1ثم خرج يسوع ومضى من الهيكل . فتقدم تلاميذه لكي يروه ابنية الهيكل.
1ВА Исо аз маъбад баромада, мерафт. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то ки иморатҳои маъбадро ба Ӯ нишон днҳанд.
2فقال لهم يسوع أما تنظرون جميع هذه. الحق اقول لكم انه لا يترك ههنا حجر على حجر لا ينقض
2Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростй ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».
3وفيما هو جالس على جبل الزيتون تقدم اليه التلاميذ على انفراد قائلين قل لنا متى يكون هذا وما هي علامة مجيئك وانقضاء الدهر.
3Вакте ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳой назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, кл ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва оҳирзамон чй гуна аст?»
4فاجاب يسوع وقال لهم انظروا لا يضلكم احد.
4Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
5فان كثيرين سيأتون باسمي قائلين انا هو المسيح ويضلون كثيرين.
5«Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки "ман Масеҳ ҳастам", вамардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард.
6وسوف تسمعون بحروب واخبار حروب. انظروا لا ترتاعوا. لانه لا بد ان تكون هذه كلها. ولكن ليس المنتهى بعد.
6«Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест:
7لانه تقوم امة على امة ومملكة على مملكة وتكون مجاعات واوبئة وزلازل في اماكن.
7«Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард, ва дар ҳар ҷо қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй хоҳад дод;
8ولكن هذه كلها مبتدأ الاوجاع.
8«Аммо ҳамаи инҳо ибтидои дардҳост.
9حينئذ يسلمونكم الى ضيق ويقتلونكم وتكونون مبغضين من جميع الامم لاجل اسمي.
9«Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо таслим карда, хоҳанд кушт; ва ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт.
10وحينئذ يعثر كثيرون ويسلمون بعضهم بعضا ويبغضون بعضهم بعضا.
10«Дар он замон бисьёр касон ба васваса хоҳанд афтод; ва якдигарро таслим хоҳанд кард ва аз якдигар нафрат хоҳанд дошт;
11ويقوم انبياء كذبة كثيرون ويضلون كثيرين.
11«Ва басе анбиёи козиб ба майдон омада, мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард;
12ولكثرة الاثم تبرد محبة الكثيرين.
12«Ва ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисьёр касон сард хоҳад шуд;
13ولكن الذي يصبر الى المنتهى فهذا يخلص.
13«Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
14ويكرز ببشارة الملكوت هذه في كل المسكونة شهادة لجميع الامم. ثم يأتي المنتهى
14«Ва ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид.
15فمتى نظرتم رجسة الخراب التي قال عنها دانيال النبي قائمة في المكان المقدس. ليفهم القارئ.
15«Пас, чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набй ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед, - ҳар кӣ хонад, дарк кунад, -
16فحينئذ ليهرب الذين في اليهودية الى الجبال.
16«Он гоҳ онҳое ки дар Яхудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
17والذي على السطح فلا ينزل لياخذ من بيته شيئا.
17«Ва ҳар кӣ бар бом бошад, барои гирифтани чизе аз ҳонаи худ, поён нафурояд;
18والذي في الحقل فلا يرجع الى ورائه لياخذ ثيابه.
18«Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
19وويل للحبالى والمرضعات في تلك الايام.
19«Лекин вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
20وصلّوا لكي لا يكون هربكم في شتاء ولا في سبت.
20«Дуо кунед, ки гурезстани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад;
21لانه يكون حينئذ ضيق عظيم لم يكن مثله منذ ابتداء العالم الى الآن ولن يكون.
21«Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд.
22ولو لم تقصّر تلك الايام لم يخلص جسد. ولكن لاجل المختارين تقصّر تلك الايام.
22«Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд.
23حينئذ ان قال لكم احد هوذا المسيح هنا او هناك فلا تصدقوا.
23«Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: "Инак Масеҳ дар ин ҷост" ё "дар он ҷост", бовар накунед;
24لانه سيقوم مسحاء كذبة وانبياء كذبة ويعطون آيات عظيمة وعجائب حتى يضلوا لو امكن المختارين ايضا.
24«Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
25ها انا قد سبقت واخبرتكم.
