Hebrew: Modern

Tajik

1 Corinthians

7

1ולענים מה שכתבתם אלי הנה טוב לאדם שלא יגע באשה׃
1ДАР бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад.
2אך מפני הזנות תהי לכל איש אשתו ויהי לכל אשה בעלה׃
2Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад.
3האיש יקים חובת העונה לאשתו וכמו כן האשה לבעלה׃
3Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ.
4האשה איננה שלטת על גופה כי אם בעלה וכמו כן גם האיש איננו שלט על גופו כי אם אשתו׃
4Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст.
5אל תמנעו את עצמכם זה מזה זולתי בהסכמת שניכם על זמן קבוע להיות פנוים לתענית ולתפלה ותשובו ותתאחדו פן ינסה אתכם השטן בעבור פריצות יצרכם׃
5Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад.
6ואני אמר זאת בדרך עצה ולא בדרך מצוה׃
6Лекин инро ман ба тариқи маслиҳат мегӯям, на ба тариқи фармоиш.
7כי מי יתן והיה כל אדם כמני אך יש לכל איש מתנתו מאת האלהים זה בכה וזה בכה׃
7Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд; аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар.
8ואל הפנוים ואל האלמנות אמר אני כי טוב להם אם ישבו ככה כמו גם אני׃
8Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд;
9אך אם לא יוכלו להנזר יתחברו בנשואין כי טוב להתחבר בנשואין מהיות בער בתאוה׃
9Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст.
10והנה את הנשואים אנכי מצוה ולא אנכי כי אם האדון אשר לא תפרש אשה מבעלה׃
10Ба онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд, -
11ואם פרש תפרש ממנו תשב בלא איש או תתרצה לבעלה ואיש אל ישלח את אשתו׃
11Ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, - ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад.
12והנה אל האחרים אמר אנכי ולא האדון כי תהיה לאח אשה אשר איננה מאמנת ורצונה לשבת עמו לא יעזבנה׃
12Ба дигарон ман мегӯям, на Худованд: агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад, ва он завҷа розӣ бошад бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд аз вай ҷудо шавад.
13ואשה כי יהיה לה בעל אשר איננו מאמין ורצונו לשבת עמה לא תעזבנו׃
13Ва завҷае ки шавҳари беимон дошта бошад, ва он шавҳар розй бошад бо вай зиндагй кунад, вай набояд аз ӯ ҷудо шавад;
14כי האיש אשר איננו מאמין מקדש הוא באשה והאשה אשר איננה מאמנת מקדשת היא באיש שאם לא כן יהיו בניכם טמאים אמנם עתה קדושים המה׃
14Зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагар на фарзандони шумо нопок мебуданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд.
15אבל אם יפרש מי שאיננו מאמין יפרש והאח או האחות אינם משעבדים באלה כי לשלום קראנו האלהים׃
15Аммо агар беимон чудо шудан хоҳад, бигзор чудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст.
16כי מה תדעי את האשה אם תושיעי את האיש ומה תדע אתה האיש אם תושיע את האשה׃
16Зеро аз куҷо ту донй, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки завҷаатро наҷот хоҳӣ дод?
17רק יתהלך איש איש כפי מה שחלק לו האלהים וכפי מה שקרא אתו האדון וכן מתקן אנכי בכל הקהלות׃
17Бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ӯро насиб кардааст, ва ҳар кас дар он вазъе ки Худованд ӯро даъват намудааст, бимонад. Дар ҳамаи калисоҳо ман ҳамин тавр дастур медиҳам.
18אם נמול האיש המקרא אל ימשך את ערלתו ואם ערל הוא אל ימול׃
18Агар шахси махтуне даъват шуда бошад, орзуи номахтунӣ накунад; ва агар номахтуне даъват шуда бошад, хатна накунад.
19אין המילה נחשבה ואין הערלה נחשבה כי אם שמירת מצות האלהים׃
19Хатна ҳеҷ аст, номахтунй ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи аҳкоми Худост.
20איש איש במשמרתו אשר נקרא בה שם יעמד׃
20Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон бимонад.
21אם נקראת בהיותך עבד אל ירע בעיניך אלא אם תשיג ידך לצאת לחפשי בחר בזה׃
21Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; балки агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар.
22כי הקרוא באדון בהיותו עבד משחרר הוא לאדון וככה גם הקרוא בהיותו חפשי עבד הוא למשיח׃
22Зеро гуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шаҳси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст.
23במחיר נקניתם אל תהיו עבדי בני אדם׃
23Шумо ба нархи гарон харида шудаед: ғуломи одамон нагардед.
24איש איש במשמרת אשר נקרא בה אחי בזאת יעמד לפני האלהים׃
24Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо бимонад.
25ועל דבר הבתולות אין לי מצוה מאת האדון רק אודיע את עצתי אחרי אשר חנני האדון להיות נאמן׃
25Дар Хусуси бокираҳо аз Худованд фармоише надорам, лекин, ҳамчун шаҳсе ки аз Худованд марҳамат ёфтааст, ки амин бошад, маслиҳати худро баён мекунам.
26הנני חשב כי טוב לאדם מפני הצרה הקרובה כי טוב לו להיות כמו שהוא׃
26Пас, ба сабаби тангии вазъияти ҳозира, ман онро беҳтар медонам, ки барои одам хуб аст, агар ҳамон тавр, ки ҳаст, бимонад.
27אם נקשרת באשה אל תבקש להפטר ואם נפטרת אל תבקש אשה׃
27Оё зандор ҳастӣ? - толиби талоқ набош. Оё безан ҳастӣ? - толиби зан набош.
28וגם כי תקח אשה אינך חטא והבתולה כי תהיה לאיש איננה חטאת אך יבאום צרות בבשרם והנני חס עליכם׃
28Аммо агар зандор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае ба шавҳар расад, гуноҳе намекунад. Лекин чушга касон дар чисм азобҳо хоҳанд дошт; ва ман ба шумо раҳмхӯрӣ мекунам.
29וזאת אני אמר אחי כי השעה דחוקה למען מעתה יהיו הנשואים כאלו אין להם נשים׃
29Ба шумо, эй бародарон, инро мегӯям: вақт танг аст, ба тавре ки зандорон бояд мисли безанон бошанд;
30והבכים כאינם בכים והשמחים כאינם שמחים והקונים כאלו אין קנין בידם׃
30Ва гирьёнон мисли он ки гирьён набошанд; ва шоддилон мисли он ки шоддил набошанд; ва харидорон мисли он ки хариде накарда бошанд;
31והנהנים מן העולם הזה כאלו אין להם הנאה ממנו כי עבור יעבר תאר העולם הזה׃
31Ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанл; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст.
32ואני חפצתי שתהיו בלי דאגה מי שאין לו אשה דאג לאשר לאדון איך ייטב בעיני האדון׃
32Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, гамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад;
33ומי שיש לו אשה דאג הוא לעניני העולם איך ייטב בעיני האשה׃
33Аммо марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорй мекунад, ки чӣ гуна ба завҷааш писанд афтад. Дар миёни зани шавҳардор ва бокира ҳам фарқе ҳаст:
34יש הבדל בין אשת איש לבתולה כי האשה אשר לא היתה לאיש דאגת לאשר לאדון ולהיות קדושה גם בגופה גם ברוחה ובעולת בעל דאגת היא לעניני העולם איך תיטב בעיני בעלה׃
34Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад, то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рӯҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳараш писанд афтад.
35וזאת אני אמר לתועלתכם ולא להשליך עליכם פח כי אם להנהגה טובה ולהיותכם נכונים תמיד לפני האדון באין מנע׃
35Инро ман ба фоидаи шумо мегӯям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пай дарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад.
36וכי יחשב איש למעשה שלא כהגן לבתולתו אם תעבר פרקה ודבר חובה הוא אז יעשה כאשר עם לבבו איננו חוטא ישיאנה׃
36Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ӯ он чи мехоҳад, бикунад, - гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд.
37ומי שהוא נכון בלבו ואיננו מכרח ויוכל לעשות כרצונו ויגמר זאת בלבו לשמר את בתולתו טוב עשה׃
37Аммо касе ки дар дили худ бағоят матин аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ допхга, дар дили худ азм кардааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, - ӯ кори хуб мекунад.
38לכן המשיא אתה טוב הוא עשה ואשר איננו משיא עשה טוב ממנו׃
38Бинобар ин, касе ки бокираи худро ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад.
39האשה קשורה לבעלה על פי התורה כל עת שהוא חי וכי מת בעלה אזי מתרת היא להנשא למי שתרצה ובלבד שתהיה באדון׃
39Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад.
40אבל אשריה יותר אם תעמד פנויה זאת דעתי ואחשב גם אני כי רוח אלהים בי׃
40Лекин, ба фикри ман, вай хушбахттар аст, агар бева бимонад; ва ба гумонам, ман низ Рӯҳи Худоро дорам.