Hebrew: Modern

Tajik

Acts

28

1וכאשר נמלטנו נודע לנו כי שם האי מליטי׃
1ВАҚТЕ ки раҳо шудем, фаҳмидем, ки он ҷазира Малит ном дорад.
2והנכרים לא המעיטו חסדם עמנו כי בערו אש ויאספו את כלנו אליהם מפני הגשם היורד ומפני הקר׃
2Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонй намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрӯҳта, ҳамаамонро пазироӣ карданд.
3ופולוס אסף לו ערמת קצים וישם על המוקד ומן החם יצא אפעה ויאחז בידו׃
3Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид.
4ויראו הנכרים את החיה תלויה על ידו ויאמרו איש אל רעהו אכן רצח האיש הזה אשר הנקמה לא הניחה לו לחיות אף כי נמלט מן הים׃
4Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ӯ овезон диданд, ба якдигар гуфтанд: «Бидуни шакку шубха, ин шахс қотил аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ӯ зинда бимонад».
5והוא נער את החיה מעל ידו אל תוך האש ולא הרעה לו מאומה׃
5Аммо ӯ ҷонварро дар оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид.
6והם הוחילו אשר יצבה גופו או אשר יפל מת פתאם ויחילו עד בוש והנה לא קרהו כל אסון ויהפך לבם ויאמרו כי אלהים הוא׃
6Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ӯ баногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисьёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ӯ нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ӯ Худое мебошад.
7ובסביבו המקום ההוא היו שדות אשר לראש אנשי האי ושמו פובליוס הוא הביא אתנו לביתו ויכלכל אתנו בטובו שלשת ימים׃
7Дар наздикиҳои он мавзеъ амлоки сардори ҷазира буд, ки ӯ Публюос ном дошт; ӯ моро ба хонаи худ оварда, се рӯз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд.
8ואבי פובליוס מוטל למשכב בקדחת ובמחלה המעים ויבא אליו פולוס ויתפלל וישם עליו את ידיו וירפאהו׃
8Падари Публиюс гирифтори табларза ва дарди ишкам шуда хобида буд, ва Павлус назди вай омад ва дастҳои худро бар вай гузошта, вайро шифо дод.
9ואחרי המעשה הזה באו גם החלים האחרים אשר באי וירפאו׃
9Баъд аз ин вокеа дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтапд,
10ויכבדנו כבוד גדול ובלכתנו משם ספקו לנו די צרכנו׃
10Ва моро хеле иззату ҳурмат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд.
11ואחרי שלשת חדשים עברנו משם באניה אלכסנדרית אשר ישבה באי בימי הסתו ואות דגלה התאומים׃
11Пас аз се моҳ ба киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронда буд, савор шудем
12ונבא אל סרקוסא ונשב שם שלשת ימים׃
12Ва ба Саркузо расида, дар он ҷо се рӯз мондем;
13משם סבנו ונבא אל רגיון ובנשב רוח דרומית ביום המחרת באנו ביום השני אל פוטיולי׃
13Аз он ҷо равона шуда, ба Риғюн омадем; азбаски баъд аз як рӯз боди ҷанубӣ вазид, рӯзи дуюм вориди Пӯтюлӣ шудем;
14ושם מצאנו אחים ויבקשו ממנו לשבת אתם שבעת ימים ובכן הלכנו אל רומי׃
14Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рӯз назди онҳо мондем ва сонӣ роҳи Румро пеш гирифтем.
15וישמעו האחים את בואנו ויצאו משם לקראתנו עד לשוק אפיוס ועד לשלשת החניות וירא אתם פולוס ויודה לאלהים ויתחזק׃
15Бародарони он ҷо, чун аз омадани мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарое ки "Се майхона" ном дошт, ба истиқболи мо омаданд, ва Павлус онҳоро дида, ба Худо шукргузорй кард ва қавидил гашт.
16ואחר באנו אל רומי העביר שר המאה את האסירים אל שר הצבא ולפולוס הניחו לשבת לבדו עם איש הצבא השמר אותו׃
16Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ӯро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае иқомат кунад.
