Bulgarian

Tajik

Hebrews

1

1Бог Който при разни частични [съобщения], и по много начини, е говорил в старо време на бащите ни чрез пророците,
1ХӮДОЕ ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,
2в края на тия дни говори нам чрез Сина, Когото постави наследник на всичко, чрез Когото и направи световете,
2Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.
3Който, бидейки сияние на Неговата слава, и отпечатък на Неговото същество, и държейки всичко чрез Своето могъщо слово, след като извърши [чрез Себе Си] очищение на греховете, седна отдясно на Величието на високо,
3Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибрие дар афроз нишаст,
4и стана толкова по-горен от ангелите, колкото името, което е наследил, е по-горно от тяхното.
4Ва чй қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.
5Защото, кому от ангелите е рекъл [Бог] някога: - "Ти си Мой Син, Аз днес Те родих"; и пак: "Аз ще Му бъда Отец, и Той ще ми бъде Син"?
5Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: "Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз ПадариТу шудаам"? Ва боз: "Ман ба Ӯ Падар хоҳам буд, ва Ӯ ба Ман Писар хоҳад буд"?
6А когато пък въвежда Първородния във вселената, казва: - "И поклонете се Нему, всички Божии ангели".
6Ва боз, вакте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: "Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд".
7И за ангелите казва: - "Който прави ангелите Си [силни като] ветрове, И служителите Си [като] огнен пламък";
7Дар бораи фариштагон гуфта шудааст: "ФаришТагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад ва хизматгорони Худро ба отапш сӯзон".
8А за Сина казва: - "Твоят престол, о Боже, е до вечни векове; И скиптърът на Твоето царство е скиптър на правота.
8Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: "Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, ва асои садоқат асои салтанати Туст.
9Възлюбил си правда, и намразил си беззаконие; За това, Боже, Твоят Бог Те е помазал с миро на радост повече от Твоите събратя".
9"Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорй. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст".
10и пак: "В началото Ти, Господи, си основал земята, И дело на Твоите ръце е небето;
10Ва боз: "Дар эамони кадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.
11Те ще изчезнат, а Ти пребъдваш; Да! те всички ще овехтеят като дреха,
11"Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғдаҷиғда хоҳанд шуд,
12И като одежда ще ги свиеш, И те ще бъдат изменени; Но Ти си същият, И Твоите години няма да се свършат.
12"Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид, ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд. Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд".
13А кому от ангелите е рекъл някога: - "Седи отдясно Ми Докле положа враговете ти за твое подножие"?
13Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: "Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери лои Ту андозам"?
14Не са ли те всички служебни духове, изпращани да слугуват на ония, които ще наследят спасение?
14Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?