1וזה ראש הנאמרים כי יש לנו כהן גדול היושב לימין כסא הגבורה בשמים׃
1ДАР он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,
2והוא משרת הקדש והמשכן האמתי אשר כוננו אדני ולא אדם׃
2Ва хизматгузори кудс ва хаймаи ҳақиқй мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод.
3כי כל כהן גדול הוא מפקד להקריב מנחות וזבחים ועל כן צריך שיהיה גם לזה דבר להקריב׃
3Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.
4והנה אלו היה בארץ לא היה כהן כי יש פה הכהנים המקריבים הקרבנות לפי התורה׃
4Пас, агар Ӯ бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд,
5ומכהנים לדמות וצל הדברים שבשמים כדבר יהוה אל משה בבאו לכלות את המשכן כי אמר אליו ראה ועשה הכל בתבניתו אשר אתה מראה בהר׃
5Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вакте ки ӯ ба соҳтани хайма шурӯъ менамуд: "Бохабар бош", гуфта шудааст, "ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварй".
6ועתה הוא קבל שרות מעלה כפי מעלת הברית הנעשה על ידו אשר הוקמה על הבטחות טבות ויתרות׃
6Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.
7כי אלו היתה הראשונה ההיא תמימה לא יבקש מקום לשניה׃
7Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.
8כי כה אמר בהוכיח אתם הנה ימים באים נאם יהוה וכרתי את בית ישראל ואת בית יהודה ברית חדשה׃
8Зеро ки Худо онҳоро мазаммат намуда, мегӯяд: "Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд, ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди ҷадид хоҳам баст,
9לא כברית אשר כרתי את אבותם ביום החזיקי בידם להוציאם מארץ מצרים אשר המה הפרו את בריתי ואנכי בחלתי בם נאם יהוה׃
9"На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рӯзе ки дасташонро гирифгам,
то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегуяд Худованд.
10כי זאת הברית אשר אכרת את בית ישראל אחרי הימים ההם נאם יהוה נתתי את תורתי בקרבם ועל לבם אכתבנה והייתי להם לאלהים והמה יהיו לי לעם׃
10"Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, мегуяд Худованд: қонунҳои Худро дар афкори онҳо хоҳам гузошт ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт, ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.
11ולא ילמדו עוד איש את רעהו ואיש את אחיו לאמר דעו את יהוה כי כולם ידעו אותי למקטנם ועד גדולם׃
11"Ва касе ёри худро, ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт: Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт;
12כי אסלח לעונם ולחטאתם ולפשעיהם לא אזכר עוד׃
12"Чунки ба ноинсофиҳои онҳо шафаққат хоҳам кард ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ед нахоҳам овард".
13הנה באמרו ברית חדשה ישן את הראשונה ומה שהוא נושן ומזקין קרוב הוא אל קצו׃
13Бо гуфтани "аҳди ҷадид" Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.