1لا تكونوا معلّمين كثيرين يا اخوتي عالمين اننا نأخذ دينونة اعظم
1ЭЙ бародарони ман I Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем лгуд,
2لاننا في اشياء كثيرة نعثر جميعنا. ان كان احد لا يعثر في الكلام فذاك رجل كامل قادر ان يلجم كل الجسد ايضا.
2Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар сухан пешпо намехӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.
3هوذا الخيل نضع اللجم في افواهها لكي تطاوعنا فندير جسمها كله.
3Инак, мо ба даҳони аспҳо Лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;
4هوذا السفن ايضا وهي عظيمة بهذا المقدار وتسوقها رياح عاصفة تديرها دفة صغيرة جدا الى حيثما شاء قصد المدير.
4Инак, киштиҳо низ, ҳар чанд бузург бошанд ва ҳар чанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор хоҳад, равона карда мешаванд;
5هكذا اللسان ايضا هو عضو صغير ويفتخر متعظما. هوذا نار قليلة اي وقود تحرق.
5Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.
6فاللسان نار. عالم الاثم. هكذا جعل في اعضائنا اللسان الذي يدنس الجسم كله ويضرم دائرة الكون ويضرم من جهنم.
6Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам отащ мегирад.
7لان كل طبع للوحوش والطيور والزحافات والبحريات يذلل وقد تذلل للطبع البشري.
7Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,
8واما اللسان فلا يستطيع احد من الناس ان يذلله. هو شر لا يضبط مملوء سمّا مميتا.
8Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он - шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.
9به نبارك الله الآب وبه نلعن الناس الذين قد تكوّنوا على شبه الله.
9Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегӯем:
10من الفم الواحد تخرج بركة ولعنة. لا يصلح يا اخوتي ان تكون هذه الامور هكذا.
10Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.
11ألعل ينبوعا ينبع من نفس عين واحدة العذب والمر.
11Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорй мешавад?
12هل تقدر يا اخوتي تينة ان تصنع زيتونا او كرمة تينا. ولا كذلك ينبوع يصنع ماء مالحا وعذبا
12Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур - анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин ба вуҷуд оварад.
13من هو حكيم وعالم بينكم فلير اعماله بالتصرف الحسن في وداعة الحكمة.
13Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.
14ولكن ان كان لكم غيرة مرة وتحزب في قلوبكم فلا تفتخروا وتكذبوا على الحق.
14Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростй дурӯғ нагӯед:
15ليست هذه الحكمة نازلة من فوق بل هي ارضية نفسانية شيطانية.
15Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бощад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;
16لانه حيث الغيرة والتحزب هناك التشويش وكل امر رديء.
16Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарй бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.
17واما الحكمة التي من فوق فهي اولا طاهرة ثم مسالمة مترفقة مذعنة مملوءة رحمة واثمارا صالحة عديمة الريب والرياء.
17Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонй осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.
18وثمر البر يزرع في السلام من الذين يفعلون السلام
18Ва самараи адолат дар осоиштагй кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.