17ויהי אחרי שלשת ימים ויקרא פולוס אליו את ראשי היהודים ויקהלו אליו ויאמר אליהם אנשים אחים אף כי לא מעלתי מעל בעמנו ובחקות אבותינו אסרוני בירושלים וימסרוני לידי הרומיים׃
17Баъд аз се рӯз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва расму таомули падарон накардаам, маро дар Ерусалим бандӣ карда, ба дасти румиён супурданд;
18והם אחרי חקרם אתי אמרו לפטרני כי לא נמצא בי משפט מות׃
18«Онҳо, баъд аз тафтиш, мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам;
19והיהודים קמו בי ואאנס לקרא את הקיסר לדיני אך אין נפשי לשטון את עמי בדבר׃
19«Аммо азбаски яҳудиён мухолифат карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на аз барои он ки аз қавми худ шикояте кунам;
20ובעבור זאת קראתי לכם לראותכם ולדבר עמכם כי בגלל תקות ישראל אסור אני בכבל הזה׃
20Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то ки бо шумо воҳӯрда гуфтугӯ кунам, зеро ки аз барои умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам».
21ויאמרו אליו לא קבלנו על אדותיך אגרות מארץ יהודה ולא בא הנה אחד מן האחים אשר הגיד או דבר עליך דבר רע׃
21Ба ӯ гуфтанд: «Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудо нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё суҳани баде нагуфтааст;
22אמנם חפצים אנחנו לשמע את אשר בלבבך כי נודע לנו אשר בכל מקום יריבו אל הכת הזאת׃
22«Лекин ҳоҳишмандем, ки фикру ақидаи туро аз худат бишнавем, зеро ба мо маълум аст, ки дар бораи ин фирқа дар ҳама ҷо ҷидол мекунанд».
23וישימו לו יום מועד ויבאו אליו רבים אל מלונו ויעד בהם ויבאר את מלכות אלהים ויוכח להם עניני ישוע מתורת משה ומן הנביאים מבקר עד ערב׃
23Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисьёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард.
24ויש אשר שמעו אל דבריו ויש אשר לא האמינו׃
24Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд.
25ויחלקו בדעתם ויסורו ללכת לדרכם בדבר פולוס הדבר האחד הזה היטב דבר רוח הקדש לאבותינו בפי ישעיהו הנביא לאמר׃
25Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: «Рӯҳулқудс ба василаи Ишаъёи набй ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:
26לך ואמרת לעם הזה שמעו שמוע ואל תבינו וראו ראו ואל תדעו׃
26"Назди ин қавм бирав ва бигӯ: бо гӯшҳои шунаво хоҳед нгунид, вале нахоҳед фаҳмид; ва бо чашмҳои бино хоҳед нигарист, вале нахоҳед дид;
27כי שמן לב העם הזה ואזניו כבדו ואת עיניו השע פן יראה בעיניו ובאזניו ישמע ולבבו יבין ושב ורפאתיו׃
27"Зеро ки дили ин қавм саҳт ва гӯшҳошон вазнин ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмҳо бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дил бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд, то ки онҳоро шифо баҳшам".
28לכן דעו כי לגוים נשלחה תשועת אלהים והמה ישמעו׃
28Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияхудиён фиристода игудааст, ва онҳо хоҳанд шунид».
29ויהי בדברו זאת הלכו מאתו היהודים ויתוכחו הרבה איש עם רעהו׃
29Чун инро гуфт, яхудиен рафтанд, дар ҳолате ки бо якдигар бисьёр мубоҳиса мекарданд.
30ופולוס ישב שנתים ימים בביתו אשר שכר לו ויקבל את כל הבאים אליו׃
30Павлус ду соли тамом дар ҳонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ӯ меомад, пазирой менамуд
31ויקרא את מלכות האלהים וילמד את דרכי ישוע המשיח אדנינו בכל בטחון לבו ואין מנע׃
31Ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ Тариқати Исои Масеҳи Худовандро бемалол таълим медод.