1אז ידבר ישוע אל המון העם ואל תלמידיו לאמר׃
1ОН гоҳ Исо ба мардум ва ба шогирдони Худ хитоб кард
2על כסא משה ישבו הסופרים והפרושים׃
2Ва гуфт: «Китобдонон ва фарисиён бар курсии Мусо нишастаанд;
3לכן כל אשר יאמרו לכם תשמרו לעשות אך כמעשיהם לא תעשו כי אמרים הם ואינם עשים׃
3«Пас, он чи ба шумо гӯянд, ба ҷо оваред ва риоя кунед; лекин аз рӯи аъмоли онҳо рафтор накунед, зеро ки мегӯянд ва намекунанд;
4כי אסרים משאת כבדים ועמסים על שכם האנשים ולא יאבו להניעם אף באצבעם׃
4«Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши мардум мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд;
5ועשים את כל מעשיהם להראות בהם לבני אדם כי מרחיבים את תפליהם ומגדילים את ציציותיהם׃
5«Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуоқуттичаҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои худро калонтар месозанд;
6ואהבים את הסבת הראש בסעודות ואת מושבי הראש בבתי הכנסיות׃
6«Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд,
7ואת שאלות שלומם בשוקים ואת אשר יקראו להם בני האדם רבי רבי׃
7«Ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро Ӯстод! Ӯстод!" гӯянд.
8אולם אתם אל תקראו רבי כי אחד הוא רבכם המשיח ואתם אחים כלכם׃
8«Лекин шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки ӯстоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед;
9ואל תקראו אב לאיש מכם על האדמה כי אחד הוא אביכם אשר בשמים׃
9«Ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст;
10גם אל תקראו מנהיגים כי אחד הוא מנהיגכם המשיח׃
10«Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст.
11והגדול בכם יהי לכם למשרת׃
11«Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад:
12כל המרומם את עצמו ישפל והמשפיל את עצמו ירומם׃
12«Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад.
13אך אוי לכם הסופרים והפרושים החנפים כי סגרים אתם לפני האדם את מלכות השמים הן אתם לא תבאו בה ואת הבאים לא תניחו לבוא׃
13«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед.
14אוי לכם הסופרים והפרושים החנפים כי בלעים אתם את בתי האלמנות ומאריכים בתפלה למראה עין תחת זאת משפט על יתר תקחו׃
14«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаред ва дуоро риёкорона тӯл медиҳед' ба ин сабаб сахттар маҳкум хоҳед шуд.
15אוי לכם הסופרים והפרושים החנפים כי סובבים אתם בים וביבשה למען גיר גר אחד וכי יתגיר תעשו אותו לבן גיהנם כפלים יותר מכם׃
15«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки баҳр ва хушкиро давр мезанед, то якеро ба дини худ гардонед; ва ҳангоме ки ин ба шумо муяссар шавад, вайро ду баробар аз худатон зиёдтар гшсари дӯзах месозед.
16אוי לכם מנהלים עורים האמרים הנשבע בהיכל אין זאת מאומה והנשבע בזהב ההיכל יאשם׃
16«Вой бар ҳоли шумо, эй пешвоёни кӯр, ки мегӯед: "Ҳар кй ба маъбад қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кй ба тиллои маъбад касам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд".
17אתם הכסילים והעורים כי מה הוא הגדול אם הזהב או ההיכל המקדש את הזהב׃
17«Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: тилло ё маъбад, ки тиллоро такдис мекунад?
18ואמרתם הנשבע במזבח אין מאומה והנשבע בקרבן אשר עליו יאשם׃
18«Ҳамчунин мегӯед: "Ҳар кй ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин хар кӣ ба қурбоние ки бар он аст, қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд".
19אתם הכסילים והעורים כי מה הוא הגדול אם הקרבן או המזבח המקדש את הקרבן׃
19«Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: қурбонй ё қурбонгоҳ, ки қурбониро тақдис мекунад?
20לכן הנשבע במזבח נשבע בו ובכל אשר עליו׃
20«Пас, ҳар кй ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чи бар он аст, қасам хӯрда бошад;
21והנשבע בהיכל נשבע בו ובשוכן בתוכו׃
21«Ва ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ба он ва ба Ӯ, ки сокини он аст, қасам хӯрда бошад.
