1وعلى اثر ذلك كان يسير في مدينة وقرية يكرز ويبشر بملكوت الله ومعه الاثنا عشر
1БАЪД аз ин Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод, ва бо Ӯ он дувоздаҳ буданд,
2وبعض النساء كنّ قد شفين من ارواح شريرة وامراض. مريم التي تدعى المجدلية التي خرج منها سبعة شياطين
2Ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ӯ аз арвоҳи палид ва касалиҳо шифо дода буд: Марьям, ки Маҷдалия номида мешуд, ва аз вай ҳафт дев берун рафта буд,
3ويونّا امرأة خوزي وكيل هيرودس وسوسنة وأخر كثيرات كنّ يخدمنه من اموالهنّ
3Ва Юҳона, ҳамсари Кузо, ки девонбегии Ҳиродус буд, ва Сусан, ва бисьёри дигарон, ки бо дороии худ ба Ӯ хизмат мекарданд.
4فلما اجتمع جمع كثير ايضا من الذين جاءوا اليه من كل مدينة قال بمثل
4Вақте ки мардуми бисьёре ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ӯ омадан гирифтанд, Ӯ масале оварда, гуфт:
5خرج الزارع ليزرع زرعه. وفيما هو يزرع سقط بعض على الطريق فانداس واكلته طيور السماء.
5«Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва мурғони ҳаво онро хӯрданд;
6وسقط آخر على الصخر فلما نبت جف لانه لم تكن له رطوبة.
6«Қадаре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки рутубате набуд;
7وسقط آخر في وسط الشوك. فنبت معه الشوك وخنقه.
7«Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд;
8وسقط آخر في الارض الصالحة فلما نبت صنع ثمرا مئة ضعف. قال هذا ونادى من له اذنان للسمع فليسمع
8«Кадаре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард». Инро гуфта, нидо кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
9فسأله تلاميذه قائلين ما عسى ان يكون هذا المثل.
9Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Маънои ин масал чист?»
10فقال. لكم قد أعطي ان تعرفوا اسرار ملكوت الله. واما للباقين فبامثال حتى انهم مبصرين لا يبصرون وسامعين لا يفهمون.
10Гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, ба тавре ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намефаҳманд.
11وهذا هو المثل. الزرع هو كلام الله.
11«Чшак маънои ин масал: тухм каломи Худост.
12والذين على الطريق هم الذين يسمعون ثم يأتي ابليس وينزع الكلمة من قلوبهم لئلا يؤمنوا فيخلصوا.
12«Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд;
13والذين على الصخر هم الذين متى سمعوا يقبلون الكلمة بفرح. وهؤلاء ليس لهم اصل فيؤمنون الى حين وفي وقت التجربة يرتدون.
13«Афтода бар сашлох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, бо шодӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вакти озмоиш ақиб мераванд;
14والذي سقط بين الشوك هم الذين يسمعون ثم يذهبون فيختنقون من هموم الحياة وغناها ولذّاتها ولا ينضجون ثمرا.
14«Афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале андешаҳо, сарват ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад, ва онҳо самаре намеоваранд;
15والذي في الارض الجيدة هو الذين يسمعون الكلمة فيحفظونها في قلب جيد صالح ويثمرون بالصبر
15«Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дшщ нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.
16وليس احد يوقد سراجا ويغطيه باناء او يضعه تحت سرير بل يضعه على منارة لينظر الداخلون النور.
16«Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепӯшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рӯшноиро бубинад.
17لانه ليس خفي لا يظهر ولا مكتوم لا يعلم ويعلن.
17«Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки маълум ва зоҳир нашавад.
18فانظروا كيف تسمعون. لان من له سيعطى. ومن ليس له فالذي يظنه له يؤخذ منه
18«Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ тавр мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта шавад».
19وجاء اليه امه واخوته. ولم يقدروا ان يصلوا اليه لسبب الجمع.
19Ва модар ва бародаронаш назди Ӯ омаданд, вале ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд.