25«Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам.
26فان قالوا لكم ها هو في البرية فلا تخرجوا. ها هو في المخادع فلا تصدقوا.
26«Пас, агар ба шумо гӯянд: "Инак, дар биёбон аст", - берун наравед; "инак дар ҳуҷра аст", - бовар накунед.
27لانه كما ان البرق يخرج من المشارق ويظهر الى المغارب هكذا يكون ايضا مجيء ابن الانسان.
27«Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам иамудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд;
28لانه حيثما تكن الجثّة فهناك تجتمع النسور
28«Ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ шаванд.
29وللوقت بعد ضيق تلك الايام تظلم الشمس والقمر لا يعطي ضؤه والنجوم تسقط من السماء وقوات السموات تتزعزع.
29«Ва фавран, пас аз мусибати он айём, офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд;
30وحينئذ تظهر علامة ابن الانسان في السماء. وحينئذ تنوح جميع قبائل الارض ويبصرون ابن الانسان آتيا على سحاب السماء بقوة ومجد كثير.
30«Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд;
31فيرسل ملائكته ببوق عظيم الصوت فيجمعون مختاريه من الاربع الرياح من اقصاء السموات الى اقصائها.
31«Ва фариштагони Худро бо карнаи баландовоз хоҳад фиристод, ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард.
32فمن شجرة التين تعلّموا المثل متى صار غصنها رخصا واخرجت اوراقها تعلمون ان الصيف قريب.
32«Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред: чун шоҳааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
33هكذا انتم ايضا متى رأيتم هذا كله فاعلموا انه قريب على الابواب.
33«Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
34الحق اقول لكم لا يمضي هذا الجيل حتى يكون هذا كله.
34«Ба ростӣ ба шумо мегӯям; ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ ҳоҳад шуд.
35السماء والارض تزولان ولكن كلامي لا يزول.
35«Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
36واما ذلك اليوم وتلك الساعة فلا يعلم بهما احد ولا ملائكة السموات الا ابي وحده.
36«Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд;
37وكما كانت ايام نوح كذلك يكون ايضا مجيء ابن الانسان.
37«Чй тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд:
38لانه كما كانوا في الايام التي قبل الطوفان ياكلون ويشربون ويتزوجون ويزوّجون الى اليوم الذي دخل فيه نوح الفلك
38«Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯх ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд,
39ولم يعلموا حتى جاء الطوفان واخذ الجميع. كذلك يكون ايضا مجيء ابن الانسان.
39«Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард, - омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд;
40حينئذ يكون اثنان في الحقل. يؤخذ الواحد ويترك الآخر.
40«Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
41اثنتان تطحنان على الرحى. تؤخذ الواحدة وتترك الآخرى
41«Ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд.
42اسهروا اذا لانكم لا تعلمون في اية ساعة يأتي ربكم.
42«Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд.
43واعلموا هذا انه لو عرف رب البيت في اية هزيع يأتي السارق لسهر ولم يدع بيته ينقب.
43«Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳкби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад.
44لذلك كونوا انتم ايضا مستعدين لانه في ساعة لا تظنون يأتي ابن الانسان.
44«Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд.
45فمن هو العبد الامين الحكيم الذي اقامه سيده على خدمه ليعطيهم الطعام في حينه.
45«Пас он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?
46طوبى لذلك العبد الذي اذا جاء سيده يجده يفعل هكذا.
46«Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;
47الحق اقول لكم انه يقيمه على جميع امواله.
47«Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард.
48ولكن ان قال ذلك العبد الردي في قلبه سيدي يبطئ قدومه.
48«Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки "оғои ман ба зудӣ намеояд",
49فيبتدئ يضرب العبيد رفقاءه ويأكل ويشرب مع السكارى.
49«Ва ба задани гуломони дигар шурӯъ кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад, -
50يأتي سيد ذلك العبد في يوم لا ينتظره وفي ساعة لا يعرفها.
50«Оғои он ғулом дар рӯзе ки вай мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад,
51فيقطّعه ويجعل نصيبه مع المرائين. هناك يكون البكاء وصرير الاسنان
51«Ва ӯро ду пора карда, қисматашро бо риёкорон баробар хоҳад кард: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».