Hebrew: Modern

Tajik

1 Timothy

5

1אל תגער בזקן כי אם תזהירנו כאב לך ואת הצעירים כאחים׃
1ПИРАМАРДРО мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон;
2את הזקנות כאמות ואת הצעירות כאחיות ובכל טהרה׃
2Пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покй.
3כבד את האלמנות אשר באמת אלמנות הנה׃
3Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо.
4וכי יהיו לאלמנה בנים או בני בנים הם ילמדו לראשונה לעשות חסד עם ביתם ולשלם גמול לאבותם כי זה הוא טוב ורצוי לפני האלהים׃
4Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонй кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост.
5אבל האלמנה באמת אשר נשארה יחידה שמה אלהים מבטחה ומתמדת בתפלות ובתחנות לילה ויומם׃
5Бевазани ҳақиқй ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст,
6אך המענגה מתה היא בחייה׃
6Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр магузаронад, зинда ба зинда мурдааст.
7וזאת תצוה למען תהיינה בלא דפי׃
7Ана ҳаминро ба онҳо талқин намо, то ки беайб бошанд.
8אבל מי שלא יפרנס את קרוביו וביותר את בני ביתו כפר באמונה והוא גרוע מאשר איננו מאמין׃
8Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст.
9אלמנה אל תבחר זולתי בת ששים שנה ואשר היתה אשת איש אחד׃
9Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад
10ויש לה עדות על מעשיה הטובים שגדלה בנים והכניסה ארחים ירחצה את רגלי הקדשים ותמכה את העשוקים ורדפה כל מעשה טוב׃
10Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирй намуда ва ҳар амали некро пайравй карда бошад.
11אבל האלמנות הצעירות אל תקבל כי בהטות יצרן את לבן מן המשיח חשקות הן להיות לאיש׃
11Лекин бевазанони ҷавонро қабул накун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, мехоҳанд никоҳ кунанд;
12ודינן עליהן כי בגדו באמונתן הראשונה׃
12Бинобар ин маҳкум хоҳанд шуд, чунки имони пештараро рад кардаанд;
13ועוד בהיותן עצלות למדו לשוטט מבית לבית ולא לבד עצלות כי אף מפטפטות ורדפות אחר חדשות ומדברות את אשר לא יתכן׃
13Илова бар ин, азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд, - ва на танҳо бекоранд, балки низ лаққӣ ва кунҷков буда, суханоне мегӯянд, ки шоиста нест.
14על כן רצוני כי הצעירות תהיינה לאיש ללדת בנים ולהנהיג את בתיהן ולא לתת לאיב תאנה לחרף׃
14Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад:
15כי יש מהן אשר כבר סרו אחרי השטן׃
15Зеро ки баъзе аз онҳо аз паи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд.
16בן אמונה או בת אמונה שיש להם אלמנות יעזרו אתן ולא תהיינה למשא על הקהל כדי שיוכל להספיק לאלה אשר הנה אלמנות באמת׃
16Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар Калисо гаронӣ накунад, то ки Калисо ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад.
17הזקנים המיטיבים לנהל ראוים הם למשנה כבוד וביותר העמלים בדבר ובהוראה׃
17Пироне ки нағз сардорй мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, алалхусус онҳое ки дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд.
18כי הכתוב אמר לא תחסם שור בדישו ועוד נאמר הפעל שוה בשכרו׃
18Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст: "Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд"; ва боз: "Меҳнаткаш музди худро сазовор аст".
19אל תקבל שטנה על הזקן בלתי אם על פי שנים או שלשה עדים׃
19Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун.
20את החטאים תוכיח בפני כל למען ייראו גם האחרים׃
20Хатокоронро дар ҳузури ҳама танбеҳ намо, то ки дигарон низ битарсанд.
21הנני מעיד בך נגד האלהים ואדנינו ישוע המשיח ונגד בחירי המלאכים אשר שמור תשמר את זאת בלי משפט נמהר ולא תעשה דבר במשא פנים׃
21Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намой ва ҳеҷ коре бо рӯйбинй накунӣ.
22אל תהי נמהר בסמיכת ידיך על אדם ולא תשתתף לחטאת אחרים שמר את נפשך בטהרה׃
22Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор.
23אל תרבה לשתות עוד מים כי אם קח מעט יין בעבור בטנך ואשר פעמים רבות חלה אתה׃
23Минбаъд оби танҳо нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар.
24יש בני אדם אשר חטאתיהם גלויות ומקדימות לדין ויש מהם אשר הנה הלכות אחריהם׃
24Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сӯи маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад.
25וככה גם המעשים הטובים גלוים המה ואשר אינם כן לא יוכלו להסתר׃
25Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пшгҳон монда наметавонад.