Hebrew: Modern

Tajik

John

12

1וששת ימים לפני חג הפסח בא ישוע לבית היני מקום לעזר אשר העיר אתו מעם המתים׃
1ШАШ рӯз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад, ба он ҷое ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд.
2ויעשו לו שם משתה בערב ומרתא משרתת ולעזר היה אחד מן המסבים אתו׃
2Дар он ҷо барои Ӯтаоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари суфра менишастанд.
3ותקח מרים מרקחת נרד זך ויקר מאד לטרא אחת משקלה ותמשח בה את רגלי ישוע ותנגב את רגליו בשערותיה והבית ימלא ריח המרקחת׃
3Он гоҳ Марьям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд.
4ויאמר אחד מתלמידיו הוא יהודה בן שמעון איש קריות העתיד למסרו׃
4Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт:
5מדוע לא נמכרה המרקחת בשלש מאות דינר ונתן לעניים׃
5«Чаро ин равгани атрафшон ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ки ба мискннон тақсим карда дода шавад?»
6והוא לא דבר את זאת מחמלתו על העניים כי אם גנב היה וכיס הכסף אתו וישא כל אשר ישימו בו׃
6Ва инро на аз барои он гуфт, ки гамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандоҳтанд, барои худ мегирифт.
7ויאמר ישוע הניחה לה ליום קבורתי צפנה זאת׃
7Исо гуфт: «Вайро ором гузор; вай инро барои рӯзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст;
8כי העניים תמיד המה עמכם ואני אינני תמיד עמכם׃
8«Зеро ки мискинон ҳар вакт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам».
9וישמעו עם רב ביהודה כי שם הוא ויבאו לא בעבור ישוע לבדו כי אם לראות גם את לעזר אשר העירו מעם המתים׃
9Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд.
10וראשי הכהנים התיעצו להרג גם את לעזר׃
10Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд,
11כי בגללו באו שמה רבים מן היהודים ויאמינו בישוע׃
11Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.
12ויהי ממחרת כשמוע המון רב אשר באו לחג החג כי יבא ישוע ירושלים׃
12Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд,
13ויקחו בידם כפות תמרים ויצאו לקראתו ויריעו לאמר הושע נא ברוך הבא בשם יהוה מלך ישראל׃
13Шохаҳои дараҳти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Ҳӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!»
14וימצא ישוע עיר אחד וירכב עליו כאשר כתוב׃
14Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст:
15אל תיראי בת ציון הנה מלכך יבוא לך רכב על עיר בן אתנות׃
15«Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд».
16וכל זאת לא הבינו תלמידיו בראשונה אך אחרי אשר נתפאר ישוע זכרו כי כן כתוב עליו וכי זאת עשו לו׃
16Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ӯ ба ҷо оварда шуд.
17ויעידו העם אשר היו אצלו בקראו אל לעזר לצאת מן הקבר ויער אתו מעם המתים׃
17Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард;
18על זאת גם המון העם יצא לקראתו על שמעם כי עשה האות הזה׃
18Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ чунин мӯъҷиза нишон додааст,
19והפרושים דברו איש את אחיו לאמר הראיתם כי הועיל לא תועילו מאומה הנה כל העולם נמשך אחריו׃
19Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ӯ меравад».
20ובתוך העלים להשתחות בחג היו אנשים יונים׃
20Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд;
21ויקרבו אל פילפוס איש בית צידה אשר בארץ הגליל וישאלו ממנו לאמר אדני לראות את ישוע חפצנו׃
21Онҳо назди Филиштус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем»,
22ויבא פילפוס ויגד זאת אל אנדרי ואנדרי ופילפוס הגידו אל ישוע׃
22Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриес ва Филиппус ба Исо гуфтанд.
23ויען אותם ישוע ויאמר באה השעה שיפאר בן האדם׃
23Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад.
24אמן אמן אני אמר לכם אם לא יפל גרגר החטא אל תוך האדמה ומת ישאר לבדו וכאשר מת יעשה פרי הרבה׃
24«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад.
25האהב את נפשו יאבדנה והשנא את נפשו בעולם הזה ינצרה לחיי נצח׃
25«Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ ҳоҳад дошт.
26החפץ לשרתני ילך אחרי ובאשר אהיה שם יהיה גם משרתי ואיש אשר ישרתני אתו יכבד אבי׃
