабона ашк реҳаа, ҳар яке аз шуморо таълим додам.
32‎والآن استودعكم يا اخوتي للّه ولكلمة نعمته القادرة ان تبنيكم وتعطيكم ميراثا مع جميع المقدسين‎.
32«Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.
33‎فضة او ذهب او لباس احد لم اشته‎.
33«Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надӯхтаам:
34‎انتم تعلمون ان حاجاتي وحاجات الذين معي خدمتها هاتان اليدان‎.
34«Худатон медонед, ки ҳамин дастҳои ман барои таъмини эҳтиёҷоти худам ва ҳамроҳонам ҳизмат кардааст.
35‎في كل شيء اريتكم انه هكذا ينبغي انكم تتعبون وتعضدون الضعفاء متذكرين كلمات الرب يسوع انه قال مغبوط هو العطاء اكثر من الاخذ‎.
35«Бо тамоми рафтори худ ман ба нгумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: "Додан аз гирифтан беҳтар аст"».
36‎ولما قال هذا جثا على ركبتيه مع جميعهم وصلّى‎.
36Баъд аз гуфтани ин суханон зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт.
37‎وكان بكاء عظيم من الجميع ووقعوا على عنق بولس يقبلونه
37Ҳама гирьяи бисьёр карданд ва Лавлусро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд.
38متوجعين ولا سيما من الكلمة التي قالها انهم لن يروا وجهه ايضا. ثم شيعوه الى السفينة
38Алалхусус аз чунин сухани ӯ хеле ғамгин щуданд, ки гуфта буд: "Рӯи маро дигар нахоҳед дид". Ва ӯро то киштӣ гуселониданд.