1اذا يا اخوتي الاحباء والمشتاق اليهم يا سروري واكليلي اثبتوا هكذا في الرب ايها الاحباء
1ПАС, эй бародарони маҳбуб ва матлуби ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин тавр истодагй намоед, эй маҳбубон.
2اطلب الى افودية واطلب الى سنتيخي ان تفتكرا فكرا واحدا في الرب.
2Аз Авҳӯдия илтимос мекунам ва аз Сунтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд.
3نعم اسألك انت ايضا يا شريكي المخلص ساعد هاتين اللتين جاهدتا معي في الانجيل مع اكليمندس ايضا وباقي العاملين معي الذين اسماؤهم في سفر الحياة
3Аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак бирасонӣ, ки онҳо дар роҳи башорат бо ман ва бо Қлимис ва бо ҳамроҳони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.
4افرحوا في الرب كل حين واقول ايضا افرحوا.
4Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед.
5ليكن حلمكم معروفا عند جميع الناس. الرب قريب.
5Бигзор фурӯтании шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад; Худованд наздик аст.
6لا تهتموا بشيء بل في كل شيء بالصلاة والدعاء مع الشكر لتعلم طلباتكم لدى الله.
6Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукрузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, -
7وسلام الله الذي يفوق كل عقل يحفظ قلوبكم وافكاركم في المسيح يسوع
7Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.
8اخيرا ايها الاخوة كل ما هو حق كل ما هو جليل كل ما هو عادل كل ما هو طاهر كل ما هو مسرّ كل ما صيته حسن ان كانت فضيلة وان كان مدح ففي هذه افتكروا.
8Хуллас, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва Хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст, ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад, - дар бораи онҳо фикр кунед.
9وما تعلمتموه وتسلمتموه وسمعتموه ورأيتموه فيّ فهذا افعلوا واله السلام يكون معكم
9Он чи шумо дар ман омӯхтаед, ва кабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, - онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.
10ثم اني فرحت بالرب جدا لانكم الآن قد ازهر ايضا مرة اعتناؤكم بي الذي كنتم تعتنونه ولكن لم تكن لكم فرصة.
10Ва ман дар Худованд багоят шод шудам, ки алҳол шумо гамхории худро дар ҳақки ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам шумо ғамхорӣ менамудед, вале вазъият мусоидат намекард.
11ليس اني اقول من جهة احتياج فاني قد تعلمت ان اكون مكتفيا بما انا فيه.
11На ин ки ба сабаби мӯҳтоҷӣ мегуфта бошам; зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қакоат намоям:
12اعرف ان اتضع واعرف ايضا ان استفضل. في كل شيء وفي جميع الاشياء قد تدربت ان اشبع وان اجوع وان استفضل وان انقص.
12Дар камбагалй ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонй ва камиро ёд гирифтаам;
13استطيع كل شيء في المسيح الذي يقويني.
13Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад.
14غير انكم فعلتم حسنا اذ اشتركتم في ضيقتي.
14Лекин хуб кардед, ки дар андӯҳи ман шарик шудед.
15وانتم ايضا تعلمون ايها الفيلبيون انه في بداءة الانجيل لما خرجت من مكدونية لم تشاركني كنيسة واحدة في حساب العطاء والاخذ الا انتم وحدكم.
15Ва шумо, эй филигатиён, медонед, ки дар ибтидои башорат, вакте ки аз Макдуния баромадам, ҳеҷ як калисо дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо;
16فانكم في تسالونيكي ايضا ارسلتم اليّ مرة ومرتين لحاجتي.
16Ҳатто ба Таслӯникӣ шумо якду карат барои эҳтиёҷоти ман фиристодед.
17ليس اني اطلب العطية بل اطلب الثمر المتكاثر لحسابكم.
17На ин ки ман талабгори ҳадия бошам, балки толиби самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо биафзояд.
18ولكني قد استوفيت كل شيء واستفضلت. قد امتلأت اذ قبلت من ابفرودتس الاشياء التي من عندكم نسيم رائحة طيبة ذبيحة مقبولة مرضية عند الله.
18Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.
19فيملأ الهي كل احتياجكم بحسب غناه في المجد في المسيح يسوع.
19Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.
20وللّه وابينا المجد الى دهر الداهرين. آمين
20Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин.
21سلموا على كل قديس في المسيح يسوع. يسلم عليكم الاخوة الذين معي.
21Ба ҳар як муқаддас дар Исои Масеҳ салом гӯед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегӯянд.
22يسلم عليكم جميع القديسين ولا سيما الذين من بيت قيصر.
22Ҳамаи муқаддасон, алалхусус аз хонаи қайсар ба шумо салом мегӯянд.
23نعمة ربنا يسوع المسيح مع جميعكم آمين. كتبت الى اهل فيلبي من رومية على يد ابفرودتس
23Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.