Hebrew: Modern

Tajik

Mark

9

1ויאמר אליהם אמן אמר אני לכם כי יש מן העמדים פה אשר לא יטעמו מות עד כי יראו מלכות האלהים באה בגבורה׃
1БА ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қудрат меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд ҷашид».
2ואחרי ששת ימים לקח ישוע את פטרוס ואת יעקב ואת יוחנן ויעלם על הר גבה אתו לבדם וישתנה לעיניהם׃
2Ва баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:
3ובגדיו נהיו מזהירים לבנים מאד כשלג אשר לא יוכל כובס בארץ להלבין כמוהם׃
3Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед щуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунон сафед кунад.
4וירא אליהם אליהו ומשה מדברים עם ישוע׃
4Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугӯ мекарданд.
5ויען פטרוס ויאמר אל ישוע רבי טוב היותנו פה נעשה נא שלש סכות לך אחת ולמשה אחת ולאליהו אחת׃
5Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Ӯстод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».
6כי לא ידע מה ידבר כי היו נבהלים׃
6Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки ҳаросон буданд.
7ויהי ענן סוכך עליהם ויצא מן הענן קול אמר זה בני ידידי אליו שמעו׃
7Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ӯро бишнавед».
8והמה הביטו כה וכה פתאם ולא ראו עוד איש בלתי את ישוע לבדו אתם׃
8Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд.
9וירדו מן ההר ויזהירם לבלתי הגיד לאיש את אשר ראו עד כי יקום בן האדם מן המתים׃
9Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд.
10וישמרו את הדבר בלבבם וידרשו לדעת מה היא התקומה מן המתים׃
10Ва онҳо ин суханро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад?
11וישאלהו לאמר מה זה אמרים הסופרים כי אליהו בוא יבוא בראשונה׃
11Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки .Ильёс бояд аввал биеяд?»
12ויען ויאמר להם הנה אליהו בא בראשונה וישיב את הכל ומה כתוב על בן האדם הלא כי יענה הרבה וימאס׃
12Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад;
13אבל אמר אני לכם גם בא אליהו וגם עשו לו כרצונם כאשר כתוב עליו׃
13«Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст».
14ויהי כבואו אל התלמידים וירא עם רב סביבותם וסופרים מתוכחים אתם׃
14Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьерро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд.
15וכל העם כראותם אתו כן תמהו וירוצי אליו וישאלו לו לשלום׃
15Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давондавон омада, ба Ӯ салом доданд.
16וישאל את הסופרים מה אתם מתוכחים עמהם׃
16Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?»
17ויען אחד מן העם ויאמר רבי הבאתי אליך את בני אשר רוח אלם בקרבו׃
17Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт: «Эй Ӯстод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳе гунг дорад:
18והיה בכל מקום אשר יאחזהו הוא מרצץ אתו וירד רירו וחרק את שניו ויבש גופו ואמר אל תלמידיך לגרשו ולא יכלו׃
18«Хар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд».
19ויען ויאמר להם הוי דור בלתי מאמין עד מתי אהיה עמכם עד מתי אסבל אתכם הביאו אתו לפני׃
19Ӯ ба ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред».
20ויביאהו לפניו ויהי כאשר ראהו הרוח וירוצצנו פתאם ויפל ארצה ויתגולל ויורד רירו׃
20Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба Ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.
21וישאל את אביו כמה ימים היתה לו זאת ויאמר מימי נעוריו׃
21Ва аз падари вай пурсид: «Кай боз ба ин ҳолаТ гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ».
22ופעמים רבות הפיל אתו גם באש גם במים להאבידו אך אם יכל תוכל רחם עלינו ועזרנו׃
22«Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрй расон».
23ויאמר אליו ישוע לאמר אם תוכל להאמין כל יוכל המאמין׃
23Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонй, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
24ויתן אבי הילד את קלו בבכי ויאמר אני מאמין עזר נא לחסרון אמונתי׃
24Дарҳол падари кӯдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун».
25וירא ישוע את העם מתקבץ אליו ויגער ברוח הטמא לאמר רוח אלם וחרש אני מצוך צא ממנו ואל תסף לבוא בו עוד׃
25Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, рӯҳи палидро мазаммат намуда, гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав».
26ויצעק וירצץ אתו מאד ויצא ויהי כמת עד אשר אמרו רבים כי גוע׃
26Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.
27ויחזק ישוע בידו ויניעהו ויקם׃
27Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод.
28ויהי כאשר בא הביתה וישאלהו תלמידיו בהיותם לבדם אתו מדוע אנחנו לא יכלנו לגרשו׃
28Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
29ויאמר אליהם המין הזה יצא לא יצא כי אם בתפלה ובצום׃
29Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рӯза».
30ויצאו משם ויעברו בגליל ולא אבה להודע לאיש׃
30Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе Ӯро бишиносад.
31כי היה מלמד את תלמידיו לאמר אליהם כי עתיד בן האדם להמסר בידי בני אדם ויהרגהו ואחרי אשר נהרג יקום ביום השלישי׃
31Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рӯз эҳье хоҳад шуд.
32והם לא הבינו את הדבר וייראו לשאל אותו׃
32Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ бипурсанд.
33ויבא אל כפר נחום ובהיותו בבית וישאל אותם מה התוכחתם איש עם רעהו בדרך׃
33Ба Кафарнахум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?»
34ויחרישו כי התעשקו בדרך מי הוא הגדול בהם׃
34Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар.
35וישב ויקרא אל שנים העשר ויאמר אליהם איש כי יחפץ להיות הראשון הוא יהיה האחרון לכלם ומשרת כלם׃
35Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кй мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад».
36ויקח ילד ויעמידהו בתוכם ויחבקהו ויאמר להם׃
36Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғӯш кашида, ба онҳо гуфт:
37כל אשר יקבל בשמי ילד אחד כזה הוא מקבל אותי וכל אשר אותי יקבל איננו מקבל אותי כי אם את אשר שלחני׃
37«Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман кабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар кй Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
38ויען יוחנן ויאמר אליו רבי ראינו איש מגרש שדים בשמך ואיננו הולך אחרינו ונכלאנו יען אשר לא הלך אחרינו׃
38Он гоҳ Юҳанно гуфт: «Эй Ӯстод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард».
39ויאמר ישוע אל תכלאהו כי אין איש עשה גבורה בשמי ויוכל במהרה לדבר בי רעה׃
39Исо гуфт: «Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мӯъҷиза бинмояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад.
40כי כל אשר איננו נגדנו הוא בעדנו׃
40«Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост.
41כי כל המשקה אתכם כוס מים בשמי על אשר אתם למשיח אמן אמר אני לכם כי לא יאבד שכרו׃
41«Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростй ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.
42וכל המכשיל אחד הקטנים המאמינים בי טוב לו שיתלה פלח רכב על צוארו והשלך בים׃
42«Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санти осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.
43ואם ידך תכשילך קצץ אתה טוב לך לבוא קטע לחיים מהיות לך שתי ידים ותלך אל גיהנם אל האש אשר לא תכבה׃
43«Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
44אשר שם תולעתם לא תמות ואשם לא תכבה׃
44«Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
45ואם רגלך תכשילך קצץ אתה טוב לך לבוא פסח לחיים מהיות לך שתי רגלים ותשלך לגיהנם אל האש אשר לא תכבה׃
45«Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дӯзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
46אשר שם תולעתם לא תמות ואשם לא תכבה׃
46«Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
47ואם עינך תכשילך עקר אתה טוב לך לבוא אל מלכות האלהים בעין אחת מהיות לך שתי עינים ותשלך לגיהנם׃
47«Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дарой, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ,
48אשר שם תולעתם לא תמות ואשם לא תכבה׃
48«Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
49כי כל איש באש ימלח וכל קרבן במלח ימלח׃
49«Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар курбон бо намак намакин хоҳад шуд.
50טוב המלח ואם המלח יהיה תפל במה תתקנו אותו יהי לכם מלח בקרבכם ויהי שלום ביניכם׃
50«Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».