Hebrew: Modern

Tajik

Matthew

26

1ויהי ככלות ישוע לדבר את כל הדברים האלה ויאמר אל תלמידיו׃
1ЧӮН Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт:
2אתם ידעתם כי אחרי יומים יהיה הפסח ובן האדם ימסר להצלב׃
2«Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди фисҳ аст, ва Писари Одам таслим карда хоҳад шуд, то ки маслуб гардад».
3ויקהלו הכהנים הגדולים והסופרים וזקני העם אל חצר הכהן הגדול הנקרא קיפא׃
3Он гоҳ саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд,
4ויועצו יחדו לתפש את ישוע בערמה ולהמיתו׃
4Ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд;
5ויאמרו אך לא בחג פן תהיה מהומה בעם׃
5Лекин мегуфганд: <ғНа дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».
6ויהי בהיות ישוע בית היני בבית שמעון המצרע׃
6Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Ҳинӣ дар хонаи Шимъӯни махавй буд,
7ותקרב אליו אשה ובידה פך שמן יקר מאד ותצק על ראשו בהסבו על השלחן׃
7Зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯ дар сари суфра нишаста буд, бар сари Ӯ рехт.
8ויראו התלמידים ויתרעמו לאמר על מה האבוד הזה׃
8Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист?
9כי השמן הזה היה ראוי להמכר במחיר רב ולתתו לעניים׃
9«Зеро ки равғани атрафшонро ба қимати гарон фурӯхта, ба мискинон додан мумкин буд».
10וידע ישוע ויאמר אליהם למה תוגו את האשה הלא מעשה טוב עשתה עמדי׃
10Лекин Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: гЧаро занро хичил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард;
11כי עניים תמיד עמכם ואנכי אינני אתכם תמיד׃
11Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам;
12כי אשר שפכה את השמן הזה על גופי לחנט אותי עשתה זאת׃
12Вай ин равғани атрафшонро бар Бадани Ман рехта, Маро барои дафн тайёр кард;
13אמן אמר אני לכם באשר תקרא הבשורה הזאת בכל העולם גם את אשר היא עשתה יספר לזכרון לה׃
13Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».
14וילך אחד משנים העשר הנקרא יהודה איש קריות אל ראשי הכהנים׃
14Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарьют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт
15ויאמר מה תתנו לי ואמסרנו בידכם וישקלו לו שלשים כסף׃
15Ва гуфт: «Ба ман чй хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сй сиккаи нуқра таклиф карданд;
16ומן העת ההיא בקש תאנה למסר אותו׃
16Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.
17ויהי בראשון לחג המצות ויגשו התלמידים אל ישוע לאמר באי זה מקום תחפץ כי נכין לך לאכל את הפסח׃
17Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»
18ויאמר לכו העירה אל פלני אלמני ואמרתם אליו כה אמר הרב עתי קרובה היא ובביתך אעשה את הפסח עם תלמידי׃
18Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ биравед ва бигӯед: Ӯстод мегӯяд: вакти Ман наздик аст, ва фисҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам"».
19ויעשו התלמידים כאשר צום ישוע ויכינו את הפסח׃
19Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва фисҳро омода карданд.
20ויהי בערב ויסב עם שנים העשר׃
20Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари суфра нишаст;
21ובאכלם ויאמר אמן אמר אני לכם כי אחד מכם ימסרני׃
21Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим ҳоҳад кард».
22ויתעצבו מאד ויחלו איש ואיש לאמר לו האנכי הוא אדני׃
22Онҳо бисьёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Худовандо, оё он манам?»
23ויען ויאמר האיש אשר טבל עמי את ידו בקערה הוא ימסרני׃
23Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст дар табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим хоҳад кард;
24הן בן האדם הלוך ילך לו ככתוב עליו אבל אוי לאיש ההוא אשר על ידו ימסר בן האדם טוב לאיש ההוא אם לא נולד׃
24«Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».
25ויען יהודה המסר אותו ויאמר רבי האני הוא ויאמר אליו אתה אמרת׃
25Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд, гуфт: «Эй ӯстодам, оё он манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».
26ובאכלם ויקח ישוע את הלחם ויברך ויבצע ויתן לתלמידים ויאמר קחו ואכלו זה הוא גופי׃
26Ва ҳангоме ки онҳо таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст».
