الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Luke

4

1اما يسوع فرجع من الاردن ممتلئا من الروح القدس وكان يقتاد بالروح في البرية
1ВА Исои пур аз Рӯҳулқудс аз Ӯрдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд,
2اربعين يوما يجرّب من ابليس. ولم ياكل شيئا في تلك الايام ولما تمت جاع اخيرا.
2Ва чиҳил рӯз Ӯро иблис меозмуд, ва дар он рӯзҳо Ӯ чизе нахӯрд; ва баъд аз тамом шудани онҳо гурусна монд.
3وقال له ابليس ان كنت ابن الله فقل لهذا الحجر ان يصير خبزا.
3Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошй, ба ин санг бигӯй, ки нон шавад».
4فاجابه يسوع قائلا مكتوب ان ليس بالخبز وحده يحيا الانسان بل بكل كلمة من الله.
4Исо ба вай ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо».
5ثم اصعده ابليس الى جبل عال وأراه جميع ممالك المسكونة في لحظة من الزمان.
5Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод,
6وقال له ابليس لك اعطي هذا السلطان كله ومجدهنّ لانه اليّ قد دفع وانا اعطيه لمن اريد.
6Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам;
7فان سجدت امامي يكون لك الجميع.
7«Пас, агар Ту ба ман саҷда кунй, ҳамааш аз они Ту мешавад».
8فاجابه يسوع وقال اذهب يا شيطان انه مكتوب للرب الهك تسجد واياه وحده تعبد.
8Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки: "Ба Худованд Худои худ сачда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо"».
9ثم جاء به الى اورشليم واقامه على جناح الهيكل وقال له ان كنت ابن الله فاطرح نفسك من هنا الى اسفل.
9Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбадгузошт, ва ба Ӯгуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;
10لانه مكتوب انه يوصي ملائكته بك لكي يحفظوك.
10«3еро ки навишта шудааст: "Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорй кунанд;
11وانهم على اياديهم يحملونك لكي لا تصدم بحجر رجلك.
11«Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанй"».
12فاجاب يسوع وقال له انه قيل لا تجرب الرب الهك.
12Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст, ки: "Худованд Худои худро наозмой"».
13ولما اكمل ابليس كل تجربة فارقه الى حين
13Ва иблис тамоми озмоишро ба итмом расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд.
14ورجع يسوع بقوة الروح الى الجليل وخرج خبر عنه في جميع الكورة المحيطة.
14Ва Исо бо қуввати рӯҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ӯ дар тамоми кишвар паҳн шуд.
15وكان يعلّم في مجامعهم ممجدا من الجميع
15Ва Ӯ дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ӯро ситоиш мекарданд.
16وجاء الى الناصرة حيث كان قد تربى. ودخل المجمع حسب عادته يوم السبت وقام ليقرأ.
16Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбият ёфта буд, омад ва, аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост.
17فدفع اليه سفر اشعياء النبي. ولما فتح السفر وجد الموضع الذي كان مكتوبا فيه
17Ба Ӯ китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
18روح الرب عليّ لانه مسحني لابشر المساكين ارسلني لاشفي المنكسري القلوب لانادي للمأسورين بالاطلاق وللعمي بالبصر وارسل المنسحقين في الحرية
18"Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам.
19واكرز بسنة الرب المقبولة.
19"Ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям".
20ثم طوى السفر وسلمه الى الخادم وجلس. وجميع الذين في المجمع كانت عيونهم شاخصة اليه.
20Ва китобро пӯшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ӯ дӯхта шуда буд.
21فابتدأ يقول لهم انه اليوم قد تم هذا المكتوب في مسامعكم.
21Ва Ӯ ба сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт: «Имрӯз ин навищта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст».
22وكان الجميع يشهدون له ويتعجبون من كلمات النعمة الخارجة من فمه ويقولون أليس هذا ابن يوسف.
22Ва ҳама ба Ӯ шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ гшсари Юсуф нест?»
23فقال لهم. على كل حال تقولون لي هذا المثل ايها الطبيب اشفي نفسك. كم سمعنا انه جرى في كفر ناحوم فافعل ذلك هنا ايضا في وطنك.
23Ба онҳо гуфт: «Албатта, щумо ба Ман ин мақолро хоҳед гуфт: "Эйтабиб! Худатро шифобидеҳ; ҳарончишунидаем, ки дар Кафарнаҳум воқеъ шудааст, ин ҷо низ, дар ватани Худ бикун"».