26«Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравй намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ходими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кй ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт.
27עתה נבהלה נפשי ומה אמר הושיעני אבי מן השעה הזאת אך על כן באתי אל השעה הזאת׃
27«Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.
28אבי פאר את שמך ותצא בת קול מן השמים גם פארתי וגם אוסיף לפאר׃
28«Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод».
29והעם העמדים שמה כשמעם אמרו רעם נשמע ואחרים אמרו מלאך דבר אתו׃
29Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Раъд ғуррид». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт».
30ויען ישוע ויאמר לא למעני היה הקול הזה כי אם למענכם׃
30Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на аз барои Ман, балки барои шумо омад;
31עתה משפט בא על העולם הזה עתה ישלך שר העולם הזה חוצה׃
31«Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин Цаҳон бадар ронда мешавад;
32ואני בהנשאי מעל הארץ אמשך כלם אלי׃
32«Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид».
33וזאת דבר לרמוז אי זה מות הוא עתיד למות׃
33Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна марг Ӯ бояд бимирад.
34ויענו אתו העם ויאמרו הנה שמענו בתורה כי המשיח יכון לעולם ואיך אמרת כי בן האדם צריך להנשא ומי בן האדם הלזה׃
34Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?»
35ויאמר אליהם ישוע אך למצער יהיה האור עמכם התהלכו בעוד לכם האור פן ישופכם חשך וההלך בחשך לא ידע אנה הוא הלך׃
35Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад;
36בעוד לכם האור האמינו באור למען תהיו בני האור את הדברים האלה דבר ישוע וילך לו ויסתר מפניהם׃
36«То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд.
37רבים האתות אשר עשה לעיניהם ובכל זאת לא האמינו בו׃
37Бо вуҷуди мӯъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд,
38למלאת דבר ישעיהו הנביא אשר אמר יהוה מי האמין לשמעתנו וזרוע יהוה על מי נגלתה׃
38То сухани Ишаъёи набй ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кй ошкор гардид?»
39על כן לא יכלו להאמין כי עוד אמר ישעיהו׃
39Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст:
40השע עיניהם והשמין לבבם פן יראו בעיניהם ולבבם יבין ושבו ורפאתי להם׃
40«Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам».
41כזאת דבר ישעיהו בראותו את תפארתו וינבא עליו׃
41Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд.
42אולם רבים אף מן השרים האמינו בו אך בגלל הפרושים לא הודו למען אשר לא ינדו׃
42Бо вуҷ>!ди ин бисьёре аз сардорон низ баӮ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён икрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд;
43כי אהבו כבוד אנשים יותר מכבוד האלהים׃
43Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд.
44ויקרא ישוע ויאמר המאמין בי לא בי הוא מאמין כי אם בשלח אתי׃
44Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст;
45והראה אתי את אשר שלחני הוא ראה׃
45«Ва ҳар кӣ Маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст.
46אני באתי לאור אל העולם למען כל אשר יאמין בי לא ישב בחשך׃
46«Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
47והשמע את דברי ולא ישמרם אני לא אשפט אתו כי לא באתי לשפט את העולם כי אם להושיע את העולם׃
47«Ва агар касе суҳанони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот баҳшам.
48ואיש אשר יבזני ולא יקח אמרי יש אחד אשר ידין אתו הדבר אשר דברתי הוא ידין אתו ביום האחרון׃
48«Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро кабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард;
49כי אני לא מלבי דברתי כי אם אבי השלח אתי הוא צוני את אשר אמר ואת אשר אדבר׃
49«Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигӯям ва чй гуна сухан ронам;
50ואני ידעתי כי מצותו חיי עולם לכן כל אשר אדבר כאשר אמר אלי אבי כן אני מדבר׃
50«Ва Ман медонам, ки ҳукми Ӯ ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегӯям, хамон аст, ки Падар фармудааст, то бигӯям».