1גם אתכם המתים לפנים בפשעיכם וחטאתיכם׃
1ШӮМО ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.
2אשר התהלכתם בהם לפי דור העולם הזה כרצון שר ממשלת האויר והוא הרוח הפעל כעת בבני המרי׃
2Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.
3וגם אנחנו כלנו בתוכם הלכנו לפנים בתאות הבשר לעשות חפצי בשרנו ומחשבותינו ונהי אך בני רגז בטבענו כאשר בני אדם׃
3Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.
4אבל האלהים המלא רחמים ברב אהבתו אשר אהב אתנו׃
4Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад,
5אחרי היותנו מתים בפשעים החינו עם המשיח בחסד נושעתם׃
5Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, - бо файз шумо наҷот ёфтаед, -
6ויעירנו אתו אף הושיבנו במרומים במשיח ישוע׃
6Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,
7להראות בדרות הבאים את גדלת עשר חסדו בטובתו עלינו במשיח ישוע׃
7То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.
8כי בחסד נושעתם על ידי האמונה ולא מידכם היתה זאת כי מתת אלהים היא׃
8Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост,
9לא מתוך המעשים שלא יתהלל איש׃
9Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.
10כי פעל אלהים אנחנו נבראים במשיח ישוע למעשים טובים אשר הכין האלהים מקדם למען נתהלך בהם׃
10Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.
11על כן זכרו כי אתם הגוים בבשר הנקראים ערלים בפי הנקראים בני המילה שהיא מעשה ידים בבשר׃
11Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳасби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнан онҳо ҷисмонист ва бо дасти инсон ба амал оварда шудааст;
12כי אתם בעת ההיא הייתם בלי משיח מוזרים לעדת ישראל ונכרים לבריתות ההבטחה באין תקוה ובאין לכם אלהים בעולם׃
12Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил чудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед.
13ועתה בישוע המשיח אתם הרחוקים מאז הייתם קרובים בדם המשיח׃
13Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.
Ба воситаи Исо яҳудиён ва халқҳо ичозат доранд, ки ба Падаре ки дар осмон аст, наздик шаванд.
14כי הוא שלומנו אשר עשה השנים לאחד והרס מחיצת הגדר׃
14Зеро ки Ӯ осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард,
15בבטלו האיבה בבשרו את תורת המצות בגזרותיהן לברא בנפשו את השנים לאיש אחד חדש ויעש שלום׃
15Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,
16וירצה את שניהם בגוף אחד לאלהים על ידי צליבתו בהמיתו בנפשו את האיבה׃
16Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.
17ויבא ויבשר שלום לכם הרחוקים והקרובים׃
17Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад ва осоиштагиро башорат дод,
18כי על ידו יש לשנינו מבוא ברוח אחד אל אבינו׃
18Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.
19לכן אינכם עוד גרים ותושבים כי אתם בני עיר אחת עם הקדשים ובני בית אלהים׃
19Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо,
20בנוים על יסוד השליחים והנביאים וישוע המשיח הוא אבן הפנה׃
20Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.
21אשר חבר בו יחד הבנין כלו עדי יגבה להיכל קדש ליהוה׃
21Бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад,
22ובו נבנים גם אתם להיות משכן אלהים ברוח׃
22Ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед.