الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Mark

13

1وفيما هو خارج من الهيكل قال له واحد من تلاميذه يا معلّم انظر ما هذه الحجارة وهذه الابنية.
1ЧӮН Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Бингар, чй навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!»
2فاجاب يسوع وقال له أتنظر هذه الابنية العظيمة. لا يترك حجر على حجر لا ينقض.
2Исо ба ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинй? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд».
3وفيما هو جالس على جبل الزيتون تجاه الهيكل سأله بطرس ويعقوب ويوحنا واندراوس على انفراد
3Ва чун Ӯ бар кӯҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳой аз Ӯ пурсиданд:
4قل لنا متى يكون هذا وما هي العلامة عندما يتم جميع هذا.
4«Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чй гуна аст?»
5فاجابهم يسوع وابتدأ يقول انظروا لا يضلكم احد.
5Он гоҳ Исо дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
6فان كثيرين سيأتون باسمي قائلين انا هو. ويضلون كثيرين.
6«Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёрро гумроҳ кунанд.
7فاذا سمعتم بحروب واخبار حروب فلا ترتاعوا. لانها لا بد ان تكون. ولكن ليس المنتهى بعد.
7«Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекинин ҳанӯз интиҳо нест.
8لانه تقوم امة على امة ومملكة على مملكة وتكون زلازل في اماكن وتكون مجاعات واضطرابات. هذه مبتدأ الاوجاع.
8«Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём ҳоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо руй ҳоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошӯбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост.
9فانظروا الى نفوسكم. لانهم سيسلمونكم الى مجالس وتجلدون في مجامع وتوقفون امام ولاة وملوك من اجلي شهادة لهم.
9«Лекин шумо ҳудро эҳтиёт кунед; зеро нгуморо ба маҳкамаҳо ҳоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна ҳоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад.
10وينبغي ان يكرز اولا بالانجيل في جميع الامم.
10«Ва Лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми ҳалқҳо мавъиза карда шавад.
11فمتى ساقوكم ليسلموكم فلا تعتنوا من قبل بما تتكلمون ولا تهتموا. بل مهما أعطيتم في تلك الساعة فبذلك تكلموا. لان لستم انتم المتكلمين بل الروح القدس.
11«Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро бигӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст.
12وسيسلم الاخ اخاه الى الموت والاب ولده. ويقوم الاولاد على والديهم ويقتلونهم.
12«Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; вафарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳэрд расонд.
13وتكونون مبغضين من الجميع من اجل اسمي. ولكن الذي يصبر الى المنتهى فهذا يخلص.
13«Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кй то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
14فمتى نظرتم رجسة الخراب التي قال عنها دانيال النبي قائمة حيث لا ينبغي. ليفهم القارئ. فحينئذ ليهرب الذين في اليهودية الى الجبال.
14«Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, - ҳар кӣ хонад, дарк кунад, - он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
15والذي على السطح فلا ينزل الى البيت ولا يدخل ليأخذ من بيته شيئا.
15«Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;
16والذي في الحقل فلا يرجع الى الوراء ليأخذ ثوبه.
16«Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
17وويل للحبالى والمرضعات في تلك الايام.
17«Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
18وصلّوا لكي لا يكون هربكم في شتاء.
18«Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад.
19لانه يكون في تلك الايام ضيق لم يكن مثله منذ ابتداء الخليقة التي خلقها الله الى الآن ولن يكون.
19«Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад нгуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд.
20ولو لم يقصّر الرب تلك الايام لم يخلص جسد. ولكن لاجل المختارين الذين اختارهم قصّر الايام.
20«Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст.
21حينئذ ان قال لكم احد هوذا المسيح هنا او هوذا هناك فلا تصدقوا.
21«Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: "Инак Масеҳ дар ин ҷост", ё "дар он ҷост", - бовар накунед.
22لانه سيقوم مسحاء كذبة وانبياء كذبة ويعطون آيات وعجائب لكي يضلوا لو امكن المختارين ايضا.
22«Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
23فانظروا انتم. ها انا قد سبقت واخبرتكم بكل شيء
23«Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
24واما في تلك الايام بعد ذلك الضيق فالشمس تظلم والقمر لا يعطي ضوءه.
24«Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии ҳудро надиҳад.
25ونجوم السماء تتساقط والقوات التي في السموات تتزعزع.
25«Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд.
26وحينئذ يبصرون ابن الانسان آتيا في سحاب بقوة كثيرة ومجد
26«Он гоҳ ГТисари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд.
27فيرسل حينئذ ملائكته ويجمع مختاريه من الاربع الرياح من اقصاء الارض الى اقصاء السماء.
27«Ва он гоҳ Ӯ фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аэ канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.
28فمن شجرة التين تعلّموا المثل. متى صار غصنها رخصا واخرجت اوراقا تعلمون ان الصيف قريب.
28«Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
29هكذا انتم ايضا متى رأيتم هذه الاشياء صائرة فاعلموا انه قريب على الابواب.
29«Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
30الحق اقول لكم لا يمضي هذا الجيل حتى يكون هذا كله.
30«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад игуд.
31السماء والارض تزولان ولكن كلامي لا يزول.
31«Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
32واما ذلك اليوم وتلك الساعة فلا يعلم بهما احد ولا الملائكة الذين في السماء ولا الابن الا الآب.
32«Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Ладар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар.
33انظروا. اسهروا وصلّوا لانكم لا تعلمون متى يكون الوقت.
33«Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
34كانما انسان مسافر ترك بيته واعطى عبيده السلطان ولكل واحد عمله واوصى البواب ان يسهر.
34«Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.
35اسهروا اذا. لانكم لا تعلمون متى يأتي رب البيت أمساء ام نصف الليل أم صياح الديك ام صباحا.
35«Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон;
36لئلا يأتي بغتة فيجدكم نياما.
36«Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.
37وما اقوله لكم اقوله للجميع اسهروا
37«Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: "Бедор бошед"».