20فاخبروه قائلين امك واخوتك واقفون خارجا يريدون ان يروك.
20Ва ба Ӯ хабар дода, гуфтанд: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бубинанд».
21فاجاب وقال لهم امي واخوتي هم الذين يسمعون كلمة الله ويعملون بها
21Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд».
22وفي احد الايام دخل سفينة هو وتلاميذه. فقال لهم لنعبر الى عبر البحيرة. فاقلعوا.
22Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба қаиқ савор шуд ва ба онҳо гуфт: «Ба он канори кӯл мегузарем». Ва қаиқро ронданд.
23وفيما هم سائرون نام. فنزل نوء ريح في البحيرة. وكانوا يمتلئون ماء وصاروا في خطر.
23Дар аснои роҳ Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоди шадиде бар кӯл бархост, ва қаиқи онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд.
24فتقدموا وايقظوه قائلين يا معلّم يا معلّم اننا نهلك. فقام وانتهر الريح وتموّج الماء فانتهيا وصار هدوء.
24Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Ӯстод! Ӯстод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархоста, бод ва ғалаёни обро манъ кард, ва онҳо қатъ гардиданд, ва оромӣ барқарор шуд.
25ثم قال لهم اين ايمانكم. فخافوا وتعجبوا قائلين فيما بينهم من هو هذا. فانه يأمر الرياح ايضا والماء فتطيعه
25Ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Онҳо бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ба бодҳо ва об низ амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
26وساروا الى كورة الجدريين التي هي مقابل الجليل.
26Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд.
27ولما خرج الى الارض استقبله رجل من المدينة كان فيه شياطين منذ زمان طويل وكان لا يلبس ثوبا ولا يقيم في بيت بل في القبور.
27Вақте ки Ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори девҳо буд, дер вақт боз либосе намепӯшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагй мекард.
28فلما رأى يسوع صرخ وخرّ له وقال بصوت عظيم ما لي ولك يا يسوع ابن الله العلي. اطلب منك ان لا تعذبني.
28Ҳамин ки Исоро дид, фарьед зада, пеши Ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Туробоман чӣ кораст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!»
29لانه امر الروح النجس ان يخرج من الانسان. لانه منذ زمان كثير كان يخطفه. وقد ربط بسلاسل وقيود محروسا. وكان يقطع الربط ويساق من الشيطان الى البراري.
29Зеро Ӯ ба рӯҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад; чунки вай муддати дуру дарозе ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирхо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард, ва дев ӯро ба биёбонҳо меронд.
30فسأله يسوع قائلا ما اسمك. فقال لجئون. لان شياطين كثيرة دخلت فيه.
30Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Гуфт: «Легион», ҷунки девҳои бисьёр ба дарунаш даромада буданд.
31وطلب اليه ان لا يأمرهم بالذهاب الى الهاوية.
31Ва онҳоазӮ илтимоскарданд, ки онҳоро амр фармуда ба ҳовия нафиристад.
32وكان هناك قطيع خنازير كثيرة ترعى في الجبل. فطلبوا اليه ان يأذن لهم بالدخول فيها. فأذن لهم.
32Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ӯ ба онҳо иҷозат дод.
33فخرجت الشياطين من الانسان ودخلت في الخنازير. فاندفع القطيع من على الجرف الى البحيرة واختنق.
33Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва ғарқ шуд.
34فلما رأى الرعاة ما كان هربوا وذهبوا واخبروا في المدينة وفي الضياع.
34Хукбонон ин вокеаро дида, давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот нақл карданд.
35فخرجوا ليروا ما جرى. وجاءوا الى يسوع فوجدوا الانسان الذي كانت الشياطين قد خرجت منه لابسا وعاقلا جالسا عند قدمي يسوع فخافوا.
35Мардум барои дидани воқеа берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва ҳаросон шуданд.
36فاخبرهم ايضا الذين رأوا كيف خلص المجنون.
36Ва касоне ки воқеаро дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девона чй гуна шифо ёфт.
