1وكان انسان مريضا وهو لعارز من بيت عنيا من قرية مريم ومرثا اختها.
1ШАХСЕ Лаъзор ном бемор буд аз аҳли Байт-Ҳинй, ки деҳаи Марьям ва хоҳараш Марто буд.
2وكانت مريم التي كان لعازر اخوها مريضا هي التي دهنت الرب بطيب ومسحت رجليه بشعرها.
2Марьям ҳамон буд, ки Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин карда, пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; Лаъзори бемор бародари вай буд.
3فارسلت الاختان اليه قائلتين يا سيد هوذا الذي تحبه مريض
3Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Худовандо! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст».
4فلما سمع يسوع قال هذا المرض ليس للموت بل لاجل مجد الله ليتمجد ابن الله به.
4Чун Исо шунид, гуфт: «Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад».
5وكان يسوع يحب مرثا واختها ولعازر.
5Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт.
6فلما سمع انه مريض مكث حينئذ في الموضع الذي كان فيه يومين.
6Чун шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд.
7ثم بعد ذلك قال لتلاميذه لنذهب الى اليهودية ايضا.
7Пас аз он ба шогирдонаш гуфт: «Боз ба Яҳудо биравем».
8قال له التلاميذ يا معلّم الآن كان اليهود يطلبون ان يرجموك وتذهب ايضا الى هناك.
8Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «ЭйӮстод! Бисьёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳй боз ба он ҷо биравӣ?»
9اجاب يسوع أليست ساعات النهار اثنتي عشرة. ان كان احد يمشي في النهار لا يعثر لانه ينظر نور هذا العالم.
9Исо ҷавоб дод: «Оё рӯз дувоздах соат нест?.Касе ки рӯзона роҳ меравад» пешпо намехӯрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад;
10ولكن ان كان احد يمشي في الليل يعثر لان النور ليس فيه.
10«Лекин касе ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки дар вай нур нест».
11قال هذا وبعد ذلك قال لهم. لعازر حبيبنا قد نام. لكني اذهب لأوقظه.
11Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам».
12فقال تلاميذه يا سيد ان كان قد نام فهو يشفى.
12Шогирдонаш гуфтанд: «Худовандо! Агар хуфта бошад, шифо, ҳоҳад сфт».
13وكان يسوع يقول عن موته. وهم ظنوا انه يقول عن رقاد النوم.
13Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекии онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби муқаррарй сухан меронад.
14فقال لهم يسوع حينئذ علانية لعازر مات.
14Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт: «Лаъзор мурдааст;
15وانا افرح لاجلكم اني لم اكن هناك لتؤمنوا. ولكن لنذهب اليه.
15«Ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред; вале акнун назди вай биравем».
16فقال توما الذي يقال له التوأم للتلاميذ رفقائه لنذهب نحن ايضا لكي نموت معه
16Тумо, ки Экизак номида мешуд, ба шогирдон гуфт: «Биёед мо ҳам биравем, то ки бо Ӯ бимирем».
17فلما أتى يسوع وجد انه قد صار له اربعة ايام في القبر.
17Чун Исо омад, фаҳмид, ки вай чор рӯз боз дар қабр мебошад.
18وكانت بيت عنيا قريبة من اورشليم نحو خمس عشرة غلوة.
18Байт-Ҳинӣ дар наздикии Ерусалим, ба масофаи тақрибан понздаҳ стадия воқеъ буд,
19وكان كثيرون من اليهود قد جاءوا الى مرثا ومريم ليعزوهما عن اخيهما.
19Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд.
20فلما سمعت مرثا ان يسوع آت لاقته. واما مريم فاستمرت جالسة في البيت.
20Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ӯ берун рафт; лекин Марьям дар хона монд.
21فقالت مرثا ليسوع يا سيد لو كنت ههنا لم يمت اخي.
21Марто ба Исо гуфт: «Худовандо! Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд.
22لكني الآن ايضا اعلم ان كل ما تطلب من الله يعطيك الله اياه.
22«Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод».
23قال لها يسوع سيقوم اخوك.
23Исо ба вай гуфт: «Бародари ту эҳьё хоҳад шуд».
24قالت له مرثا انا اعلم انه سيقوم في القيامة في اليوم الاخير.
24Марто ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳад шуд».
25قال لها يسوع انا هو القيامة والحياة. من آمن بي ولو مات فسيحيا.
25Исо ба вай гуфт: «Ман киёмат ва ҳает ҳастам; ҳар кй ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд;
26وكل من كان حيّا وآمن بي فلن يموت الى الابد. أتؤمنين بهذا.
26«Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад наҳоҳад мурд. Оё ба ин имон дорй?»
27قالت له نعم يا سيد. انا قد آمنت انك انت المسيح ابن الله الآتي الى العالم
27Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд».
28ولما قالت هذا مضت ودعت مريم اختها سرّا قائلة المعلّم قد حضر وهو يدعوك.
28Чун инро гуфт, рафта ҳоҳари худ Марьямро пинҳонӣ ҳонд ва гуфт: «Ӯстод ин ҷост ва туро металабад».
29اما تلك فلما سمعت قامت سريعا وجاءت اليه.
29Инро пгунида, вай зуд барҳост ва назди Ӯ омад.
30ولم يكن يسوع قد جاء الى القرية بل كان في المكان الذي لاقته فيه مرثا.
30Исо ҳанӯз ба деҳа ворид нашуда буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ӯро пешвоз гирифт.
31ثم ان اليهود الذين كانوا معها في البيت يعزونها لما رأوا مريم قامت عاجلا وخرجت تبعوها قائلين انها تذهب الى القبر لتبكي هناك.
31Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марьям зуд бархоста, берун рафт, аз паи паЙ равона шуданд, ба гумони он ки ба сари қабр меравад, то ки дар он ҷо гирья кунад.
32فمريم لما أتت الى حيث كان يسوع ورأته خرّت عند رجليه قائلة له يا سيد لو كنت ههنا لم يمت اخي.
32Чун Марьям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ӯро дида, ба пойҳои Ӯ афтод ва гуфт: «Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33فلما رآها يسوع تبكي واليهود الذين جاءوا معها يبكون انزعج بالروح واضطرب
33Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирьён дид, аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд,
34وقال اين وضعتموه. قالوا له يا سيد تعال وانظر.
34Ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Бие ва бубин».
35بكى يسوع.
35Исо гирья кард.
36فقال اليهود انظروا كيف كان يحبه.
36Яҳудиён гуфтанд: «Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!»
37وقال بعض منهم ألم يقدر هذا الذي فتح عيني الاعمى ان يجعل هذا ايضا لا يموت
37Баъзе аз онҳо гуфтанд «Оё Ин Шахс, ки чашмоникӯрро боз кард, наметавонист амале бикунад, то ки ин ҳам намирад?»
38فانزعج يسوع ايضا في نفسه وجاء الى القبر. وكان مغارة وقد وضع عليه حجر.
38Исо, дар ҳолате ки аз дил оҳ мекашид, ба сари қабр омад; ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳанаш гузошта буданд.
39قال يسوع ارفعوا الحجر. قالت له مرثا اخت الميت يا سيد قد انتن لان له اربعة ايام.
39Исо гуфт: «Сангро бардоред». Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Аллакай бадбуй шудааст; зеро ки чор рӯз боз дар ин ҷост».
40قال لها يسوع ألم اقل لك ان آمنت ترين مجد الله.
40Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварй, ҷалоли Худоро хоҳй дид?»
41فرفعوا الحجر حيث كان الميت موضوعا ورفع يسوع عينيه الى فوق وقال ايها الآب اشكرك لانك سمعت لي.
41Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ;
42وانا علمت انك في كل حين تسمع لي. ولكن لاجل هذا الجمع الواقف قلت. ليؤمنوا انك ارسلتني.
42«Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ».
43ولما قال هذا صرخ بصوت عظيم لعازر هلم خارجا.
43Чун инро гуфт,бо овози баланд нидо кард: «Эй Лаъзор, берун о!»
44فخرج الميت ويداه ورجلاه مربوطات باقمطة ووجهه ملفوف بمنديل. فقال لهم يسوع حلّوه ودعوه يذهب
44Ва мурда, ки дастҳо ва поҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва бигзоред биравад».
45فكثيرون من اليهود الذين جاءوا الى مريم ونظروا ما فعل يسوع آمنوا به.
45Бисьёре аз яҳудиён, ки бо Марьям омада буданд, чун амали Исоро диданд,ба Ӯ имон оварданд;
46واما قوم منهم فمضوا الى الفريسيين وقالوا لهم عما فعل يسوع.
46Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд.
47فجمع رؤساء الكهنة والفريسيون مجمعا وقالوا ماذا نصنع فان هذا الانسان يعمل آيات كثيرة.
47Саркохинон ва фарисиен дар шӯрои пирон ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шаҳс мӯъҷизоти зиёде нишон медиҳад;
48ان تركناه هكذا يؤمن الجميع به فيأتي الرومانيون ويأخذون موضعنا وامّتنا.
48«Агар Ӯро чунин вогузорем, ҳама ба Ӯ имон хоҳанд овард, ва румиён омада, кишвар ва қавми моро хоҳанд гирифт».
49فقال لهم واحد منهم. وهو قيافا. كان رئيسا للكهنة في تلك السنة. انتم لستم تعرفون شيئا.
49Яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо чизе намедонед,
50ولا تفكرون انه خير لنا ان يموت انسان واحد عن الشعب ولا تهلك الامة كلها.
50«Ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас ба хотири қавм бимирад, ва тамоми қавм нобуд нашавад».
51ولم يقل هذا من نفسه بل اذ كان رئيسا للكهنة في تلك السنة تنبأ ان يسوع مزمع ان يموت عن الامّة.
51Лекин вай инро аз ҳуд нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, нубувват кард, ки Исо бояд.барои қавм бимирад,
52وليس عن الامة فقط بل ليجمع ابناء الله المتفرقين الى واحد
52Ва на танҳо барои қавм, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад.
53فمن ذلك اليوم تشاوروا ليقتلوه.
53Аз ҳамон рӯз маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки Ӯро бикушанд.
54فلم يكن يسوع ايضا يمشي بين اليهود علانية بل مضى من هناك الى الكورة القريبة من البرية الى مدينة يقال لها افرايم ومكث هناك مع تلاميذه.
54Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиен ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба мавзее ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд.
55وكان فصح اليهود قريبا. فصعد كثيرون من الكور الى اورشليم قبل الفصح ليطهروا انفسهم.
55Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд.
56فكانوا يطلبون يسوع ويقولون فيما بينهم وهم واقفون في الهيكل ماذا تظنون. هل هو لا يأتي الى العيد.
56Ва онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданд ва дар маъбад истода, ба якдигар мегуфтанд: «Фикри шумо чист? Оё Ӯ ба ид намеояд?»
57وكان ايضا رؤساء الكهنة والفريسيون قد اصدروا امرا انه ان عرف احد اين هو فليدل عليه لكي يمسكوه
57Лекин саркоҳинон ва фарисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад, ки Ӯ куҷост, бояд хабар диҳад, то ки Ӯро дастгир кунанд.