Hebrew: Modern

Tajik

Acts

4

1ויהי בדברם אל העם ויקומו עליהם הכהנים ונגיד בית המקדש והצדוקים׃
1ҲАНГОМЕ ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд,
2כי חרה להם על אשר למדו את העם והגידו בישוע את תחית המתים׃
2Зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо эҳьёи мурдагонро мавъиза менамуданд,
3וישלחו בהם את ידיהם וישימום במשמר עד למחר כי כבר בא הערב׃
3Ва дасти тааддӣ 6а онҳо дароз карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро ки шомгоҳ буд.
4ורבים מהשמעים את הדבר האמינו ויהי מספר האנשים כחמשת אלפים׃
4Аммо бисьёре аз щунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.
5ויהי ממחרת ויקהלו שריהם ראשיהם וזקניהם וסופריהם ירושלים׃
5Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Ерусалим ҷамъомаде барпо карданд,
6וחנן הכהן הגדול וקיפא ויוחנן ואלכסנדרוס וכל אשר ממשפחת הכהן הגדול׃
6Ва Ҳонони саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва ҳамаи аъзоёни хонаводаи саркоҳин ҳузур доштанд,
7ויעמידו אתם בתוך וישאלום באי זה כח ובאי זה שם עשיתם זאת׃
7Ва онҳоро дар миёнаҷо ба по ҳезонда, пурсиданд: «Ба кадом қувват ва ба кадом исм ин корро кардаед?»
8וימלא פטרוס רוח הקדש ויאמר אליהם אתם ראשי העם וזקני ישראל׃
8Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: «Эй сардорони қавм ва пирони Исроил!
9אם אנחנו נחקרים היום על הטובה אשר עשינו לאיש חולה ושאלתם במה זה נושע׃
9«Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед ва мехоҳед бидонед, ки вай ба чӣ васила шифо ёфтааст,
10יודע לכלכם ולכל עם ישראל כי בשם ישוע המשיח הנצרי אשר צלבתם אותו ואשר האלהים הקימו מן המתים כי בשמו עמד זה לפניכם בריא׃
10«Пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд, - оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст:
11והוא האבן אשר מאסתם אתם הבונים ותהי לראש פנה׃
11«Ӯ ҳамон сангест, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он ҳоло санги сари гӯшаи бино гардидааст.
12ואין הישועה באחר ואין תחת השמים שם אחר הנתן לבני אדם אשר בו נושע׃
12«Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем».
13ויהי כאשר ראו את בטחון לב של פטרוס ויוחנן והבינו כי הדיוטים ולא בעלי חכמה המה ויתמהו עליהם ויכירום כי התהלכו עם ישוע׃
13Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва оддӣ ҳастанд, мутааҷҷиб шуданд ва онҳоро шиноҳтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд;
14ובראותם את האיש הנרפא עמד אצלם לא מצאו לדבר נגדם דבר׃
14Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд.
15ויצוו אתם לצאת חוצה מן הסנהדרין ויתיעצו יחדו׃
15Ба онҳо амр фармуданд, ки аз шӯрои пирон берун бираванд; пас аз он бо яқдигар машварат карданд
16ויאמרו מה נעשה לאנשים האלה הנה אות גלוי נעשה על ידיהם וגם מפרסם לכל ישבי ירושלים ולא נוכל לכחש בו׃
16Ва гуфтанд: «Бо ин одамон чӣ кунем? Инак баҳамаи сокинони Ерусалим маълум шудааст, ки онҳо мӯъҷизаи ба назар намоёне ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем;
17אך למען לא ירבה הדבר בעם ויפרץ נזהירה אתם בגערה לבלתי דבר עוד לכל אדם בשם הזה׃
17«Аммо барои он ки бештар аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро саҳт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин исм гап назананд».
18ויקראו אתם ויצוום אשר לא ידברו דבר ולא ילמדו בשם ישוע׃
18Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ исми Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд.
19ויענו פטרוס ויוחנן ויאמרו אליהם הנכון הוא לפני האלהים שמע לכם יתר משמע לאלהים שפטו אתם׃
19Вале Петрус ва Юҳанно ба ҷавоби онҳо гуфтанд: «Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем?
20כי לא נוכל אנחנו לחדל מדבר את אשר ראינו ושמענו׃