27ויקח את הכוס ויברך ויתן להם לאמר שתו ממנה כלכם׃
27Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед;
28כי זה הוא דמי דם הברית החדשה הנשפך בעד רבים לסליחת חטאים׃
28«Зеро ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад.
29ואני אמר לכם כי מעתה שתה לא אשתה מתנובת הגפן הזאת עד היום ההוא אשר אשתה אתה עמכם חדשה במלכות אבי׃
29«Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаьд аз ин шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Падари Худ онро бо шумо тоза бинӯшам».
30ויהי אחרי גמרם את ההלל ויצאו אל הר הזיתים׃
30Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
31אז אמר אליהם ישוע אתם כלכם תכשלו בי בלילה הזה כי כתוב אכה את הרעה ותפוצין הצאן׃
31Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: "Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд".
32ואחרי קומי אלך לפניכם הגלילה׃
32«Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».
33ויען פטרוס ויאמר לו גם כי יכשלו בך כלם אני לעולם לא אכשל׃
33Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи ТӮ ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам».
34ויאמר אליו ישוע אמן אמר אני לך כי בלילה הזה בטרם יקרא התרנגול תכחש בי שלש פעמים׃
34Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард».
35ויאמר אליו פטרוס גם כי יהיה עלי למות אתך כחש לא אכחש בך וכן אמרו גם כל התלמידים׃
35Петрус ба Ӯгуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд.
36אחרי כן בא אתם ישוע אל חצר הנקרא גת שמני ויאמר אל התלמידים שבו לכם פה עד אשר אלך שמה והתפללתי׃
36Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки Ҷатсамонӣ ном дошт, омад ва ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям».
37ויקח אתו את פטרוס ואת שני בני זבדי ויחל להעצב ולמוג׃
37Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд.
38ויאמר להם נפשי מרה לי עד מות עמדו פה ושקדו עמי׃
38Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».
39וילך מעט האלה ויפל על פניו ויתפלל לאמר אבי אם יוכל להיות תעבר נא מעלי הכוס הזאת אך לא כרצוני כי אם כרצונך׃
39Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
40ויבא אל התלמידים וימצאם ישנים ויאמר אל פטרוס הנה לא היה ביכלתכם לשקד עמי שעה אחת׃
40Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед?
41שקדו והתפללו פן תבאו לידי נסיון הן הרוח היא חפצה והבשר הוא רפה׃
41«Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».
42ויוסף ללכת לו שנית ויתפלל לאמר אבי אם לא תוכל הכוס הזאת לעבר ממני מבלי שתותי אתה יהי כרצונך׃
42Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз Ман бнгзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».
43ויבא וימצאם גם בפעם הזאת ישנים כי עיניהם היו כבדות׃
43Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.
44ויניחם ויוסף ללכת ויתפלל שלישית באמרו עוד הפעם כדבר הזה׃
44Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт.
45ויבא אל התלמידים ויאמר אליהם נומו מעתה ונוחו הנה השעה קרובה ובן האדם נמסר לידי חטאים׃
45Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
46קומו ונלכה הנה הלך וקרב המסר אותי׃
46«Барҳезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
47עודנו מדבר והנה בא יהודה אחד משנים העשר ועמו המון רב ברחבות ובמקלות מאת ראשי הכהנים וזקני העם׃
47Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.
48והמסר אתו נתן להם אות לאמר האיש אשר אשקהו זה הוא תפשוהו׃
48Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ Ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед».
49ומיד נגש אל ישוע ויאמר שלום לך רבי וינשק לו׃
49Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Ассалом, эй Ӯстод!» Ва Ӯро бӯсид.
50ויאמר אליו ישוע רעי על מה באת ויגשו וישלחו את ידיהם בישוע ויתפשו אתו׃
50Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чй омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд.
51והנה אחד מן האנשים אשר עם ישוע שלח ידו וישלף חרבו ויך את עבד הכהן הגדול ויקצץ את אזנו׃
51Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт.
52ויאמר אליו ישוע השב את חרבך אל תערה כי כל אחזי חרב בחרב יאבדו׃
52Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад;
53או היחשב לבך כי לא יכלתי לשאל עתה מאת אבי והוא יצוה לי יותר משנים עשר לגיונות של מלאכים׃
53«Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштагонро равона кунад?
