الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Philippians

2

1فان كان وعظ ما في المسيح ان كانت تسلية ما للمحبة ان كانت شركة ما في الروح ان كانت احشاء ورأفة
1ПАС, агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнӯдии муҳаббат бошад, агар алокаи рӯҳ бошад, агар марҳамат ва дилсӯзи бошад, -
2فتمموا فرحي حتى تفتكروا فكرا واحدا ولكم محبة واحدة بنفس واحدة مفتكرين شيئا واحدا
2Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед,
3لا شيئا بتحزب او بعجب بل بتواضع حاسبين بعضكم البعض افضل من انفسهم.
3Аз руи рақобат ё шӯҳратпарастй ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед,
4لا تنظروا كل واحد الى ما هو لنفسه بل كل واحد الى ما هو لآخرين ايضا.
4Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.
5فليكن فيكم هذا الفكر الذي في المسيح يسوع ايضا
5Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд,
6الذي اذ كان في صورة الله لم يحسب خلسة ان يكون معادلا للّه
6Ки Ӯ, бо вучуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт.
7لكنه اخلى نفسه آخذا صورة عبد صائرا في شبه الناس.
7Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд,
8واذ وجد في الهيئة كانسان وضع نفسه واطاع حتى الموت موت الصليب.
8Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.
9لذلك رفعه الله ايضا واعطاه اسما فوق كل اسم
9Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номедод, ки аэ ҳар ном болотар аст,
10لكي تجثو باسم يسوع كل ركبة ممن في السماء ومن على الارض ومن تحت الارض
10То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, ҳам шавад,
11ويعترف كل لسان ان يسوع المسيح هو رب لمجد الله الآب
11Ва ҳар забон зътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.
12اذا يا احبائي كما اطعتم كل حين ليس كما في حضوري فقط بل الآن بالأولى جدا في غيابي تمموا خلاصكم بخوف ورعدة
12Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ - на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман, - бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,
13لان الله هو العامل فيكم ان تريدوا وان تعملوا من اجل المسرّة.
13Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.
14افعلوا كل شيء بلا دمدمة ولا مجادلة
14Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,
15لكي تكونوا بلا لوم وبسطاء اولادا للّه بلا عيب في وسط جيل معوج وملتو تضيئون بينهم كانوار في العالم
15То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед,
16متمسكين بكلمة الحياة لافتخاري في يوم المسيح باني لم اسع باطلا ولا تعبت باطلا.
16Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам.
17لكنني وان كنت انسكب ايضا على ذبيحة ايمانكم وخدمته اسرّ وافرح معكم اجمعين.
17Лекин, агар ман қурбонии рехтание бар қурбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;
18وبهذا عينه كونوا انتم مسرورين ايضا وافرحوا معي
18Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.
19على اني ارجو في الرب يسوع ان ارسل اليكم سريعا تيموثاوس لكي تطيب نفسي اذا عرفت احوالكم.
19Ва дар Масеҳи Худованд умедворам, ки Тимотиюсро ба зудй назди шумо фиристонам, то ки ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рӯҳбаланд шавам.
20لان ليس لي احد آخر نظير نفسي يهتم باحوالكم بإخلاص.
20Зеро каси дигаре мисли ӯ надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад;
21اذ الجميع يطلبون ما هو لانفسهم لا ما هو ليسوع المسيح.
21Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад.
22واما اختباره فانتم تعرفون انه كولد مع اب خدم معي لاجل الانجيل.
22Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст.
23هذا ارجو ان ارسله اول ما ارى احوالي حالا.
23Пас, умедворам, ки ӯро дарҳол равона кунам, чун бубинам, ки аҳволи ман чи мешавад;
24وأثق بالرب اني انا ايضا سآتي اليكم سريعا.
24Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям.
25ولكني حسبت من اللازم ان ارسل اليكم ابفرودتس اخي والعامل معي والمتجند معي ورسولكم والخادم لحاجتي.
25Аммо лозим донистам, ки Эпафрӯдитусро назди шумо баргардонам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ва шумо ӯро чун элчӣ ва хизматгузор дар мӯҳтоҷии ман фиристода будед.
26اذ كان مشتاقا الى جميعكم ومغموما لانكم سمعتم انه كان مريضا.
26Чунки ӯ иштиёқманди дидори ҳамаи шумо буд ва бисьёр андӯҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ӯ ба гӯши шумо расидааст.
27فانه مرض قريبا من الموت لكن الله رحمه وليس اياه وحده بل اياي ايضا لئلا يكون لي حزن على حزن.
27Ҳақиқатан бемории ӯ марговар буд; лекин Худо ба ӯ марҳамат кард, ва на фақат ба ӯ, балки ба ман низ, то ки бар ғуссаи ман ғуссае зам нашавад.
28فارسلته اليكم باوفر سرعة حتى اذا رأيتموه تفرحون ايضا واكون انا اقل حزنا.
28Бинобар ин ба фиристодани ӯ шитоб намудам, то ки шумо Ӯро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад.
29فاقبلوه في الرب بكل فرح وليكن مثله مكرّما عندكم.
29Пас ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед,
30لانه من اجل عمل المسيح قارب الموت مخاطرا بنفسه لكي يجبر نقصان خدمتكم لي
30Зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.