1ورجل اسمه حنانيا وامرأته سفيرة باع ملكا
1АММО Ҳанониё ном шахсе, бо ҳамсаращ Сафира, мулки худро фурӯхт
2واختلس من الثمن وامراته لها خبر ذلك وأتى بجزء ووضعه عند ارجل الرسل.
2Ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва бокии онро оварда, дар иҳтиёри ҳаввориён гузошт.
3فقال بطرس يا حنانيا لماذا ملأ الشيطان قلبك لتكذب على الروح القدس وتختلس من ثمن الحقل.
3Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулқудс дурӯғ бигӯй ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?
4أليس وهو باق كان يبقى لك. ولما بيع ألم يكن في سلطانك. فما بالك وضعت في قلبك هذا الامر. انت لم تكذب على الناس بل على الله.
4«Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи баъд аз фурӯхтан пайдо кардй, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ».
5فلما سمع حنانيا هذا الكلام وقع ومات. وصار خوف عظيم على جميع الذين سمعوا بذلك.
5Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод, ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.
6فنهض الاحداث ولفوه وحملوه خارجا ودفنوه
6Ҷавонон бархоста, ӯро барои дафн таЙёр карданд ва берун бурда, ба Хок супурданд.
7ثم حدث بعد مدة نحو ثلاث ساعات ان امرأته دخلت وليس لها خبر ما جرى.
7Тахминан баъд аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин воқеа бехабар буд.
8فاجابها بطرس قولي لي أبهذا المقدار بعتما الحقل. فقالت نعم بهذا المقدار.
8Петрус аз вай пурсид: «Ба ман бигӯ, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурӯхтед?» Зан гуфт: «Оре, ба ҳамин маблағ».
9فقال لها بطرس ما بالكما اتفقتما على تجربة روح الرب. هوذا ارجل الذين دفنوا رجلك على الباب وسيحملونك خارجا.
9Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар ду забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро биозмоед? Онҳое ки шавҳаратро гӯрониданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ хоҳанд бурд».
10فوقعت في الحال عند رجليه وماتت. فدخل الشباب ووجدوها ميتة فحملوها خارجا ودفنوها بجانب رجلها.
10Ҳамон дам вай пеши пои ӯ афтода, ҷон дод; ва ҷавонон, чун дохил шуданд, ваиро мурда ёфганд ва берун бурда, дар паҳлуи шавҳараш дафн карданд.
11فصار خوف عظيم على جميع الكنيسة وعلى جميع الذين سمعوا بذلك
11Тамоми аҳли калисо ва ҳамаи онҳое ки инро щуниданд, ба ҳароси азиме афгоданд.
12وجرت على ايدي الرسل آيات وعجائب كثيرة في الشعب. وكان الجميع بنفس واحدة في رواق سليمان.
12Ҳаввориён аломоту мӯъҷизоти зиёде дар миёни қавм ба амал меоварданд ва ҳама якдилона дар равоки Сулаймон ҷамъ мешуданд.
13واما الآخرون فلم يكن احد منهم يجسر ان يلتصق بهم. لكن كان الشعب يعظمهم.
13Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, лекин мардум онҳоро ситоиш мекарданд.
14وكان مؤمنون ينضمون للرب اكثر. جماهير من رجال ونساء.
14Мардону занони бисьёре ба Худованд имон оварда, Торафт бештар ба онҳо ҳамроҳ мешуданд;
15حتى انهم كانوا يحملون المرضى خارجا في الشوارع ويضعونهم على فرش واسرّة حتى اذا جاء بطرس يخيّم ولو ظله على احد منهم.
15Кор ба ҷое расид, ки мардум беморонро ба кӯчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки дар вақти гузашта рафтани Петрус ақаллан сояи ӯ бар баъзеи онҳо биафтад.
16واجتمع جمهور المدن المحيطة الى اورشليم حاملين مرضى ومعذبين من ارواح نجسة وكانوا يبرأون جميعهم
16Ҳамчунин мардуми бисьёре аз шаҳрҳои атроф дар Ерусалим ҷамъ шуда, беморон ва гирифтороии арвоҳи палидро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.
17فقام رئيس الكهنة وجميع الذين معه الذين هم شيعة الصدوقيين وامتلأوا غيرة
17Аммо саркохин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз фирқаи саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, барҳостанд
18فالقوا ايديهم على الرسل ووضعوهم في حبس العامة.
18Ва ба хдввориён дасти тааддӣ дароз карда, онҳоро дар зиндони ом андоҳтанд.
19ولكن ملاك الرب في الليل فتح ابواب السجن واخرجهم وقال
19Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт:
20اذهبوا قفوا وكلموا الشعب في الهيكل بجميع كلام هذه الحياة.
20«Биравед ва дар маъбад истода, ҳамаи ин суханони ҳаётро ба ин қавм бигӯед».
21فلما سمعوا دخلوا الهيكل نحو الصبح وجعلوا يعلّمون. ثم جاء رئيس الكهنة والذين معه ودعوا المجمع وكل مشيخة بني اسرائيل فارسلوا الى الحبس ليؤتى بهم.
21Чун инро шуниданд, субҳидам ба маъбад омаданд ва ба таълим додан шурӯъ карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯрои пирон ва ҳамаи пирони банӣ Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то ки онҳоро биёранд.
22ولكن الخدام لما جاءوا لم يجدوهم في السجن فرجعوا واخبروا
22Аммо мулозимон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, ҳабар доданд
23قائلين اننا وجدنا الحبس مغلقا بكل حرص والحراس واقفين خارجا امام الابواب ولكن لما فتحنا لم نجد في الداخل احدا
23Ва гуфтанд: «Зиндонро бо эҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон дар пеши дар истода буданд, вале вақге ки дарро кушодем, касеро наефтем».
