الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Hebrews

4

1فلنخف انه مع بقاء وعد بالدخول الى راحته يرى احد منكم انه قد خاب منه.
1ПАС, дар сурате ки ваъдаи дохилшавй ба оромии Ӯ ҳанӯз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст.
2لاننا نحن ايضا قد بشرنا كما اولئك لكن لم تنفع كلمة الخبر اولئك اذ لم تكن ممتزجة بالايمان في الذين سمعوا.
2Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст.
3لاننا نحن المؤمنين ندخل الراحة كما قال حتى اقسمت في غضبي لن يدخلوا راحتي. مع كون الاعمال قد أكملت منذ تأسيس العالم.
3Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромй дохил хоҳем шуд, чунон ки Ӯ гуфтааст: "Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд", гарчанде ки корҳои Ӯ аз хилқати олам анҷом ёфта буд.
4لانه قال في موضع عن السابع هكذا واستراح الله في اليوم السابع من جميع اعماله.
4Зеро ки дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: "Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гнрифт".
5وفي هذا ايضا لن يدخلوا راحتي.
5Ва боз дар ин ҷо: "Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд".
6فاذ بقي ان قوما يدخلونها والذين بشّروا اولا لم يدخلوا لسبب العصيان
6Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуда буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд, -
7يعيّن ايضا يوما قائلا في داود اليوم بعد زمان هذا مقداره كما قيل اليوم ان سمعتم صوته فلا تقسّوا قلوبكم.
7Боз Ӯ рӯзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд "имрӯз" мегӯяд, чунон ки дар боло гуфта шудааст: "Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед".
8لانه لو كان يشوع قد اراحهم لما تكلم بعد ذلك عن يوم آخر.
8Зеро, агар Еҳушаъ баонҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан ронда намешуд.
9اذا بقيت راحة لشعب الله.
9Пас, барои кдвми Худо боз оромии щанбе боқӣ мемонад.
10لان الذي دخل راحته استراح هو ايضا من اعماله كما الله من اعماله.
10Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.
11فلنجتهد ان ندخل تلك الراحة لئلا يسقط احد في عبرة العصيان هذه عينها.
11Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурӯ ғалтад.
12لان كلمة الله حية وفعالة وامضى من كل سيف ذي حدين وخارقة الى مفرق النفس والروح والمفاصل والمخاخ ومميزة افكار القلب ونياته.
12Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад.
13وليس خليقة غير ظاهرة قدامه بل كل شيء عريان ومكشوف لعيني ذلك الذي معه امرنا
13Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.
14فاذ لنا رئيس كهنة عظيم قد اجتاز السموات يسوع ابن الله فلنتمسك بالاقرار.
14Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.
15لان ليس لنا رئيس كهنة غير قادر ان يرثي لضعفاتنا بل مجرب في كل شيء مثلنا بلا خطية
15Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард.
16فلنتقدم بثقة الى عرش النعمة لكي ننال رحمة ونجد نعمة عونا في حينه
16Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвакт файз ёбем.