1הן ידענו כי בהרס בית אהלנו אשר בארץ יש לנו בנין מאת האלהים בית אשר איננו מעשה ידים והוא לעולם בשמים׃
1ЗЕРО медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.
2כי גם עתה נאנחים ונכספים אנחנו להתעטף בביתנו אשר מן השמים׃
2Аз ин рӯ мо оҳ мекащем, дар орзуи он ки хонаи худро, ки дар осмон аст, дар бар кунем:
3באשר אחרי לבשנהו לא נמצא ערמים׃
3То ки мо, либосе дар бар дошта бошем ҳам, бараҳна ёфт нашавем.
4כי גם עתה באהלנו זה נאנח מפני הכבד ולא חפצנו להתפשט כי אם להתעטף למען יבלע המות על ידי החיים׃
4Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кащем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда щавад.
5והמכין אתנו לזאת הוא האלהים אשר אף נתן לנו את ערבון הרוח׃
5Худо моро маҳз барои ҳамин ба вуҷуд оварда, ба мо гарави Рӯҳро додааст.
6לכן בטוחים אנחנו בכל עת וידעים כי כל עוד שמושבנו בגוף רחוקים אנחנו מן האדון׃
6Бинобар ин мо ҳамеша зиндадил ҳастем; чун медонем, ки то даме ки дар ҷисм макон гирифтаем, мо аз Худованд дур мебошем, -
7כי באמונה נתהלך ולא בראות עינים׃
7Зеро ки бо имон рафтор мекунем, на бо дидор, -
8אמנם בטוחים אנחנו ונבחרה לנו להתרחק מן הגוף ולהיות קרובים אל האדון׃
8Пас зиндадил ҳастем ва афзал медонем, ки аз ҷисм берун рафта, назди Худованд макон гирем,
9על כן גם נשתדל אם קרובים אם רחוקים להיות לו לרצון׃
9Ва ба ин сабаб саъю кӯшиш менамоем, ки хоҳ дар ин макон бошем ва хоҳ набошем, ба Ӯ мақбул афтем;
10כי כלנו עתידים להראות לפני כסא דין המשיח למען יקבל איש ואיש כפי פעלו בחיי גופו אם טוב ואם רע׃
10Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад.
11ועתה יען אשר ידענו יראת האדון נדבר על לב בני אדם ולאלהים אנחנו גלוים ואקוה כי גלוים אנחנו גם במדעכם׃
11Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворем, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорем.
12כי אין אנחנו משתבחין שנית אליכם אך נתנים לכם סבה להתפאר בנו לנגד המתפארים בפנים ולא בלב׃
12Худро ба шумо аз нав муаррифй намекунем, балки ба шумо асосе медиҳем барои он ки бо мо фахр намоед, то шумо ҷавобе дошта бошед барои онҳое ки бо чизи зоҳирӣ фахр менамоянд, на бо он чи дар дил аст.
13כי אם השתגענו לאלהים היתה זאת ואם השכלנו לכם היתה׃
13Зеро, агар мо бехуд шуда бошем, ин барои Худост; ва агар солимфикр бошем, ин барои шумост.
14כי אהבת המשיח דחקת אתנו בהיותנו דנים אשר אם מת אחד בעד כלם כלם מתו׃
14Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд.
15ובעד כלם מת למען לא יחיו החיים עוד לנפשם כי אם לאשר מת ויקם בעדם׃
15Ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳьё шуд.
16לכן מעתה אנחנו לא נדע איש לפי הבשר וגם אם ידענו את המשיח לפי הבשר מעתה לא נדעהו עוד׃
16Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро ба ҳасби ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро ба ҳасби ҷисм шинохта бошем, алҳол дигар намешиносем.
17ובכן מי שהוא במשיח בריאה חדשה הוא הישנות עברו והנה הכל נהיה לחדש׃
17Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.
18והכל מאת האלהים המרצה אתנו לעצמו על ידי ישוע המשיח ויתן לנו שרות הרצוי׃
18Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд,
19יען אשר אלהים היה במשיח מרצה את העולם לעצמו ולא חשב להם את פשעיהם וישם בנו את דבר הרצוי׃
19Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд.
20לכן מליצי המשיח אנחנו וכאלו האלהים מזהיר אתכם על ידנו נבקש מכם בעד המשיח התרצו נא אל האלהים׃
20Пас, мо элчиёни Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳишманд аст. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед.
21כי את אשר לא ידע חטאת אתו עשה לחטאת בעדנו למען נהיה בו אנחנו לצדקת אלהים׃
21Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.