1بسبب هذا انا بولس اسير المسيح يسوع لاجلكم ايها الامم
1БАРОИ ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам.
2ان كنتم قد سمعتم بتدبير نعمة الله المعطاة لي لاجلكم.
2Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,
3انه باعلان عرّفني بالسر. كما سبقت فكتبت بالايجاز.
3Яъне чӣ тавр ба василаи ваҳй сирре ба ман маълум шудааст, ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам,
4الذي بحسبه حينما تقرأونه تقدرون ان تفهموا درايتي بسر المسيح.
4Ва шумо онро хонда, метавонед бифаҳмед, ки ман аз сирри Масеҳ чӣ қадар воқиф ҳастам.
5الذي في اجيال أخر لم يعرف به بنو البشر كما قد أعلن الآن لرسله القديسين وانبيائه بالروح.
5Он дар наслҳои пешина ба банӣодам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ӯ ва ба анбие ба василаи Рӯҳ ошкор щудааст,
6ان الامم شركاء في الميراث والجسد ونوال موعده في المسيح بالانجيل.
6Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.
7الذي صرت انا خادما له حسب موهبة نعمة الله المعطاة لي حسب فعل قوته.
7Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам.
8لي انا اصغر جميع القديسين أعطيت هذه النعمة ان ابشر بين الامم بغنى المسيح الذي لا يستقصى
8Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам
9وانير الجميع في ما هو شركة السر المكتوم منذ الدهور في الله خالق الجميع بيسوع المسيح.
9Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард,
10لكي يعرّف الآن عند الرؤساء والسلاطين في السماويات بواسطة الكنيسة بحكمة الله المتنوعة
10То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,
11حسب قصد الدهور الذي صنعه في المسيح يسوع ربنا.
11Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онроӮдар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст,
12الذي به لنا جراءة وقدوم بايمانه عن ثقة.
12Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯиҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.
13لذلك اطلب ان لا تكلّوا في شدائدي لاجلكم التي هي مجدكم.
13Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.
14بسبب هذا احني ركبتيّ لدى ابي ربنا يسوع المسيح
14Бинобар ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ,
15الذي منه تسمى كل عشيرة في السموات وعلى الارض.
15Ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,
16لكي يعطيكم بحسب غنى مجده ان تتأيدوا بالقوة بروحه في الانسان الباطن
16Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавед,
17ليحل المسيح بالايمان في قلوبكم
17Ба тавре ки Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад,
18وانتم متأصلون ومتأسسون في المحبة حتى تستطيعوا ان تدركوا مع جميع القديسين ما هو العرض والطول والعمق والعلو
18То ки шумо, дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тӯл ва умку баландии
19وتعرفوا محبة المسيح الفائقة المعرفة لكي تمتلئوا الى كل ملء الله.
19Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.
20والقادر ان يفعل فوق كل شيء اكثر جدا مما نطلب او نفتكر بحسب القوة التي تعمل فينا
20Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, -
21له المجد في الكنيسة في المسيح يسوع الى جميع اجيال دهر الدهور. آمين
21Ӯро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.