الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Revelation

16

1وسمعت صوتا عظيما من الهيكل قائلا للسبعة الملائكة امضوا واسكبوا جامات غضب الله على الارض.
1ВА овози баланде аз маъбад шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегӯяд: «Биравед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро бар замин бирезед».
2فمضى الاول وسكب جامه على الارض فحدثت دمامل خبيثة ورديّة على الناس الذين بهم سمة الوحش والذين يسجدون لصورته
2Фариштаи якум рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки тамғаи ҳайвони ваҳширо доранд ва ба пайкари он саҷда мекунанд, яраҳои бад ва зишти фасоднок пайдо шуд.
3ثم سكب الملاك الثاني جامه على البحر فصار دما كدم ميت. وكل نفس حية ماتت في البحر.
3Фариштаи дуюм косаи худро дар баҳр рехт; ва он ба хуне мисли хуни мурда мубаддал шуд, ва тамоми махлуқоти ҷондори баҳр мурд.
4ثم سكب الملاك الثالث جامه على الانهار وعلى ينابيع المياه فصارت دما.
4Фариштаи сеюм косаи худро дар дарьёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун мубаддал шуданд.
5وسمعت ملاك المياه يقول عادل انت ايها الكائن والذي كان والذي يكون لانك حكمت هكذا.
5Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт: «Ту одилй, эй Худованд, ки ҳастӣ ва будӣ, ва куддус мебошӣ, зеро ки чунин ҳукм кардаӣ;
6لانهم سفكوا دم قديسين وانبياء فأعطيتهم دما ليشربوا. لانهم مستحقون.
6«Азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинӯшанд: ин сазои онҳост».
7وسمعت آخر من المذبح قائلا نعم ايها الرب الاله القادر على كل شيء حق وعادلة هي احكامك
7Ва курбонгоҳро шунидам, ки мегӯяд: Юре, эй Худованд Худои Кодири Мутлақ, довариҳои Ту ҳақ асту рост».
8ثم سكب الملاك الرابع جامه على الشمس فأعطيت ان تحرق الناس بنار
8Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба вай қудрате ато шуд, ки одамонро ба оташ бисӯзонад.
9فاحترق الناس احتراقا عظيما وجدفوا على اسم الله الذي له سلطان على هذه الضربات ولم يتوبوا ليعطوه مجدا
9Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ӯро ҷалол диҳанд.
10ثم سكب الملاك الخامس جامه على عرش الوحش فصارت مملكته مظلمة وكانوا يعضّون على ألسنتهم من الوجع
10Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва малакути он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд,
11وجدفوا على اله السماء من اوجاعهم ومن قروحهم ولم يتوبوا عن اعمالهم
11Ва ба Худои Осмон аз боиси азобҳои худ ва яраҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз аъмоли худ тавба накарданд.
12ثم سكب الملاك السادس جامه على النهر الكبير الفرات فنشف ماؤه لكي يعد طريق الملوك الذين من مشرق الشمس.
12Фариштаи шашум косаи худро дар дарьёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк пгуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби тулӯи офтоб ҳастанд, роҳ муҳайё шавад.
13ورأيت من فم التنين ومن فم الوحش ومن فم النبي الكذاب ثلاثة ارواح نجسة شبه ضفادع.
13Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо, ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ, ва аз даҳони набии козиб се рӯҳи палиде монанди қурбоққаҳо мебароянд.
14فانهم ارواح شياطين صانعة آيات تخرج على ملوك العالم وكل المسكونة لتجمعهم لقتال ذلك اليوم العظيم يوم الله القادر على كل شيء
14Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.
15ها انا آتي كلص. طوبى لمن يسهر ويحفظ ثيابه لئلا يمشي عريانا فيروا عورته.
15Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд.
16فجمعهم الى الموضع الذي يدعى بالعبرانية هرمجدون
16Ва онҳоро ба мавзее ҷамъ оварданд, кн ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад.
17ثم سكب الملاك السابع جامه على الهواء فخرج صوت عظيم من هيكل السماء من العرش قائلا قد تم.
17Фариштаи ҳафтум косаи худро бар ҳаво рехт, ва аз маъбади осмон аз ҷониби тахт овози баланде баромад, ки мегуфт: «Ба амал омад!»
18فحدثت اصوات ورعود وبروق. وحدثت زلزلة عظيمة لم يحدث مثلها منذ صار الناس على الارض زلزلة بمقدارها عظيمة هكذا.
18Ва барқҳо, раъдҳо ва садоҳо ба вуқӯъ омад, ва заминҷунбии азиме рӯй дод, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рӯй надода буд, - он қадар заминҷунбии пурзӯр ва азим буд!
19وصارت المدينة العظيمة ثلاثة اقسام ومدن الامم سقطت وبابل العظيمة ذكرت امام الله ليعطيها كاس خمر سخط غضبه.
19Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худро ба он диҳад.
20وكل جزيرة هربت وجبال لم توجد.
20Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кӯҳҳо нопайдо гашт;
21وبرد عظيم نحو ثقل وزنة نزل من السماء على الناس فجدّف الناس على الله من ضربة البرد لان ضربته عظيمة جدا
21Ва жолаи бузурге ки гӯё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.