1וירד באניה ויעבר ויבא אל עירו׃
1ПАС ба қаиқ савор шуда, убур кард ва ба шаҳри Худ омад.
2והנה הם מביאים אליו איש נכה אברים והוא משכב על המטה ויהי כראות ישוע את אמונתם ויאמר אל נכה האברים חזק בני נסלחו לך חטאתיך׃
2Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онхоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд».
3והנה אנשים מן הסופרים אמרו בלבבם מגדף הוא׃
3Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили ҳуд гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд».
4וירא ישוע את מחשבתם ויאמר למה תחשבו רעה בלבבכם׃
4Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред?
5כי מה הנקל האמר נסלחו לך חטאתיך אם אמר קום התהלך׃
5«Зеро кадомаш осонтар аст: гуфтани ин ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтани он ки "бархез ва равона шав"?
6אך למען תדעון כי בן האדם יש לו השלטן בארץ לסלח חטאים ויאמר אל נכה האברים קום שא את מטתך ולך לך אל ביתך׃
6«Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», - он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва бахонаи худ равона шав».
7ויקם וילך לביתו׃
7Дарҳол бархоста, ба хонаи худ равона шуд.
8והמון העם כראותם זאת השתוממו וישבחו את האלהים אשר נתן שלטן כזה לבני אדם׃
8Чун мардум инро диданд, ҳайрон шуданд ва Худоро3 ки ба одамизод чунин кудрате баҳшидааст, ҳамду сано хонданд.
9ויהי בעבר ישוע משם וירא איש ישב בבית המכס ושמו מתי ויאמר אליו לכה אחרי ויקם וילך אחריך׃
9Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгох нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.
10ויהי בהסבו בביתו והנה מוכסים וחטאים רבים באו ויסבו עם ישוע ותלמידיו׃
10Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари суфра нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари суфра нишастанд.
11ויראו הפרושים ויאמרו אל תלמידיו מדוע עם המוכסים והחטאים אכל רבכם׃
11Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯстоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?»
12וישמע זאת ישוע ויאמר אליהם החזקים אינם צריכים לרפא כי אם החולים׃
12Исо чун шунид, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;
13ואתם צאו ולמדו מה הוא חסד חפצתי ולא זבח כי לא באתי לקרא את הצדיקים כי אם את החטאים לתשובה׃
13«Ва шумо биравед ва маънои ин суҳанро биомӯзед: "Марҳамат мехоҳам, на курбонӣ"; зеро Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
14ויגשו אליו תלמידי יוחנן ויאמרו מדוע אנחנו והפרושים צמים הרבה ותלמידיך אינם צמים׃
14Шогирдони Яҳьё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисьёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?»
15ויאמר אליהם ישוע איך יוכלו בני החפה להתאבל בעוד החתן עמהם הנה ימים באים ולקח מאתם החתן ואז יצומו׃
15Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, мотам дошта метавонанд? Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ рӯза хоҳанд дошт.
16אין משים מטלית חדשה על שמלה בלה כי תנתק מלאתו מן השמלה ותרע הקריעה׃
16«Ва ҳеҷ кас бар ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад; зеро ямоқи нав аз ҷома ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.
17ואין נותנים יין חדש בנאדות בלים פן יבקעו הנאדות והיין ישפך והנאדות יאבדו אבל נותנים את היין החדש בנאדות חדשים ושניהם יחדו ישמרו׃
17«Ва шароби навро дар машки кӯҳна намеандозанд; вагар на машк дарида, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав меандозанд, ва ҳар ду маҳфуз мемонад».
18ויהי הוא מדבר אליהם את אלה והנה אחד השרים בא וישתחו לו ויאמר עתה זה מתה בתי בא נא ושים את ידך עליה ותחיה׃
18Ханӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро бар вай бигузор, ва зинда хоҳад шуд».
19ויקם ישוע וילך אחריו הוא ותלמידיו׃
19Исо бархоста, бо шогирдонаш аз паи вай равона шуд.
20והנה אשה זבת דם שתים עשרה שנה נגשה מאחריו ותגע בציצת בגדו׃
20Ва инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд.
21כי אמרה בלבה אך אם אגע בבגדו אושע׃
21Зеро ки ба дили худ гуфт: «Агар маҳз либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам».
22ויפן ישוע וירא אותה ויאמר חזקי בתי אמונתך הושיעה לך ותושע האשה מן השעה ההיא׃
22Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Далер бош, эй дуҳтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт.
23ויבא ישוע אל בית השר וירא את המחללים בחלילים ואת העם ההומה ויאמר׃
23Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми навҳакунандаро дид,
24סורו מפה כי לא מתה הילדה אך ישנה היא וישחקו לו׃
24Ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷобароед; зеро ки духтар намурдааст, балки хуфтааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд.
25ויהי אחרי גרש העם ויבא הביתה ויאחז בידה ותקם הנערה׃
25Чун мардум берун рафтанд, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархост.
26ותצא השמועה הזאת בכל הארץ ההיא׃
26Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.
27ויעבר ישוע משם וילכו אחריו שני אנשים עורים והמה צעקעם ואמרים חננו בן דוד׃
27Вақте ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз паи Ӯ рафта, фарьёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
28וכבואו הביתה נגשו אליו העורים ויאמר אליהם ישוע המאמינים אתם כי יש לאל ידי לעשות זאת ויאמרו אליו כן אדנינו׃
28Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё имон доред, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре» Худовандо!»
29ויגע בעיניהם ויאמר יעשה לכם כאמונתכם׃
29Он гоҳ чашмони онҳоро ламс карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад».
30ותפקחנה עיניהם ויגער בם ישוע ויאמר ראו פן יודע לאיש׃
30Ва чашмони онҳо кушода шуд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Зинҳор, касе аз ин огоҳӣ наёбад».
31והמה בצאתם השמיעו את שמעו בכל הארץ ההיא׃
31Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд.
32המה יצאו והנה הביאו אליו איש אלם אחוז שד׃
32Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девонаи гунг буд.
33וכאשר גרש השד וידבר האלם ויתמה המון האנשים ויאמרו מעולם לא נראתה כזאת בישראל׃
33Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум дар ҳайрат монда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст».
34והפרושים אמרו על ידי שר השדים מגרש הוא את השדים׃
34Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи калони девҳо берун мекунад».
35ויסב ישוע בכל הערים והכפרים וילמד בבתי כנסיותיהם ויבשר בשורת המלכות וירפא כל מחלה וכל מדוה בעם׃
35Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва заъфи мардумро шифо медод.
36ובראותו את ההמנים נכמרו רחמיו עליהם כי הם מתעלפים ונדחים כצאן אשר אין להם רעה׃
36Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд.
37אז ידבר לתלמדידיו ויאמר רב הקציר והפעלים מעטים׃
37Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам;
38לכן התחננו אל בעל הקציר לשלח פעלים לקצירו׃
38«Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад».