1وفيما هو مجتاز رأى انسانا اعمى منذ ولادته.
1ВА ЧӮН мерафт, як кӯри модарзодро дид.
2فسأله تلاميذه قائلين يا معلّم من اخطأ هذا أم ابواه حتى ولد اعمى.
2Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсида, гуфтанд:«ЭйӮстод! Кӣ гуноҳ кард: ин одамёпадарумодараш, кипайкӯрзоидашуд?»
3اجاب يسوع لا هذا اخطأ ولا ابواه لكن لتظهر اعمال الله فيه.
3Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад;
4ينبغي ان اعمل اعمال الذي ارسلني ما دام نهار. يأتي ليل حين لا يستطيع احد ان يعمل.
4«То вакте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;
5ما دمت في العالم فانا نور العالم
5«То вакте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам».
6قال هذا وتفل على الارض وصنع من التفل طينا وطلى بالطين عيني الاعمى.
6Инро гуфта, оби даҳан бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро ба чашмони кӯр молид,
7وقال له اذهب اغتسل في بركة سلوام. الذي تفسيره مرسل. فمضى واغتسل وأتى بصيرا
7Ва ба вай гуфт: «Бирав ва дар ҳавзи Шнлӯаҳ, ки маънояш "Фиристода" мебошад, худро бишӯи». Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда, омад.
8فالجيران والذين كانوا يرونه قبلا انه كان اعمى قالوا أليس هذا هو الذي كان يجلس ويستعطي.
8Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?»
9آخرون قالوا هذا هو. وآخرون انه يشبهه. واما هو فقال اني انا هو.
9Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва баъзе гуфтанд: «Фақат ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам».
10فقالوا له كيف انفتحت عيناك.
10Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?»
11اجاب ذاك وقال. انسان يقال له يسوع صنع طينا وطلى عينيّ وقال لي اذهب الى بركة سلوام واغتسل. فمضيت واغتسلت فابصرت.
11Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: "Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ худро бишӯй". Ман рафта, худро шустам ва бино шудам».
12فقالوا له اين ذاك. قال لا اعلم
12Ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам».
13فأتوا الى الفريسيين بالذي كان قبلا اعمى.
13Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
14وكان سبت حين صنع يسوع الطين وفتح عينيه.
14Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рӯзи шанбе буд.
15فسأله الفريسيون ايضا كيف ابصر. فقال لهم وضع طينا على عينيّ واغتسلت فانا أبصر.
15Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гуэошт, ва ман худро шуста, бино шудам».
16فقال قوم من الفريسيين هذا الانسان ليس من الله لانه لا يحفظ السبت. آخرون قالوا كيف يقدر انسان خاطئ ان يعمل مثل هذه الآيات. وكان بينهم انشقاق.
16Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шакберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чй тавр як шахси гуноҳкор чунин мӯъҷизот нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод.
17قالوا ايضا للاعمى ماذا تقول انت عنه من حيث انه فتح عينيك. فقال انه نبي.
17Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чй мегӯӣ?» Гуфг: «Пайғамбар аст».
18فلم يصدق اليهود عنه انه كان اعمى فأبصر حتى دعوا ابوي الذي ابصر.
18Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда,
19فسألوهما قائلين أهذا ابنكما الذي تقولان انه ولد اعمى. فكيف يبصر الآن.
19Аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чй тавр вай алҳол бино шудааст?»
20اجابهم ابواه وقالا نعلم ان هذا ابننا وانه ولد اعمى.
20Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст;
21واما كيف يبصر الآن فلا نعلم. او من فتح عينيه فلا نعلم. هو كامل السن. اسألوه فهو يتكلم عن نفسه.
21«Лекин алҳол чӣ тавр бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кй воз кардааст, намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад».
22قال ابواه هذا لانهما كانا يخافان من اليهود. لان اليهود كانوا قد تعاهدوا انه ان اعترف احد بانه المسيح يخرج من المجمع.
22Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиен метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро чун Масеҳ эьтироф намояд, аз куништ биронанд;
23لذلك قال أبواه انه كامل السن اسألوه
23Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки#вай болиғ аст, аз худаш пурсед».
24فدعوا ثانية الانسان الذي كان اعمى وقالوا له اعطي مجدا لله. نحن نعلم ان هذا الانسان خاطئ.
24Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст».
25فاجاب ذاك وقال أخاطئ هو. لست اعلم. انما اعلم شيئا واحدا. اني كنت اعمى والآن ابصر.
25Дар ҷавобашон гуфт: «Оё гуноҳкор аст ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва ҳоло бино ҳастам».
26فقالوا له ايضا ماذا صنع بك. كيف فتح عينيك.
26Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чй тавр чашмони туро воз кард?»
27اجابهم قد قلت لكم ولم تسمعوا. لماذا تريدون ان تسمعوا ايضا ألعلكم انتم تريدون ان تصيروا له تلاميذ.
27Ба онҳо ҷавоб дод: «Аллакай ба шумо гуфтам, ва гӯш надодед: чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ӯ шавед?»
28فشتموه وقالوا انت تلميذ ذاك. واما نحن فاننا تلاميذ موسى.
28Вайро мазаммат намуда, гуфганд: «Ту шогирди Ӯ ҳастй, мо шогирдони Мусоем;
29نحن نعلم ان موسى كلمه الله. واما هذا فما نعلم من اين هو.
29«Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем аз куҷост».
30اجاب الرجل وقال لهم ان في هذا عجبا انكم لستم تعلمون من اين هو وقد فتح عينيّ.
30Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард.
31ونعلم ان الله لا يسمع للخطاة. ولكن ان كان احد يتقي الله ويفعل مشيئته فلهذا يسمع.
31«Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;
32منذ الدهر لم يسمع ان احدا فتح عيني مولود اعمى.
32«Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад;
33لو لم يكن هذا من الله لم يقدر ان يفعل شيئا.
33«Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист».
34اجابوا وقالوا له في الخطايا ولدت انت بجملتك وانت تعلّمنا. فاخرجوه خارجا
34Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд.
35فسمع يسوع انهم اخرجوه خارجا فوجده وقال له أتؤمن بابن الله.
35Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Одам имон дорӣ?»
36اجاب ذاك وقال من هو يا سيد لأومن به.
36Дар ҷавоб гуфт: «Эй ого, Ӯ кист,то ки ба Ӯимон оварам?»
37فقال له يسوع قد رأيته والذي يتكلم معك هو هو.
37Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад».
38فقال أومن يا سيد. وسجد له
38Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва баӮсаҷда кард.
39فقال يسوع لدينونة أتيت انا الى هذا العالم حتى يبصر الذين لا يبصرون ويعمى الذين يبصرون.
39Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд».
40فسمع هذا الذين كانوا معه من الفريسيين وقالوا له ألعلنا نحن ايضا عميان.
40Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Наход ки мо ҳам кӯр бошем?»
41قال لهم يسوع لو كنتم عميانا لما كانت لكم خطية. ولكن الآن تقولون اننا نبصر فخطيتكم باقية
41Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонадк