الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Revelation

13

1ثم وقفت على رمل البحر. فرأيت وحشا طالعا من البحر له سبعة رؤوس وعشرة قرون وعلى قرونه عشرة تيجان وعلى رؤوسه اسم تجديف.
1ВА бар реги баҳр истода, ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меояд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар шохҳояш даҳ афсар, ва бар каллаҳояш номҳои куфр.
2والوحش الذي رأيته كان شبه نمر وقوائمه كقوائم دب وفمه كفم اسد واعطاه التنين قدرته وعرشه وسلطانا عظيما.
2Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш мисли пойҳои хирс, ва даҳонаш мисли даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва кудрати бузурге ба вай дода буд.
3ورأيت واحدا من رؤوسه كانه مذبوح للموت وجرحه المميت قد شفي وتعجبت كل الارض وراء الوحش
3Ва дидам, ки яке аз каллаҳои вай гӯё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст, валекин он яраи марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми аҳли замин дар ҳайрат афтода, аз паи ҳайвони ваҳшӣ рафтанд; ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, ибодат карданд;
4وسجدوا للتنين الذي اعطى السلطان للوحش وسجدوا للوحش قائلين من هو مثل الوحش. من يستطيع ان يحاربه.
4Ва ба ҳайвони ваҳшй саҷда карда, гуфтанд: «Кист, ки мисли ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки битавонад бо вай ҷанг кунад?»
5وأعطي فما يتكلم بعظائم وتجاديف وأعطي سلطانا ان يفعل اثنين واربعين شهرا.
5Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфр гӯяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад.
6ففتح فمه بالتجديف على الله ليجدف على اسمه وعلى مسكنه وعلى الساكنين في السماء.
6Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ки бар исми Ӯ ва маскани Ӯ ва сокинони осмон куфр гӯяд.
7وأعطي ان يصنع حربا مع القديسين ويغلبهم وأعطي سلطانا على كل قبيلة ولسان وامّة.
7Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай салтанат бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила дода шуд.
8فسيسجد له جميع الساكنين على الارض الذين ليست اسماؤهم مكتوبة منذ تأسيس العالم في سفر حياة الخروف الذي ذبح.
8Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.
9من له اذن فليسمع.
9Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад.
10ان كان احد يجمع سبيا فالى السبي يذهب. وان كان احد يقتل بالسيف فينبغي ان يقتل بالسيف. هنا صبر القديسين وايمانهم
10Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабр ва имони муқаддасон.
11ثم رأيت وحشا آخر طالعا من الارض وكان له قرنان شبه خروف وكان يتكلم كتنين.
11Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дидам, ки аз замин берун меояд; вай ду шох дошт монанди шохҳои барра, ва мисли аждаҳо сухан мегуфт.
12ويعمل بكل سلطان الوحش الاول امامه ويجعل الارض والساكنين فيها يسجدون للوحش الاول الذي شفي جرحه المميت.
12Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекунад, ба тавре ки тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки яраи марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд;
13ويصنع آيات عظيمة حتى انه يجعل نارا تنزل من السماء على الارض قدام الناس.
13Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меоварад.
14ويضل الساكنين على الارض بالآيات التي أعطي ان يصنعها امام الوحش قائلا للساكنين على الارض ان يصنعوا صورة للوحش الذي كان به جرح السيف وعاش.
14Ва бо мӯъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшй метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд.
15وأعطي ان يعطي روحا لصورة الوحش حتى تتكلم صورة الوحش ويجعل جميع الذين لا يسجدون لصورة الوحش يقتلون.
15Ва ба вай ато шудааст, ки ба он пайкари ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то пайкари ҳайвони ваҳшй тавре сухан гӯяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба пайкари ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекунанд, кушта шаванд.
16ويجعل الجميع الصغار والكبار والاغنياء والفقراء والاحرار والعبيد تصنع لهم سمة على يدهم اليمنى او على جبهتهم
16Ва тавре рафтор мекунад, ки ҳама - хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва гуломон - бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон тамға зананд,
17وان لا يقدر احد ان يشتري او يبيع الا من له السمة او اسم الوحش او عدد اسمه.
17Ва ҳеҷ кас харидан ва фурӯхтан нахоҳад тавонист, ҷуз касе ки чунин тамға: е номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дорад.
18هنا الحكمة. من له فهم فليحسب عدد الوحش فانه عدد انسان. وعدده ست مئة وستة وستون
18Дар ин ҷо ҳикмат аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳксоб кунад, зеро ки он шумораи одамизод аст; шумораи он шашсаду шасту шаш мебошад.