1פולוס השליח לא מבני אדם ולא על ידי בן אדם כי אם על ידי ישוע המשיח ואלהים האב אשר העירו מן המתים׃
1ПАВЛӮСИ ҳавворй, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кардааст,
2וכל האחים אשר עמדי אל הקהלות אשר בגלטיא׃
2Ва ҳамаи бародароне ки бо ман мебошанд, ба калисоҳои Ғалотия:
3חסד לכם ושלום מאת האלהים אבינו ומאת אדנינו ישוע המשיח׃
3Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод,
4אשר נתן את נפשו בעד חטאתינו לחלצנו מן העולם הרע הזה כרצון אלהינו אבינו׃
4Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Худо, Падари мо, халос кунад,
5אשר לו הכבוד לעולמי עולמים אמן׃
5Ки Ӯро то абад ҷалол бод, омин.
6תמה אני כי סרתם מהר מאחרי הקרא אתכם בחסד המשיח אל בשורה זרה׃
6Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред,
7והיא איננה אחרת רק שיש אנשים העכרים אתכם וחפצים להפך את בשורת המשיח׃
7Ки он на дигарест, балки фақат баъзе касоне ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд.
8אבל גם אנחנו או מלאך מן השמים אם יבוא לבשר אתכם בשורה מבלעדי זאת אשר בשרנו אתכם חרם יהיה׃
8Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад, - малъун бод.
9כמו שאמרנו כבר כן אמר עתה עוד הפעם איש כי יבשר אתכם בשורה מבלעדי אשר קבלתם חרם יהיה׃
9Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, - малъун бод.
10ועתה המתרצה אנכי אל בני אדם אם אל האלהים או המבקש אנכי למצא חן בעיני בני אדם כי במצאי חן בעיני בני אדם לא אהיה עוד עבד המשיח׃
10Оё ман алҳол назди одамон ҳусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.
11אבל מודיע אני אתכם אחי כי הבשורה אשר בשרתי לא לפי דרך אדם היא׃
11Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест;
12כי גם אנכי לא קבלתיה מאדם ולא למדוני אתה כי אם בחזיון ישוע המשיח׃
12Зеро ки ман онро на аз одамизод қабул кардаам ва таълим гирифтаам, балки ба василаи ваҳйи Исои Масеҳ.
13כי הלא שמעתם את דרכי אשר התהלכתי מלפנים בין היהודים ואת אשר רדפתי על יתר את עדת אלהים ואבדתיה׃
13Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам,
14ואהי הולך וחזק בדת היהודית על רבים מבני גילי בעמי בקנאתי הגדולה לקבלות אבותי׃
14Ва дар дини яхудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам.
15אך כאשר היה רצון האלהים אשר הבדיל אתי מרחם אמי ויקראני בחסדו׃
15Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд,
16לגלות בי את בנו שאבשרנו בגוים מיד לא נועצתי עם בשר ודם׃
16Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ӯро дар миёни ҳалқҳо башорат диҳам, - ман он вақт бо ҷисм ва хун машварат накардам,
17גם לא עליתי ירושלים אל אשר היו שליחים לפני כי אם הלכתי לערב ומשם שבתי אל דמשק׃
17Ва ба Ерусалим назди онҳое ки пеш аз ман ҳавворӣ буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам.
18אחרי כן מקץ שלש שנים עליתי ירושלים לראות את כיפא ואשב עמו חמשה עשר יום׃
18Сонӣ, пас аз се сол, ба Ерусалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рӯз назди ӯ истодам.
19ואחר מן השליחים לא ראיתי זולתי את יעקב אחי אדנינו׃
19Аз ҳаввориён, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам.
20ואשר אני כתב אליכם הנה נגד האלהים כי לא אכזב׃
20Ва он чи ба шумо менависам, инак, ба ҳузури Худо, дурӯғ намегӯям.
21אחרי כן באתי אל גלילות סוריא וקיליקיא׃
21Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Қилиқия равона шудам.
22אבל קהלות יהודה אשר במשיח הנה לא ידעו את פני׃
22Аммо калисоҳои Масеҳ дар Яҳудо маро шаҳсан намешиноҳтанд,
23רק זאת בלבד שמעו כי האיש ההוא אשר היה רדף אתנו מאז עתה הוא מבשר את האמונה אשר האבידה מלפנים׃
23Балки фақат шунида буданд, ки ҳамон шаҳсе ки як вақте онҳоро таъқиб менамуд, ҳоло имонеро башорат медиҳад, ки иештар онро несту нобуд мекард, -
24ויהללו בי את האלהים׃
24Ва Худоро ба ҳотири ман мадҳ мегуфтанд.