1בשעה ההיא נגשו התלמידים אל ישוע ויאמרו מי אפוא גדול מחבריו במלכות השמים׃
1ДАР он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Дар Малакути Осмон кист бузургтар?»
2ויקרא ישוע אליו ילד קטן ויעמידהו בתוכם׃
2Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт,
3ויאמר אמן אמר אני לכם אם לא תשובו להיות כילדים לא תבוא אל מלכות השמים׃
3Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад.
4לכן כל המשפיל את עצמו כילד הזה הוא הגדול במלכות השמים׃
4«Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст;
5וכל אשר יקבל ילד אחד כזה בשמי אותי הוא מקבל׃
5«Ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад;
6וכל המכשיל את אחד מן הקטנים האלה המאמינים בי נוח לו שיתלה פלח רכב על צוארו וטבע במצולות ים׃
6«Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.
7אוי לעולם מפני המכשלים כי המכשלים צריכים לבוא אבל אוי לאיש ההוא אשר על ידו יבוא המכשול׃
7«Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо, зеро ки вуқӯи васвасаҳо ногузир аст; лекин вой бар ҳоли касе ки сабаби васвасаҳо гардад.
8ואם תכשילך ידך או רגלך קצץ אותה והשלך ממך טוב לך לבוא לחיים פסח או קטע מהיות לך שתי ידים או שתי רגלים ותשלך אל אש עולם׃
8«Пас, агар дастат ё поят туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки ланг ва ё шал шуда, ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ва ё бо ду по дар оташи ҷовидонй андохта шавӣ;
9ואם עינך תכשליך נקר אותה והשלך ממך טוב לך לבוא לחיים בעין אחת מהיות לך שתי עינים ותשלך אל אש גיהנם׃
9«Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавй.
10ראו פן תבזו אחד wקטנים האלה כי אמר אני לכם כי מלאכיהם ראים תמיד את פני אבי שבשמים׃
10«Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд.
11כי בא בן האדם להושיע את האבד׃
11«Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо наҷот диҳад.
12מה דעתכם כי יהיו לאיש מאה כבשים ותעה אחד מהם הלא יעזב את התשעים ותשעה על ההרים והלך לבקש את התעה׃
12«Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад?
13והיה כאשר ימצאהו אמן אמר אני לכם כי ישמח עליו יותר מעל התשעים ותשעה אשר לא תעו׃
13«Ва агар иттифоқан онро ёбад, ба ростй ба шумо мегӯям, барои он бештар шодӣ мекунад аз он наваду нӯҳ, ки гум нашудаанд.
14כן איננו רצון מלפני אביכם שבשמים כי יאבד אחד מן הקטנים האלה׃
14«Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад.
15וכי יחטא לך אחיך לך והוכחת אותו בינך ובינו לבדו ואם ישמע אליך קנית לך אחיך׃
15«Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарьёфтӣ;
16ואם לא ישמע קח עמך עוד אחד או שנים למען על פי שנים או שלשה עדים יקום כל דבר׃
16«Ва агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ бигир, то ки аз забони ду ё се шоҳид ҳар сухан тасдиқ шавад.
17ואם לא ישמע אליהם הגד אל הקהל ואם לא ישמע גם אל הקהל והיה לך כגוי וכמוכס׃
17«Ва агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба калисо бигӯ; ва агар ба калисо низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту чун халқҳо ва ё чун боҷгир бошад.
18אמן אמר אני לכם כל אשר תאסרו על הארץ אסור יהיה בשמים וכל אשר תתירו על הארץ מתר יהיה בשמים׃
18«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода хоҳад шуд.
19ועוד אמר אני לכם שנים מכם כי יועצו יחדו בארץ על כל דבר אשר ישאלו היה יהיה להם מאת אבי שבשמים׃
19«Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд.
20כי בכל מקום אשר שנים או שלשה נאספו בשמי שם אני בתוכם׃
20«Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».
21ויגש אליו פטרוס ויאמר לו אדני כמה פעמים יחטא לי אחי וסלחתי לו העד שבע פעמים׃
21Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намонм? Оё то ҳафт бор?»
22ויאמר אליו ישוע לא אמר לך עד שבע פעמים כי אם עד שבעים ושבע׃
22Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: "То ҳафт бор", балки то ҳафтод карат ҳафт бор.
23על כן דומה מלכות השמים למלך בשר ודם אשר חפץ לעשות חשבון עם עבדיו׃
23«Аз ин рӯ Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобй кунад.
24וכאשר החל לחשב הובא לפניו איש אשר חיב לו עשרת אלפים ככרי כסף׃
24«Вақте ки ба ҳисобӣ кардан шурӯь намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт.
25ולא היה לו לשלם ויצו אדניו למכר אותו ואת אשתו ואת בניו ואת כל אשר לו וכן ישלם׃
25«Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд.
26ויפל העבד וישתחו לו לאמר אדני הארך לי אפך ואת כל אשלמה לך׃
26«Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай сачда бурд ва гуфт: "Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард".
27ויהמו רחמי אדוני העבד ההוא ויפטרהו וישמט לו את החוב׃
27«Ва огои он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид.
28ויצא העבד ההוא מלפניו וימצא אחד מחבריו העבדים והוא חיב לו מאה דינרים ויחזק בו ויחנקהו לאמר שלם את אשר אתה חיב לי׃
28«Лекин чун ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: "Он қарзатро ба ман адо кун".
29ויפל חברו לפני רגליו ויבקש ממנו לאמר הארך לי אפך ואשלמה לך הכל׃
29«Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: "Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард".
30והוא מאן וילך וישליכהו במשמר עד כי ישלם לו את חובו׃
30«Аммо ӯ розй нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад.
31וחבריו העבדים ראו את הנעשה ויעצבו מאד ויבאו ויגידו לאדניהם את כל אשר נעשה׃
31«Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисьёр ғамгин шуданд ва назди оғои худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд.
32ויקרא אליו אדניו ויאמר לו אתה העבד הרע את כל החוב ההוא השמטתי לך יען אשר בקשת ממני׃
32<Юн гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: "Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос карди;
33הלא היה לך גם אתה לרחם על העבד חברך כאשר רחמתי אני עליך׃
33"Ое туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунй, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?"
34ויקצף אדניו ויסגר אותו למיסרים עד כי ישלם את כל חובו׃
34«Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад.
35ככה יעשה לכם גם אבי שבשמים אם לא תסלחו איש איש לאחיו בכל לבבכם את חטאתם׃
35«Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аста бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад».