1וירד חנניה הכהן הגדול אחרי חמשת ימים ואתו הזקנים וטרטלוס איש דברים ויודיעו את ההגמון את דבר ריבם עם פולוס׃
1БАЪД аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллӯс ном нотиқе омад, ва онҳо ншкояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд.
2ויהי כאשר קראו לו ויחל טרטלוס לשטנו ויאמר׃
2Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллус ба айбдор кардани ӯ шурӯъ намуда, гуфт:
3את אשר ישבנו על ידך בשלום רב ואשר נעשו תקנות רבות לעם הזה בהשגחתך נקבל על כל פנים ובכל מקום בכל תודה פיליכס האדיר׃
3«Эй Феликси мӯҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо камоли миннатдорӣ зътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли ғамхӯрии ту ин қавм ба некӯаҳволй расидааст;
4אך לבלתי הלאותך הרבה אתחנן אליך אשר תשמענו בקצר דברינו כחמלתך׃
4«Вале, барои он ки туро бисьёр заҳмат надиҳам, аз ту ҳоҳишмандам, ки илтифот намуда, мухтасаран арзи моро бишнавй:
5כי מצאנו את האיש הזה כקטב ומגרה מדינים בין כל היהודים על פני תבל והוא ראש כת הנצרים׃
5«Зеро ки ин одамро фасодангез ёфтаем, ки ӯ дар миени ҳамаи яҳудиёни рӯи олам ошӯб меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад,
6והוא גם נסה לחלל את המקדש ונתפש אותו ונחפץ לשפטו על פי תורתנו׃
6«Ва ҳатто саъю кӯшиш намудааст, ки маъбадро палид гардонад, ва мо ӯро дастгир кардем, то ки аз рӯи шариати худ бар ӯ доварӣ намоем,
7ויבא עלינו לוסיאס שר האלף ברב כח ויחטפהו מידינו׃
7«Аммо Лисиеси мириҳазор омада, ӯро бо зӯрӣ аз дасти мо гирифт
8ויצו את שטניו כי בוא יבאו לפניך ואתה כי תחקר אתו תוכל לדעת מפיהו את כל הדברים האלה אשר אנחנו טענים עליו׃
8«Ва амр фармуд, ки даъвогарони ӯ назди ту биёянд; ҳудат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ӯ даъво дорем, аз худи ӯ бифаҳмй».
9וימלאו היהודים את דבריו לאמר כי כן הוא׃
9Яҳудиён суханони ӯро тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст.
10וירמז ההגמון אל פולוס לדבר ויען ויאמר יען אשר ידעתי כי זה כמה שנים שופט אתה לעם הזה הנני מצטדק בלב בטוח על עניני׃
10Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гӯяд, ӯ ба ҷавоб гуфт: «Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин қавм ҳастй, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям;
11אתה תוכל לדעת אשר לא עברו יותר משנים עשר יום מעת עלותי ירושלים להשתחות׃
11«Ту метавонӣ бифаҳмӣ, ки аз дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст, ки ман барои ибодат ба Ерусалим рафта будам;
12ולא במקדש מצאוני מתוכח עם איש או מעורר מהומה בעם ולא בבתי הכנסיות ולא בעיר׃
12«Ба маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар маъбад, ё дар куништҳо ва ё дар шаҳр бо касе мубоҳиса карда бошам ё ки дар байни мардум ошӯб андохта бошам;
13גם אין ביכלתם להוכיח עלי את אשר עתה הם שטנים אותי׃
13«Низ он чиро, ки ҳоло бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд;
14אבל את זאת מודה אני לפניך כי בדרך ההיא אשר יקראוה בשם כת בה אני עבד את אלהי אבותינו בהאמיני בכל הכתוב בתורה ובנביאים׃
14«Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рӯи тарикате ки онҳо бидъат меноманд, ман дар ҳақиқат Худои падаронро ибодат менамоям, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам
15ותקותי לאלהים אשר גם הם יחכו לה זאת היא כי עתידה להיות תחית המתים לצדיקים ולרשעים׃
15«Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳьёи мурдагон дар пеш аст;
16ובזאת גם עמלתי להיות תמים לב לאלהים ולאדם תמיד׃
16«Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам наэди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;
17ומקץ שנים רבות באתי להביא נדבות לעמי ולהקריב קרבן׃
17«Баъд аз чандин сол ман омадам, то ки ба халқи худ садақот биёрам ва ҳадия пешкаш бикунам,
18ואהי מטהר במקדש לא בהמון עם ולא במהומה וכן מצאוני אנשים יהודים מאסיא׃
18«Ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар маъбад чанд нафар яхудиёни вилояти Осиё диданд,
19אשר עליהם היה לעמד הנה לפניך ולענות בי אם היה להם דבר נגדי׃
19«Ки онҳо низ мебоист дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе бар зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд,
20או אלה ידברו נא המה מה מצאו בי עול בעמדי לפני הסנהדרין׃
20«Ё худи инҳо бигӯянд, ки аз ман, вақте ки назди шӯрои пирон истода будам, чй хатое дидаанд,
21בלתי אם הדבר האחד ההוא אשר קראתי בעמדי בתוכם כי על תחית המתים אני נדון היום לפניכם׃
21«Чуз он як сухан, ки дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои эҳьёи мурдагон имрӯз пеши шумо муҳокима карда мешавам».
22ויהי כשמע פיליכס את הדרים האלה ויאחר את דינם לעת אחרת כי עניני הדרך הזאת נודעו לו היטב ויאמר ברדת אלי לוסיאס שר האלף אשפט על דברכם׃
22Феликс, ки аз ин тариқат ба ҳубӣ огоҳй дошт, муҳокимаро ба таъхир андохта, гуфт: «Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш хоҳам кард».
23ויצו את שר המאה לשום אתו במשמר ולתת לו רוחה ולבלתי מנע איש ממידעיו משרת אתו ומבוא אליו׃
23Ва ба мирисад амр фармуд, ки Павлусро дар бандиҳона нигоҳ дорад, лекин ба ӯ сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои ҳизмат ё мулоқоти ӯ меоянд, монеъ нашавад.
24ואחרי ימים אחדים בא פיליכס עם אשתו דרוסלה והיא יהודית וישלח לקרא לפולוס וישמע אתו על דבר האמונה במשיח׃
24Баъд аз чанд рӯз Феликс бо ҳамсари ҳуд Друсила, ки занаки яҳудй буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард.
25ויהי כדברו על הצדק והפרישות ועל הדין העתיד לבוא ויחרד פיליכס ויען עתה זה לך ולכשאפנה אשוב לקרא לך׃
25Аммо вақте ки ӯ дар бораи адолат, парҳезгорй ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард».
26והוא מקוה כי פולוס יתן לו שחד למען יתירהו ובעבור זה קרא לו פעמים הרבה וידבר עמו׃
26Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ки ӯро озод кунад; бинобар ин ӯро дам ба дам даъват намуда, бо ӯ мусоҳиба мекард.
27ויהי מקץ שנתים ימים ויקם פרקיוס פסטוס תחת פיליכס ופיליכס חפץ להתרצות אל היהודים ויעזב את פולוס חבוש בבית האסורים׃
27Лекин баъд аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро хурсанд созад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.