1פולוס שליח ישוע המשיח ברצון אלהים וטימותיוס אחינו אל קהלת אלהים אשר בקורנתוס עם כל הקדשים אשר באכיא׃
1ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс, ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд:
2חסד לכם ושלום מאת האלהים אבינו ואדנינו ישוע המשיח׃
2Файз ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3ברוך האלהים ואבי אדנינו ישוע המשיח אב הרחמים ואלהי כל הנחמה׃
3Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло,
4המנחם אתנו בכל לחצנו עד שנוכל לנחם הנלחצים בכל לחץ בנחמה אשר אנחנו מנחמים בה מאת האלהים׃
4Ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо апдӯҳгинонро дар ҳар андӯҳащон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аэ Худо меёбем.
5כי כרב ענויי המשיח בנו כן תרבה נחמתנו על ידי המשיח׃
5Зеро ба андозае ки уқубатҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллои мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд.
6והנה אם נלחץ הוא לנחמתכם ולישועתכם אשר יראה כחה בסבלכם הענוים אשר נסבל אתן גם אנחנו ואם ננחם גם הוא לנחמתכם ולישועתכם׃
6Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасалло ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи дидани Ҳамон уқубатҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; ва агар тасалло ёбем, ин ҳам барои тасалло ва наҷоти шумост;
7ותקותנו בעדכם נכונה היא באשר ידענו כי כאשר חלק לכם בענוים כן גם חלק לכם בנחמה׃
7Ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар уқубатҳо ва ҳам дар тасалло шумо шарик хастед.
8כי לא נכחד מכם אחי את צרתנו אשר מצאתנו באסיא אשר כבדה עלינו עד למאד ויותר מכחנו עד כי נואשנו מן החיים׃
8Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз кувва берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагй ҳам умеди худро кандем;
9ואנחנו בלבבנו חרצנו לנו את המות למען לא נהיה בטחים בנפשנו כי אם באלהים המחיה את המתים׃
9Ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳьёкунандаи мурдагон,
10אשר הצילנו ממות כזה ועודנו מציל ולו אנחנו מקוים כי יוסיף להצילנו׃
10Ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард,
11בעזרכם אתנו בתפלתכם למען יודו רבים בעדנו על מתנת החסד שהיתה לנו על ידי רבים׃
11Бо мадади дуое ки щумо низ барои мо мегӯед, то ки барои он эҳсоне ки бо шафоати касони бисьёр ба мо ато шудааст, касони бисьёр барои мо шукргузор бошанд,
12כי זאת היא תהלתנו עדות לבבנו אשר בתם וישר אלהים התהלכנו בעולם וביותר אתכם ולא בחכמת הבשר כי אם בחסד אלהים׃
12Зеро фахри мо ин аст, ки вичдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.
13כי לא נכתב לכם כי אם מה שאתם קראים או גם ידעים׃
13Ва мо маҳз онро ба шумо менависем, ки шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир хоҳед фаҳмид,
14ואקוה כי כאשר ידעתם אתנו למקצת אף תדעו עד תכלית כי אנחנו תהלתכם כאשר גם אתם תהלתנו ביום אדנינו ישוע׃
14Чунон ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки мо барои шумо мавриди фахр хоҳем буд, чунон ки шумо низ барои мо, дар рӯзи Масеҳи Худованди мо.
15ובבטחון הזה חפצתי לבוא אליכם מראש למען תקבלו טובה פעמים׃
15Ва бо ҳамин эътимод ман ният доштам аввал назди шумо биёям, то ки дубора файз ёбед,
16ולעבר בתוככם אל מקדוניא ולשוב ממקדוניא אליכם ואתם תשלחוני אל ארץ יהודה׃
16Ва аз мавзеи шумо ба Макдуния гузашта равам ва боз аз Макдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудо гусел кунед.
17ועתה הכי נמהר הייתי בעצתי אם אשר יעצתי לפי הבשר יעצתי והיה אצלי פעם הן הן ופעם לא לא׃
17Пас, модоме ки чунин ният доштам, ое бемулоҳиза рафтор кардам? Ё ки он чи ман иқдом менамоям, оё ба ҳасби чисм иқдом менамоям, ба тавре ки дар ман гоҳ "оре, оре", гоҳ "не, не" мешавад?
18אכן נאמן האלהים כי דברנו אליכם לא היה הן ולא׃
18Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ "оре", гоҳ "не" набуд.
19כי בן האלהים ישוע המשיח הנקרא בתוככם על ידינו על ידי ועל ידי סלונוס וטימותיוס הוא לא היה הן ולא כי היו היה בו רק הן׃
19Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, "оре" ва "не" набуд, балки дар Ӯ фақат "оре" буд, -
20כי כל הבטחות האלהים כלן בו היו הן ובו היו אמן לכבוד האלהים על ידינו׃
20Зеро ки ҳамаи ваъДаҳои Худо дар Ӯ "оре" буд ва дар Ӯ "омин" буд, - барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо.
21והמכונן אותנו אתכם במשיח ואשר משחנו הוא האלהים׃
21Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост,
22אשר גם חתמנו ואשר נתן בלבנו את ערבון הרוח׃
22Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст.
23ואני את אלהים אקרא להיות עד לנפשי כי בעבור היותי חס עליכם לא באתי עוד לקורנתוס׃
23Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки шуморо амон дода, то ҳол ба Қӯрингӯс наомадаам,
24לא שנמשל באמונתכם כי אם עזרים אנחנו לשמחתכם כי באמונה עמדתם׃
24На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.