1אם בלשנות אנשים ומלאכים אדבר ואין בי האהבה הייתי כנחשת המה או כצלצל תרועה׃
1АГАР ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, - ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам.
2וכי תהיה לי נבואה ואדע כל הסודות וכל הדעת וכי תהיה לי כל האמונה עד כי אעתיק הרים ואין בי האהבה הייתי כאין׃
2Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, - ман ҳеҷ ҳастам.
3ואם אחלק את כל הוני ואם אתן את גופי לשרפה ואין בי האהבה כל זאת לא תועילני׃
3Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми ҳудро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, - ҳеҷ манфиате намебинам.
4האהבה מארכת אף ועשה חסד האהבה לא תקנא האהבה לא תתפאר ולא תתרומם׃
4Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, магрур намешавад,
5לא תעשה דבר תפלה ולא תבקש את אשר לה ולא תתמרמר ולא תחשב הרעה׃
5Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад,
6לא תשמח בעולה כי שמחתה עם האמת׃
6Аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ ҳурсанд мешавад;
7את כל תשא את כל תאמין את כל תקוה ואת כל תסבל׃
7Ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварй дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.
8האהבה לא תבל לעולם אך הנבואות הנה תבטלנה והלשנות תכלינה והדעת תבטל׃
8Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомӯш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт.
9כי קצת הוא שידענו וקצת הוא שנבאנו׃
9Зеро ки мо ба таври ҷузъӣ медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем;
10וכבוא התמים אז עבור תעבר הקצת׃
10Аммо вақте ки камол меояд, он чи чузъӣ буд, хотима меёбад.
11כאשר הייתי עולל כעולל דברתי כעולל הגיתי כעולל חשבתי וכאשר הייתי לאיש הסירתי דברי העולל׃
11Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам.
12כי כעת מביטים אנחנו במראה ובחידות ואז פנים אל פנים כעת יודע אני קצתו ואז כאשר נודעתי אדע אף אני׃
12Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври чузъй медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.
13ועתה שלש אלה תעמדנה האמונה והתקוה והאהבה והגדולה בהן היא האהבה׃
13Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.