24وقال الحق اقول لكم انه ليس نبي مقبولا في وطنه.
24Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар зодгоҳи худ мақбул нест.
25وبالحق اقول لكم ان ارامل كثيرة كنّ في اسرائيل في ايام ايليا حين أغلقت السماء مدة ثلاث سنين وستة اشهر لما كان جوع عظيم في الارض كلها.
25«Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисьёр бевазанон дар Исроил дар айёми Ильёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста щуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин қаҳтии сахте рӯй дод,
26ولم يرسل ايليا الى واحدة منها الا الى امرأة ارملة الى صرفة صيدا.
26«Вале Ильёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки фақат назди бевазане ба Сорфатои Сидӯн;
27وبرص كثيرون كانوا في اسرائيل في زمان اليشع النبي ولم يطهر واحد منهم الا نعمان السرياني.
27«Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнй».
28فامتلأ غضبا جميع الذين في المجمع حين سمعوا هذا.
28Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд,
29فقاموا واخرجوه خارج المدينة وجاءوا به الى حافة الجبل الذي كانت مدينتهم مبنية عليه حتى يطرحوه الى اسفل.
29Ва бархоста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд;
30اما هو فجاز في وسطهم ومضى
30Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт.
31وانحدر الى كفرناحوم مدينة من الجليل. وكان يعلّمهم في السبوت.
31Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод.
32فبهتوا من تعليمه لان كلامه كان بسلطان.
32Ва онҳо аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки каломи Ӯ боқудрат буд.
33وكان في المجمع رجل به روح شيطان نجس فصرخ بصوت عظيم
33Дар куништ касе буд, ки рӯҳи деви палид дошт, ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:
34قائلا آه ما لنا ولك يا يسوع الناصري. أتيت لتهلكنا. انا اعرفك من انت قدوس الله.
34«Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Куддуси Худо!»
35فانتهره يسوع قائلا اخرس واخرج منه فصرعه الشيطان في الوسط وخرج منه ولم يضره شيئا.
35Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» Ва дев ӯро дар миёна афтонда, аз ӯ берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонд.
36فوقعت دهشة على الجميع وكانوا يخاطبون بعضهم بعضا قائلين ما هذه الكلمة. لانه بسلطان وقوة يامر الارواح النجسة فتخرج.
36Хдма ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо қудрат ва қувват ба арвоҳи палқц амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?»
37وخرج صيت عنه الى كل موضع في الكورة المحيطة
37Ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
38ولما قام من المجمع دخل بيت سمعان. وكانت حماة سمعان قد اخذتها حمّى شديدة. فسألوه من اجلها.
38Ӯ аз куништ баромада, ба хонаи Шимъӯн омад; модарарӯси Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд; ва дар хусуси вай аз Ӯ илтимос карданд.
39فوقف فوقها وانتهر الحمّى فتركتها وفي الحال قامت وصارت تخدمهم.
39Ва Ӯ наздики вай омада, табларзаро манъ кард; ва он нест шуд. Вай дарҳол бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.
40وعند غروب الشمس جميع الذين كان عندهم سقماء بامراض مختلفة قدموهم اليه فوضع يديه على كل واحد منهم وشفاهم.
40Дар вақти фурӯ рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори касалиҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод.
41وكانت شياطين ايضا تخرج من كثيرين وهي تصرخ وتقول انت المسيح ابن الله. فانتهرهم ولم يدعهم يتكلمون لانهم عرفوه انه المسيح
41Девҳо низ аз бисьёр касон берун омада, бо фарьёд мегуфтанд: «Ту Масеҳ Писари Худо ҳастй». Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.
42ولما صار النهار خرج وذهب الى موضع خلاء وكان الجموع يفتشون عليه فجاءوا اليه وامسكوه لئلا يذهب عنهم.
42Чун субҳ дамид, Ӯ берун омада, бахилватгоҳе рафт, вале мардум Ӯро кофта ёфтанд ва назди Ӯ омаданд, ва Ӯро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад.
43فقال لهم انه يبنغي لي ان ابشر المدن الأخر ايضا بملكوت الله لاني لهذا قد أرسلت.
43Ба онҳо гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам».
44فكان يكرز في مجامع الجليل
44Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.