1הלא שליח אנכי הלא חפשי אנכי הלא ראיתי את ישוע המשיח אדנינו הלא אתם פעלי באדנינו׃
1ОЁ ман ҳавворӣ нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед?
2ואם אינני שליח לאחרים אך לכם הנני שליח כי חותם שליחותי אתם באדנינו׃
2Агар барои дигарон ман ҳавворӣ набошам, барои шумо ҳастам, зеро ки мӯҳри ҳавворияти ман дар Худованд шумо ҳастед.
3וזאת התנצלותי כנגד הדנים אותי׃
3Хпфзи ман ба муқобили онҳое ки маро мазаммат мекунанд, хамин аст.
4האין רשות בידנו לאכל ולשתות׃
4Оё мо ҳаққи хӯрдан ва нӯншдан надорем?
5האין רשות בידנו להוליך עמנו אחות לאשה כמו גם השליחים האחרים וכמו אחי האדון וכמו כיפא׃
5Оё ҳақ начорем, ки мисли ҳаввориёни дигар ва бародарони Худованд ва Кифо завҷаи имондорро ҳамроҳи худ бибарем?
6אם לי לבדי ולבר נבא לא נתנה רשות להבטל ממלאכה׃
6Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем, ки кор накунем?
7מי הלך לצבא במשכרת של עצמו מי נטע כרם ולא יאכל את פריו מי רעה עדר ומחלב העדר לא יאכל׃
7Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи ҳудаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намеҳӯрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад?
8הכי לפי דרכו של אדם אני מדבר כזאת הלא גם התורה אמרת כן׃
8Оё инро ман фақат ба таври инсонӣ мегӯям? Ое шариат низ инро намегӯяд?
9כי כתוב בתורת משה לא תחסם שור בדישו הלשורים הושש האלהים׃
9Зеро ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст: "Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд". Оё Худо дар бораи барзаговон ғамҳорӣ мекунад?
10או אך למעננו מדבר אכן למעננו נכתב כי החרש יחרש אלי תקוה והדש ידוש אלי תקוה לקחת חלקו בתקוה׃
10Ё ки, албатта, барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст; зеро ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкӯб - бо умеди гирифтани саҳми худ хирман кӯбад.
11אם זרענו בכם עניני הרוח הכי דבר גדול הוא אם נקצר מכם עניני הבשר׃
11Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рӯҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки агар назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем?
12ואם לאחרים יש רשות עליכם הלא ביותר לנו אבל לא השתמשנו ברשות הזאת כי אם סבלנו את הכל לבלתי שום מעצור לבשורת המשיח׃
12Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, ое ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истифода набурдем, балки ҳар чизро тоқат мекунем, то ки ба башорати Масеҳ ҳеҷ мамониате нарасонем.
13הלא ידעתם כי עבדי עבדת הקדש אכלים מן הקדשים ומשרתי המזבח לקחים חלקם במזבח׃
13Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони курбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?
14כן תקן אדנינו גם הוא אשר יחיו המבשרים על הבשורה׃
14Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки воизони Инҷил аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд.
15ואנכי לא השתמשתי באחת מאלה וגם לא כתבתי זאת למען יעשה לי כזאת כי טוב לי המות מאשר ישים איש את תהלתי לריק׃
15Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад.
16אם אבשר את הבשורה אין לי תהלה כי החובה מטלת עלי ואוי לי אם לא אבשר׃
16Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!
17כי אם ברצוני אעשה כן יהיה לי שכר ואם בעל כרחי פקדת משמרתי היא׃
17Зеро, агар инро ба таври ихтиёрӣ ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад,ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.
18ועתה מה הוא שכרי הלא זה שאבשר בשורת המשיח בלא מחיר לבלתי השתמש להנאת עצמי ברשיון הנתן לי בבשורה׃
18Пас мукофоти ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам.
19כי בהיותי חפשי מכל עשיתי עצמי עבד לכל אדם למען אקנא את הרבים׃
19Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям;
20ואהי ליהודים כיהודי לקנות היהודים ואשר הם תחת התורה הייתי להם כמו תחת התורה למען קנות אותם אשר תחת התורה׃
20Барои яҳудиён чун яҳудй шудам, то ки яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то ки аҳли шариатро ҷалб намоям;
21לאלה אשר בלי תורה הייתי כבלי תורה אף כי אינני בלי תורת האלהים כי אם תחת תורת המשיח אנכי למען קנות אותם אשר בלי תורה׃
21Барои бешариатон чун бешариат шудам, - гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, - то ки бешариатонро ҷалб намоям;
22ולחלשים הייתי כחלש לקנות את החלשים הכל לכלם נהייתי למען בכל דרך אושיע אחדים׃
22Барои нотавонон чун нотавон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.
23ואת זאת אני עשה בעבור הבשורה למען אקח חלקי בה גם אנכי׃
23Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам.
24הלא ידעתם כי רצי המרוצה באסטדין רצים כלם ורק אחד מהם ישיג את שכר הנצוח ככה רוצו למען תשיגהו׃
24Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофот мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед.
25וכל העמד להאבק ינזר מכל דבר המה לקחת כתר נפסד ואנחנו לקחת כתר אשר איננו נפסד׃
25Ҳамаи риёзаткашон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи фонӣ, лекин мо барои гирифтани тоҷи ғайрифонӣ.
26לכן הנני רץ לא כמו בחשכה הנני נלחם לא כהולם רוח׃
26Бинобар ин ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад;
27כי אם אדכא את גופי ואשעבדנו פן אהיה אני הקורא לאחרים נאלח בעצמי׃
27Балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.