1ויהי כאשר קרבו לירושלים אל בית פגי ובית היני בהר הזיתים וישלח שנים מתלמידיו׃
1ЧӮН наздики Ерусалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинй, бар кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода,
2ויאמר אליהם לכו אל הכפר אשר ממולכם והיה כבאכם שמה תמצאו עיר אסור אשר לא ישב עליו אדם אותו התירו והביאו׃
2Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред;
3וכי יאמר אליכם איש למה תעשו זאת ואמרתם האדון צריך לו וברגע ישלחנו הנה׃
3«Ва агар касе ба шумо гӯяд: "Чаро чунин мекунед?" ба ҷавобаш бигӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад».
4וילכו וימצאו העיר אסור אל השער בחוץ על אם הדרך ויתירוהו׃
4Онҳо рафта, курраро ёфтанд, ки дар кӯча назди дарвозае бастагӣ буд; ва онро воз карданд.
5ואנשים מן העמדים שם אמרו אליהם מה זאת תעשו להתיר את העיר׃
5Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?»
6ויאמרו אליהם כאשר צום ישוע ויניחו להם׃
6Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд.
7ויביאו את העיר אל ישוע וישליכו עליו את בגדיהם וישב עליו׃
7Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд.
8ורבים פרשו את בגדיהם על הדרך ואחרים כרתו ענפים מן העצים וישטחו על הדרך׃
8Бисьёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
9וההלכים לפניו ואחריו צעקים לאמר הושע נא ברוך הבא בשם יהוה׃
9Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд; «Ху шаъно! Муборак аст Он ки ба исми Хӯдованд меояд!
10ברוכה מלכות דוד אבינו הבאה בשם יהוה הושע נא במרומים׃
10«Муборак аст малакути падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
11ויבא ישוע ירושלים ואל בית המקדש וירא ויתבונן על הכל והיום רפה לערוב ויצא אל בית היני עם שנים העשר׃
11Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевакт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт-Ҳинӣ рафт.
12ויהי ממחרת בצאתם מבית היני וירעב׃
12Рӯзи дигар, чун аз Байт-Ҳинй берун омаданд, гурусна монд;
13וירא תאנה מרחוק ולא עלים ויבא לראות הימצא בה פרי ויקרב אליה ולא מצא בה כי אם עלים לבד כי לא היתה עת תאנים׃
13Ва аз дур дарахти анчирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро ки мавсими анчир ҳанӯз нарасида буд.
14ויען ויאמר אליה מעתה איש אל יאכל פרי ממך עד עולם וישמעו תלמידיו׃
14Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
15ויבאו ירושלים ויבא ישוע אל המקדש ויחל לגרש משם את המוכרים ואת הקונים ויהפך את שלחנות השלחנים ואת מושבות מכרי היונים׃
15Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард;
16ולא הניח לאיש לשאת כלי דרך המקדש׃
16Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад.
17וילמד ויאמר להם הלא כתוב כי ביתי בית תפלה יקרא לכל העמים ואתם עשיתם אתו מערת פריאים׃
17Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халкҳо номида хоҳад шуд"? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
18וישמעו הסופרים וראשי הכהנים ויתנכלו אתו להשמידו כי יראו מפניו יען אשר כל העם משתוממים על תורתו׃
18Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди он шуданд, ки чӣ тавр Ӯро ба ҳалокат расонанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд.
19ויהי בערב ויצא אל מחוץ לעיר׃
19Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт.
20ויהי הם עברים בבקר ויראו את התאנה כי יבשה עם שרשיה׃
20Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст.
21ויזכר פטרוס ויאמר אליו רבי הנה התאנה אשר אררתה יבשה׃
21Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Ӯстод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардай, хушк шудааст».
22ויען ישוע ויאמר אליהם תהי נא בכם אמונת אלהים׃
22Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:
23כי אמן אמר אני לכם כל אשר יאמר אל ההר הזה הנשא והעתק אל תוך הים ואין ספק בלבבו כי אם יאמין כי יהיה כאשר אמר כן גם יהיה לו׃
23«Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: "Бархоста, худро дар баҳр афкан", ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, - ҳар чӣ гуяд ба вай ато хоҳад шуд.
24על כן אני אמר לכם כל אשר תשאלו בהתפללכם האמינו כי תקחו ויהי לכם׃
24«Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, - ва ба шумо ато хоҳад шуд.
25וכי תעמדו להתפלל תסלחו לכל איש את אשר בלבבכם עליו למען יסלח לכם אביכם שבשמים אף הוא את פשעיכם׃
25«Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гукоҳҳои шуморо биомурзад;
26ואתם אם לא תסלחו אף אביכם שבשמים לא יסלח לכם את פשעיכם׃
26«Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад».
27וישובו ויבאו ירושלים ויהי הוא מתהלך במקדש ויבאו אליו הכהנים הגדולים והסופרים והזקנים׃
27Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада,
28ויאמרו אליו באי זו רשות אתה עשה אלה ומי נתן לך את הרשות הזאת לעשות את אלה׃
28Гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?»
29ויאמר ישוע אליהם גם אני אשאלה אתכם דבר אחד ואתם השיבוני ואמר לכם באי זו רשות אני עשה אלה׃
29Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
30טבילת יוחנן המן השמים היתה אם מבני אדם השיבוני׃
30«Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед».
31ויחשבו כה וכה בקרבם לאמר אם נאמר מן השמים יאמר מדוע אפוא לא האמנתם לו׃
31Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имон наовардед?"
32או הנאמר מבני אדם וייראו את העם כי כלם חשבו את יוחנן לנביא באמת׃
32«Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд"» - аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд.
33ויענו ויאמרו אל ישוע לא ידענו ויען ישוע ויאמר אליהם אם כן גם אני לא אמר לכם באי זו רשות אני עשה אלה׃
33Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд: «Намедонем». Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам».