Chamorro: Psalms, Gospels, Acts

Tajik

Romans

1

1ПАВЛӮС, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида,
2Ки онро Худо пещтар, ба воситаи анбиёи Худ, дар Навиштаҳои муқаддас ваъда карда буд
3Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,
4Ва ба ҳасби рӯҳи қудсият, ба воситаи эҳьё шуданащ аз мурдагон, чун Писари Худо маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ,
5Ки ба воситаи Ӯ мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ӯ ҳамаи ҳалқҳоро ба итоати имон дароварем,
6Ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастсд, -
7Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасй даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагй бар шумо бод.
8Пеш аз ҳама ба Худои худ ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шуҳрат ёфтааст;
9Худое ки Ӯро дар башорати Писари Ӯ бо рӯҳи ҳуд ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки муттасил шуморо ба ёд меоварам
10Ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки иродаи Худо ягон вакт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям.
11Зеро ки хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рӯҳоние, барои устувор шуданатон, ба шумо тақдим намоям,
12Яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам.
13Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед аз ин ки дафъаи бисьёр ният доштам назди шумо биёям, - лекин то кунун ҷизе ба ман монеъ мешуд, - то ки дар миёни шумо низ, монанди халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам.
14Ман нисбат ба юнониён ва варвариён, нисбат ба оқилон ва ҷоҳилон, дайне ба гардан дорам;
15Пас, роғиби онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам.
16Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он - қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.
17Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: "Одил ба василаи имон хоҳад зист".
18Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд.
19Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст;
20Зеро ки моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонй ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд.
21Агарчи онҳо Худоро шиноҳта бошанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд:
22Бо вуҷуди он ки худашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда,
23Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонй, ба мургон, чорпоён ва хазандагон монанд аст,
24Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд;
25Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе ки то абад муборак аст, омин.
26Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд;
27Хамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машгул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд.
28Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ пшнохган нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,
29Бинобар ин онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадҳӯӣ пур ҳастанд,
30Бадгап, тӯҳматчй, ҳудобадбин, дилозор, худсито, мағрур ва бадандеш ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд,
31Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд.
32Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.