54ואיככה אפוא ימלאו הכתובים כי כן היה תהיה׃
54«Лекин дар он сурат Навиштаҳо чӣ гуна ба амал меояд, ки ҳамин тавр бояд бишавад?»
55בשעה ההיא אמר ישוע אל המון העם כעל פריץ יצאתם בחרבות ובמקלות לתפשני ויום יום הייתי ישב ומלמד אצלכם במקדש ולא החזקתם בי׃
55Дар ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯе бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед; ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед.
56וכל זאת היתה למלאת כתבי הנביאים אז עזבוהו התלמידים כלם וינוסו׃
56«Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои анбиё ба амал ояд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.
57והאנשים אשר תפשו את ישוע הוליכהו אל קיפא הכהן הגדול אשר נקהלו שם הסופרים והזקנים׃
57Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаефо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд.
58ופטרוס הלך אחריו מרחוק עד לחצר הכהן הגדול ויבא פנימה וישב לו אצל המשרתים לראות את אחרית הדבר׃
58Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад.
59והכהנים הגדולים והסופרים וכל הסנהדרין בקשו עדות שקר בישוע להמיתו ולא מצאו׃
59Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд,
60ואף בעמד שם עדי שקר רבים לא מצאו ובאחרונה נגשו שני עדי שקר׃
60Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисьёр шоҳидони козиб омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Ниҳоят, ду шоҳиди козиб омада,
61ויאמרו זה אמר יש ביכלתי להרס את היכל האלהים ולשוב לבנותו בשלשת ימים׃
61Гуфтанд: «Ӯ мегуфт: "Метавонам маъбади Худоро вайрон кунам ва дар зарфи се рӯз онро аз нав бино кунам"».
62ויקם הכהן הגדול ויאמר אליו האינך משיב דבר על אשר ענו בך אלה׃
62Ва саркоҳин бархоста, баӮгуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
63וישוע החריש ויען הכהן הגדול ויאמר לו משביעך אני באלהים חיים שתאמר לנו אם אתה הוא המשיח בן האלהים׃
63Аммо Исо хомӯшмонд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»
64ויאמר אליו ישוע אתה אמרת אבל אני אמר לכם כי מעתה תראו את בן האדם ישב לימין הגבורה ובא עם ענני השמים׃
64Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ; аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Кудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
65ויקרע הכהן הגדול את בגדיו ויאמר הוא גדף ומה לנו עוד לבקש עדים הנה עתה שמעתם את גדופו׃
65Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро пгунидед!
66מה דעתכם ויענו ויאמרו איש מות הוא׃
66«Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».
67וירקו בפניו ויכהו באגרוף ואחרים הכהו על הלחי׃
67Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакй мезаданд
68ויאמרו הנבא לנו המשיח מי הוא המכה אותך׃
68Ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?»
69ופטרוס ישב מחוץ לבית בחצר ותגש אליו שפחה לאמר גם אתה היית עם ישוע הגלילי׃
69Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои Ҷалилӣ будӣ».
70ויכחש בפני כלם לאמר לא ידעתי מה את אמרת׃
70Лекин вай дар назди ҳама инкор карда, гуфт: «Намедонам, ки ту чй мегӯӣ».
71ויצא אל פתח השער ותרא אותו אחרת ותאמר לאנשים אשר שם גם זה היה עם ישוע הנצרי׃
71Вақте ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд».
72ויוסף לכחש וישבע לאמר לא ידעתי את האיש׃
72Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки Он Одамро намешиносад.
73וכמעט אחרי כן ויגשו העמדים שם ויאמרו אל פטרוס אמת כי גם אתה מהם כי גם לשונך מגלה אותך׃
73Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке аз онҳо мебошй, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад».
74ויחל להחרים את נפשו ולהשבע לאמר לא ידעתי את האיש ומיד קרא התרנגול׃
74Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад.
75ויזכר פטרוס את דבר ישוע אשר אמר אליו לאמר בטרם יקרא התרנגול תכחש בי שלש פעמים ויצא החוצה וימרר בבכי׃
75Ва Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳй кард». Ва берун рафта, зорзор гирист.