1והננו מודיעים אתכם אחי את חסד אלהים הנתן בקהלות מקדוניא׃
1ШӮМОРО, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба калисоҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоем;
2כי ברב נסיון הלחץ רבתה שמחתם ושפלות רישם העדיפה להראות עשר תמתם׃
2Зеро ки дар миени имтиҳони бузурги андӯҳҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар ҳиммати баландашон пурра зоҳир шуд;
3כי מעיד אנכי אשר לפי כחם ויותר מכחם התנדבו׃
3Зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо алоқадри қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд:
4ויבקשו ממנו ברב תחנונים להיות חברינו בגמילות חסדם לעזרת הקדשים׃
4Онҳо бо камоли исрор аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд;
5ולא כאשר הוחלנו כי אם את עצמם נתנו בראשונה לאדון וגם לנו ברצון האלהים׃
5Ва на факат ба тавре ки мо чашм доштем, балки худашонро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва сониян ба мо низ мувофиқи иродаи Худо;
6עד כי בקשנו מן טיטוס כאשר החל כן גם לגמור בכם את גמילות החסד הזאת׃
6Бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чӣ тавре сар кардааст, ҳамон тавр ин кори хайрро ҳам дар миёни шумо ба анҷом расонад.
7אבל כאשר הותרתם בכל באמונה ובדבור ובדעת ובכל זריזות ובאהבתכם אתנו כן גם תותירו בחסד הזה׃
7Амлю, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзунй доред, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзунӣ зоҳир намоед.
8ואינני אמר זאת בדרך צווי כי אם לבחן על ידי זריזות אחרים גם את אמתת אהבתכם׃
8Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям.
9כי ידעים אתם את חסד אדנינו ישוע המשיח כי בהיותו עשיר נעשה רש בעבורכם למען תעשירו על ידי רישו׃
9Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро лтедонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.
10ואחוה את דעתי בדבר הזה כי זאת להועיל לכם אשר הקדמתם כבר בשנה שעברה לא לעשות בלבד כי גם לחפץ׃
10Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ки ин ба шумо фоиданок аст, чунки на танҳо ба ин кор шурӯъ намудаед, балки соли гузашта онро орзу ҳам карда будед.
11ועתה גם השלימו את המעשה למען כאשר התנדבתם לעשות כן גם תגמרו כפי יכלתכם׃
11Ва акнун худи корро низ ба охир расонед, то ки он чи шумо орзуи ба амал овардан доштед, алоқадри ҳолатон анҷом ёбад.
12כי בהמצא לאיש רוח נדיבה רצויה היא לפי מה שיש לו ולא לפי מה שאין לו׃
12Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.
13כי לא למען תהיה רוחה לאחרים ולכם צוקה כי אם בשווי ימלא יתרכם בעת הזאת את מחסורם׃
13На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ:
14למען גם יתרם יהיה למלא מחסרכם כדי להשות׃
14Алҳол зиедатии шумо камии онҳоро пур мекунад, то ки баъд зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд,
15ככתוב לא העדיף המרבה והממעיט לא החסיר׃
15Чунон ки навишта шудааст: "Касе ки бисьёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷалгь карда буд, камӣ надошт".
16ותודות לאלהים הנותן גם בלב טיטוס לשקד עליכם בשקידה כזאת׃
16Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст,
17כי שמע לבקשתנו ובשקידתו היתרה הלך אליכם מרצון נפשו׃
17Зеро ки ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо ихтиёри худ сӯи шумо равона шуд.
18ועמו יחדו שלחנו האח אשר יצא שבחו בבשורה בכל הקהלות׃
18Бо ӯ мо бародареро равона кардем, ки дар ҳамаи калисоҳо барои башорат лоиқи таҳсин гардидааст,
19ומלבד זאת גם נבחר הוא מאת הקהלות ללכת אתנו להביא החסד הזה הגבוי על ידינו לכבוד האדון ולאמץ לבבכם׃
19Ва ғайр аз ин, аз ҷониби калисоҳо таъин шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳӣ кунад, ки хизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва мувофиқи ҷидцу ҷаҳди шумо ба ҷо меоварем,
20ונשמר בזאת שלא יוציא איש עלינו דבה רעה בשפעת המתנה הזאת הגבויה על ידינו׃
20Ва эҳтиёт мекунем аз он ки касе дар ҳаққи мо бӯҳтоне нагӯяд, оид ба ин ионати фаровоне ки бо хизмати мо ба даст оварда мешавад;
21כי משגיחים אנחנו על הטוב לא לפני האדון לבד כי גם לפני האדם׃
21Зеро ки мо кори некро на танҳо ба ҳузури Худованд, балки пеши мардум низ пешбинӣ мекунем.
22ונשלח עמהם את אחינו אשר בחנו את שקידתו פעמים רבות בדברים הרבה ועתה הוא שקוד עוד יותר בגדל בטחונו עליכם׃
22Бо онҳо мо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ӯро дар бисьёр чизҳо дафъаи бисьёр имтиҳон намудаем, ва алҳол ҷидду ҷаҳдаш, азбаски ӯ ба шумо эътимоди бузург дорад, боз ҳам зиёд шудааст.
23אם לטיטוס הנה חברי הוא ועזרי בכם ואם לאחינו הנה שלוחי הקהלות הם ותפארת המשיח׃
23Дар хусуси Титус бошад, ӯ рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар хусуси бародарони мо бошад, онҳо фиристодагони калисоҳо ва ҷалоли Масеҳ мебошанд.
24על כן הראו והוכיחו להם לפני הקהלות את אהבתכם ואת תהלתנו עליכם׃
24Пас, муҳаббати худро, ва он фаҳреро, ки мо аз шумо дорем, пеши калисоҳо ба онҳо исбот кунед.