37فطلب اليه كل جمهور كورة الجدريين ان يذهب عنهم. لانه اعتراهم خوف عظيم. فدخل السفينة ورجع.
37Ва тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Ӯ илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарсу ҳароси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ӯ ба қаиқ савор шуда, баргашт.
38اما الرجل الذي خرجت منه الشياطين فطلب اليه ان يكون معه ولكن يسوع صرفه قائلا
38Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ӯ илтимос кард, ки бо Ӯ бошад. Лекин Ӯ вайро ба хонааш фиристода, гуфт:
39ارجع الى بيتك وحدث بكم صنع الله بك. فمضى وهو ينادي في المدينة كلها بكم صنع به يسوع
39«Ба ҳонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо». Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза намуд.
40ولما رجع يسوع قبله الجمع لانهم كانوا جميعهم ينتظرونه.
40Вақте ки Исо баргашт, мардум Ӯро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ӯ буданд.
41واذا رجل اسمه يايروس قد جاء. وكان رئيس المجمع. فوقع عند قدمي يسوع وطلب اليه ان يدخل بيته.
41Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд.
42لانه كان له بنت وحيدة لها نحو اثنتي عشرة سنة وكانت في حال الموت. ففيما هو منطلق زحمته الجموع
42Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, ба ҳолати назъ расида буд. Вақте ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд.
43وامرأة بنزف دم منذ اثنتي عشرة سنة وقد انفقت كل معيشتها للاطباء ولم تقدر ان تشفى من احد
43Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравй буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, -
44جاءت من ورائه ولمست هدب ثوبه. ففي الحال وقف نزف دمها.
44Аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд, ва дарҳол хунравии вай қатъ шуд.
45فقال يسوع من الذي لمسني. واذ كان الجميع ينكرون قال بطرس والذين معه يا معلّم الجموع يضيّقون عليك ويزحمونك وتقول من الذي لمسني.
45Ва Исо гуфт: «Кист, ки Маро ламс кард?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Ӯстод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, - ва Ту мегӯӣ: "Кист, ки Маро ламс кард?"»
46فقال يسوع قد لمسني واحد لاني علمت ان قوة قد خرجت مني.
46Аммо Исо гуфт: «Касе Маро ламс кардааст; зеро Ман ҳис кардам, ки куввате аз Ман берун рафт».
47فلما رأت المرأة انها لم تختف جاءت مرتعدة وخرّت له واخبرته قدام جميع الشعب لاي سبب لمسته وكيف برئت في الحال.
47Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва дар хузури тамоми мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб Ӯро ламс намуд, ва чй гуна дарҳол шифо ёфт.
48فقال لها ثقي يا ابنة. ايمانك قد شفاك. اذهبي بسلام
48Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав».
49وبينما هو يتكلم جاء واحد من دار رئيس المجمع قائلا له قد ماتت ابنتك. لا تتعب المعلّم.
49Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардорн куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Ӯстодро дигар ташвиш надеҳ».
50فسمع يسوع واجابه قائلا لا تخف. آمن فقط فهي تشفى.
50Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, фақат имон овар, ва ӯ наҷот хоҳад ёфт».
51فلما جاء الى البيت لم يدع احدا يدخل الا بطرس ويعقوب ويوحنا وابا الصبيه وامها.
51Ва ҳангоме ки ба хона расид, ҷуз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд.
52وكان الجميع يبكون عليها ويلطمون. فقال لا تبكوا. لم تمت لكنها نائمة.
52Ҳама барои вай гирья ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гирья накунед; вай намурдааст, балки хуфтааст».
53فضحكوا عليه عارفين انها ماتت.
53Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст.
54فاخرج الجمع خارجا وامسك بيدها ونادى قائلا يا صبية قومي.
54Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй дуҳтар! Бархез».
55فرجعت روحها وقامت في الحال. فامر ان تعطى لتاكل.
55Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархост; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд.
56فبهت والداها. فاوصاهما ان لا يقولا لاحد عما كان
56Падару модари вай дар ҳайрат монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба ҳеҷ кас нақл накунанд.