20«Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем».
21ויוסיפו לגער בם ויפטרו אתם באשר לא מצאו דבר לענוש אתם מפני העם כי כלם מהללים את האלהים על הנעשה׃
21Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид карда, ҷавоб доданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфтанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ки ҳама Худоро барои он чи воқеъ шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд;
22כי בן ארבעים שנה ומעלה היה האיש ההוא אשר נעשה עמו אות הרפואה הזאת׃
22Шахсе ки ин мӯъҷизаи шифо ба вай рӯЙ дод, бештар аз чиҳилсола буд.
23ואחרי הפטרם באו אל אחיהם ויספרו להם את אשר אמרו אליהם הכהנים הגדולים והזקנים׃
23Баъд аз раҳо шуданашон наэди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки саркоҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл карданд.
24ויהי כאשר שמעו את זאת וישאו את קולם בלב אחד לאלהים ויאמרו אדני אתה האל העשה את השמים ואת הארץ ואת הים ואת כל אשר בם׃
24Чун инро шуниданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: «Эй Парвардигор, эй Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост!
25אשר אמרת בפי עבדך דוד למה רגשו גוים ולאמים יהגו ריק׃
25«Ту бо забони падари мо ва бандаи Худ Довуд ба василаи Рӯҳулкудс гуфтаӣ: "Чаро халқҳо шӯриш менамоянд ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд?
26יתיצבו מלכי ארץ ורוזנים נוסדו יחד על יהוה ועל משיחו׃
26"Подшоҳони замин қиём кардаанд ва мирон муттаҳид шудаанд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ".
27כי אמנם נוסדו הורדוס ופנטיוס פילטוס עם הגוים ולאמי ישראל על ישוע עבדך הקדוש אשר משחת׃
27«Дар воқеъ, бар зидди Писари Муқаддаси Ту Исо, ки Ӯро тадҳин кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо гайрияҳудиён ва қавми Исроил муттаҳид шуданд,
28לעשות את אשר ידך ועצתך מקדם גזרה להיות׃
28«То он чиро, ки бозуи Ту ва раъи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд.
29ועתה אדני ראה את גערתם ותן לעבדיך לדבר את דברך בכל בטחון לבם׃
29«Ва алҳол, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд,
30בנטתך את ידך למרפא ולתת אתות ומופתים בשם ישוע עבדך הקדוש׃
30«Дар сурате ки Ту дасти Худро барои шифо баҳшидан ва барои нишон додани аломоту мӯъчизот ба исми Писари Муқаддаси Худ Исо дароз бикунӣ».
31ויהי כאשר התפללו וינע המקום אשר היו נקהלים שם וימלאו כלם רוח הקדש וידברו את דבר האלהים בבטחון לבב׃
31Ҳамин ки дуояшон ба оҳир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулкудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд.
32וקהל המאמינים היה להם לב אחד ונפש אחת ואין איש מהם אומר על אשר בידו לי הוא כי הכל היה להם בשתפות׃
32Ҳамаи имондорон аз ҷону дил муттаҳид шуда буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизро онҳо мушгарак медоштанд.
33ובגבורה גדולה יעידו השליחים על תקומת האדון ישוע וחסד גדול נמשך לכלם׃
33Ҳаввориён бо кувваи бузурге ба эҳьёи Исои Худованд шаҳодат медоданд, ва файзи азиме бар ҳамаи онҳо буд.
34כי לא היה בהם חסר דבר כי כל בעלי שדות ובתים מכרו אתם ויביאו את כסף מחירם׃
34Ҳеҷ эҳтиёҷманде дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонае дошт, онро мефурӯхт ва пулашро оварда,
35וישימהו לרגלי השליחים ויתן לכל איש ואיש די מחסרו׃
35Дар ихтиёри ҳаввориён мегузошт, ва ба ҳар кас ба қадри эҳтиёҷаш дода мешуд.
36ויוסף אשר כנוהו השליחים בשם בר נבא פרושו בן הנחמה איש לוי אשר נולד בארץ כתים׃
36Юсуф, ки ҳаввориён ба ӯ лақаби Барнаббо, яъне "ибни тасаллӣ" ро дода буданд, ва ӯ аз сибти Левй, аз аҳли Қаприс буд,
37גם לו היה שדה וימכרהו ויבא את הכסף וישימהו לרגלי השליחים׃
37Замине дошт, ва онро фурӯхт ва пулашро оварда, Дар ихтиёри ҳаввориён гузошт.