24فلما سمع الكاهن وقائد جند الهيكل ورؤساء الكهنة هذه الاقوال ارتابوا من جهتهم ما عسى ان يصير هذا.
24Чун саркоҳнн ва сардори посбонони маъбад ва саркоҳинони дигар ин суханонро шуниданд, дар ҳайрат афтоданд, ки ин чӣ окибате дошта бошад.
25ثم جاء واحد واخبرهم قائلا هوذا الرجال الذين وضعتموهم في السجن هم في الهيكل واقفين يعلّمون الشعب.
25Дар ҳамин вакт касе омада, ба онҳо хабар дод ва гуфт: «Инак, он шахсоне ки дар зиндон андоҳта будед, дар маъбад истода, қавмро таълим медиҳанд».
26حينئذ مضى قائد الجند مع الخدام فاحضرهم لا بعنف لانهم كانوا يخافون الشعب لئلا يرجموا.
26Он гоҳ сардори посбонон бо мулозимонаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зӯрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд;
27فلما احضروهم اوقفوهم في المجمع. فسألهم رئيس الكهنة
27Чун онҳоро оварда, назди шӯрои пирон ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода, гуфт:
28قائلا أما اوصيناكم وصية ان لا تعلّموا بهذا الاسم. وها انتم قد ملأتم اورشليم بتعليمكم وتريدون ان تجلبوا علينا دم هذا الانسان.
28«Оё шуморо ба таври қатъӣ амр нафармудаем, ки ба ин исм таълим надиҳед? Ва инак, шумо Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни Он Одамро ба гардани мо бор кунед».
29فاجاب بطرس والرسل وقالوا ينبغي ان يطاع الله اكثر من الناس.
29Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод;
30اله آبائنا اقام يسوع الذي انتم قتلتموه معلقين اياه على خشبة.
30«Худои падарони мо Исоро эҳьё кард, ки шумо Ӯро ба дарахг овехта, кушта будед:
31هذا رفّعه الله بيمينه رئيسا ومخلّصا ليعطي اسرائيل التوبة وغفران الخطايا.
31«Худо Ӯро ба ямини Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ки ба Исроил тавба ва омурзиши гуноҳҳоро ато фармояд;
32ونحن شهود له بهذه الامور والروح القدس ايضا الذي اعطاه الله للذين يطيعونه
32«Мо шоҳидони Ӯ дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулкудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст».
33فلما سمعوا حنقوا وجعلوا يتشاورون ان يقتلوهم.
33Чун шуниданд, чунон дарғазаб шуданд, ки қасд карданд онҳоро ба қатл расонанд.
34فقام في المجمع رجل فريسي اسمه غمالائيل معلّم للناموس مكرم عند جميع الشعب وامر ان يخرج الرسل قليلا.
34Аммо яке аз фарисиён, ки Ҷамлиил ном дошт ва муаллими шариат буд, ва тамоми қавм ӯро мӯҳтарам медоштанд, дар шӯрои пирон бархоста, амр дод, ки ҳаввориёнро ба муддати кӯтоҳе берун баранд,
35ثم قال لهم. ايها الرجال الاسرائيليون احترزوا لانفسكم من جهة هؤلاء الناس في ما انتم مزمعون ان تفعلوا.
35Ва ба ҳозирон гуфт: «Эй мардони Исроил! Эҳтиёт кунед аз он чи мехоҳед бо ин одамон бикунед:
36لانه قبل هذه الايام قام ثوداس قائلا عن نفسه انه شيء. الذي التصق به عدد من الرجال نحو اربع مئة. الذي قتل وجميع الذين انقادوا اليه تبددوا وصاروا لا شيء.
36«Зеро ки чанде пеш аз ин айём шахсе Тавдо ном бархоста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар ба вай ҳамроҳ шуданд; вале вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд;
37بعد هذا قام يهوذا الجليلي في ايام الاكتتاب وازاغ وراءه شعبا غفيرا. فذاك ايضا هلك وجميع الذين انقادوا اليه تشتتوا.
37«Баъд аз вай Яҳудои Ҷалилй дар замони саршуморӣ бархост ва мардуми бисьёреро аз ақиби худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд;
38والآن اقول لكم تنحوا عن هؤلاء الناس واتركوهم. لانه ان كان هذا الرأي او هذا العمل من الناس فسوف ينتقض.
38«Ва алҳол ба шумо мегӯям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, зеро ки агар ин раъй ва амал аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам хоҳад хӯрд,
39وان كان من الله فلا تقدرون ان تنقضوه. لئلا توجدوا محاربين لله ايضا.
39«Вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед».
40فانقادوا اليه. ودعوا الرسل وجلدوهم واوصوهم ان لا يتكلموا باسم يسوع ثم اطلقوهم
40Ба гапи вай даромаданд ва ҳаввориёнро ҷеғ зада оварда, қамчинкорӣ карданд ва минбаъд ба исми Исо ҳарф заданро ба онҳо манъ карда, онҳоро озод намуданд.
41واما هم فذهبوا فرحين من امام المجمع لانهم حسبوا مستاهلين ان يهانوا من اجل اسمه.
41Онҳо аз шӯрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ӯ сазовори беҳурматӣ гардидаанд,
42وكانوا لا يزالون كل يوم في الهيكل وفي البيوت معلّمين ومبشرين بيسوع المسيح
42Ва ҳар рӯз дар маъбад ва дар хонаҳо дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд.