1ثم دخل كفرناحوم ايضا بعد ايام فسمع انه في بيت.
1ПАС аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст.
2وللوقت اجتمع كثيرون حتى لم يعد يسع ولا ما حول الباب. فكان يخاطبهم بالكلمة.
2Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт.
3وجاءوا اليه مقدمين مفلوجا يحمله اربعة.
3Ва назди Ӯ бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;
4واذ لم يقدروا ان يقتربوا اليه من اجل الجمع كشفوا السقف حيث كان وبعدما نقبوه دلّوا السرير الذي كان المفلوج مضطجعا عليه.
4Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.
5فلما رأى يسوع ايمانهم قال للمفلوج يا بنيّ مغفورة لك خطاياك.
5Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».
6وكان قوم من الكتبة هناك جالسين يفكرون في قلوبهم
6Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,
7لماذا يتكلم هذا هكذا بتجاديف. من يقدر ان يغفر خطايا الا الله وحده.
7Ки « чаро Ӯ ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?»
8فللوقت شعر يسوع بروحه انهم يفكرون هكذا في انفسهم فقال لهم لماذا تفكرون بهذا في قلوبكم.
8Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?
9أيّما ايسر ان يقال للمفلوج مغفورة لك خطاياك. أم ان يقال قم واحمل سريرك وامش.
9«Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтани он ки "бархез, бистари худро бардор ва равона шав"?
10ولكن لكي تعلموا ان لابن الانسان سلطانا على الارض ان يغفر الخطايا. قال للمفلوج
10«Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», - ба мафлуҷ гуфт:
11لك اقول قم واحمل سريرك واذهب الى بيتك.
11«Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
12فقام للوقت وحمل السرير وخرج قدام الكل حتى بهت الجميع ومجّدوا الله قائلين ما رأينا مثل هذا قط.
12Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд: «Мисли инро ҳаргиз надидаем».
13ثم خرج ايضا الى البحر. وأتى اليه كل الجمع فعلّمهم.
13Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод.
14وفيما هو مجتاز رأى لاوي بن حلفى جالسا عند مكان الجباية. فقال له اتبعني. فقام وتبعه.
14Ҳангоми рафтанаш Левй ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.
15وفيما هو متكئ في بيته كان كثيرون من العشارين والخطاة يتكئون مع يسوع وتلاميذه لانهم كانوا كثيرين وتبعوه.
15Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд.
16واما الكتبة والفريسيون فلما رأوه يأكل مع العشارين والخطاة قالوا لتلاميذه ما باله يأكل ويشرب مع العشارين والخطاة.
16Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?»
17فلما سمع يسوع قال لهم. لا يحتاج الاصحاء الى طبيب بل المرضى. لم آت لادعو ابرارا بل خطاة الى التوبة.
17Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Маномадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
18وكان تلاميذ يوحنا والفريسيين يصومون. فجاءوا وقالوا له لماذا يصوم تلاميذ يوحنا والفريسيين واما تلاميذك فلا يصومون.
18Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медопгтанд. Ва назди Ӯ омада гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?»
19فقال لهم يسوع هل يستطيع بنو العرس ان يصوموا والعريس معهم. ما دام العريس معهم لا يستطيعون ان يصوموا.
19Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд;
20ولكن ستأتي ايام حين يرفع العريس عنهم فحينئذ يصومون في تلك الايام.
20«Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рӯза хоҳанд дошт.
21ليس احد يخيط رقعة من قطعة جديدة على ثوب عتيق وإلا فالملء الجديد ياخذ من العتيق فيصير الخرق اردأ.
21«Ҳеҷ кас ба ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.
22وليس احد يجعل خمرا جديدة في زقاق عتيقة لئلا تشق الخمر الجديدة الزقاق فالخمر تنصب والزقاق تتلف. بل يجعلون خمرا جديدة في زقاق جديدة
22«Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад; шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст».
23واجتاز في السبت بين الزروع. فابتدأ تلاميذه يقطفون السنابل وهم سائرون.
23Ва чунин воқеъ шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хӯшачинй сар карданд.
24فقال له الفريسيون. انظر. لماذا يفعلون في السبت ما لا يحل.
24Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Бубин, онҳо дар рӯзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?»
25فقال لهم أما قرأتم قط ما فعله داود حين احتاج وجاع هو والذين معه.
25Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёчмандй чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд?
26كيف دخل بيت الله في ايام ابيأثار رئيس الكهنة واكل خبز التقدمة الذي لا يحل اكله إلا للكهنة واعطى الذين كانوا معه ايضا.
26«Чӣ гуна вай дар айёми Абьётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?»
27ثم قال لهم السبت انما جعل لاجل الانسان لا الانسان لاجل السبت.
27Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе;
28اذا ابن الانسان هو رب السبت ايضا
28«Бинобар ин Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».