22והנשבע בשמים נשבע בכסא אלהים ובישב עליו׃
22«Ва ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба таҳти Худо ва ба Ӯ, ки бар он нишастааст, қасам хӯрда бошад.
23אוי לכם הסופרים והפרושים החנפים כי מעשרים אתם את המנתא ואת השבת ואת הכמן ותניחו את החמורות בתורה את המשפט ואת החסד ואת האמונה והיה לכם לעשות את אלה ולא להניח גם את אלה׃
23«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиени риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира ушр медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
24מנהלים עורים המסננים את היתוש ובלעים את הגמל׃
24«Эй пешвоёни кӯр, ки пашшаро софӣ карда, шутурро фурӯ мебаред!
25אוי לכם הסופרים והפרושים החנפים כי מטהרים אתם פני הכוס והקערה מחוץ ותוכן מלא גזל ופריצות׃
25«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки беруни гшёла ва табақро тоза мекунед, дар сурате ки даруни онҳо аз дуздй ва ифроткорй пур аст.
26פרוש עור טהר בראשונה את תוך הכוס למען תטהר גם מחוץ׃
26«Эй фарисии кӯр! Аввал даруни гшёла ва табақро тоза кун, то ки беруни он низ тоза бошад.
27אוי לכם הסופרים והפרושים החנפים כי דמים אתם לקברים המסידים הנראים נאים מחוץ ותוכם מלא עצמות מתים וכל טמאה׃
27«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки ба қабрҳои сафед кардашуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст;
28ככה גם אתם מחוץ נראים כצדיקים אל בני אדם ותוככם מלא חנפה ואון׃
28«Ҳамчунин шумо низ ба зоҳир ба назари мардум одил менамоед, лекин дар ботин азриёкорйвашароратпурҳастед.
29אוי לכם הסופרים והפרושים החנפים כי בונים אתם את קברי הנביאים ותיפו את מצבות קברות הצדיקים׃
29«Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед ва биноҳои ёдгории одилонро зинат медиҳед,
30ואמרתם אם היינו בימי אבותינו לא היתה ידנו עמהם לשפך דם הנביאים׃
30«Ва мегӯед: "Агар дар замони падарони худ мебудем, дар рехтани хуни анбиё бо онҳо шарик намешудем".
31ובכן תעידו על נפשכם כי בנים אתם לרוצחי הנביאים׃
31«Ба ҳамин тариқ худатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки фарзандони қотилони анбиё ҳастед;
32אף אתם מלאו סאת אבותיכם׃
32«Пас, шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед.
33נחשים אתם ילדי הצפעונים איכה תמלטו מדין גיהנם׃
33«Эй морон ва афъизодагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед?
34לכן הנני שלח לכם נביאים וחכמים וסופרים ומהם תהרגו ותצלבו ומהם תכו בשוטים בבתי כנסיותיכם ותרדפום מעיר לעיר׃
34«Бинобар ин, инак, Ман назди шумо анбиё ва ҳукамо ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро хоҳед кушт ва маслуб хоҳед кард, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре хоҳед ронд;
35למען יבא עליכם כל דם נקי הנשפך בארץ מדם הבל הצדיק עד דם זכריה בן ברכיה אשר רצחתם אותו בין ההיכל ולמזבח׃
35«То тамоми хуни одилон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фурӯД ояд, аз хуни Ҳобили одил то хуни Закарьё ибни Баракьё, ки вайро шумо дар миёни маъбад ва қурбонгоҳ куштед.
36אמן אמר אני לכם בא יבא כל אלה על הדור הזה׃
36«Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин ҳама бар сари ин насл ҳоҳад омад.
37ירושלים ירושלים ההרגת את הנביאים והסקלת את השלוחים אליה כמה פעמים רציתי לקבץ את בניך כתרנגלת המקבצת את אפרחיה תחת כנפיה ולא אביתם׃
37«Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушй ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунй! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
38הנה ביתכם יעזב לכם שמם׃
38«Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад.
39כי אני אמר לכם ראה לא תראוני מעתה עד אשר תאמרו ברוך הבא בשם יהוה׃
39«Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: "Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!"»