1ועלינו החזקים לשאת חלשות הכשלים ואל נבקש הנאת עצמנו׃
1ВА мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем:
2כי כל אחד ממנו יבקש הנאת חברו לטוב לו למען יבנה׃
2Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст.
3כי גם המשיח לא בקש הנאת עצמו אלא ככתוב חרפות חורפיך נפלו עלי׃
3Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд, балки, чунон ки навишта шудааст: "Бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар Ман афтодааст".
4כי כל אשר נכתב מלפנים ללמדנו נכתב למען תהיה לנו תקוה בסבלנות ובתנחומות הכתובים׃
4Зеро ҳар он чи иештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллй пайдо карда, умедвор бошем.
5ואלהי הסבלנות והנחמה הוא יתן לכם להיות כלכם לב אחד על פי המשיח ישוע׃
5Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед,
6אשר תכבדו בנפש אחת ובפה אחד את האלהים אבי אדנינו ישוע המשיח׃
6То ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед.
7על כן תקבלו איש את אחיו כאשר גם המשיח קבל אתנו לכבוד האלהים׃
7Пас, якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст.
8ואני אמר כי ישוע המשיח היה למשרת בני המילה למען אמת האלהים לקים את ההבטחות אשר לאבות׃
8Зеро ман мегӯям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад,
9והגוים המה יכבדו את האלהים למען רחמיו ככתוב על כן אודך בגוים ולשמך אזמרה׃
9Ва барои он ки халқҳо Худоро ба ҳотири марҳамати Ӯ ҳамду сано гӯянд, чунон ки навишта шудааст: "Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро тараннум хоҳам кард".
10ואומר הרנינו גוים עמו׃
10Ва боз гуфта шудааст: "Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнӯд шавед".
11ואומר הללו את יהוה כל גוים שבחוהו כל האמים׃
11Ва боз: "Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ситоиш кунед ва, эй ҳамаи қавмҳо, Ӯро ҳамду сано гӯед".
12וישעיהו אמר והיה שרש ישי אשר עמד לנס עמים אליו גוים יקוו׃
12Ишаъё низ мегуяд: "Решаи Йисой хоҳад омад, ва Ӯ барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст".
13ואלהי התקוה הוא ימלא אתכם כל שמחה ושלום באמונה למען תעדף תקותכם בגבורת רוח הקדש׃
13Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рӯҳулкудс умедатон афзун гардад.
14והנה אחי מבטח אני בכם כי גם אתם בעצמכם מלאי אהבת חסד ממלאים כל דעת ותוכלו להוכיח איש את רעהו׃
14Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебощед ва якдигарро насиҳат карда метавонед.
15אך העזתי מעט בכתבי אליכם הנה והנה כמזכיר אתכם על פי החסד הנתון לי מאת האלהים׃
15Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гуё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст,
16להיותי משרת ישוע המשיח לגוים ולכהן בבשורת האלהים למען יהיה קרבן הגוים רצוי ומקדש ברוח הקדש׃
16Барои он ки дар ми&ни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.
17על כן יש לי להתהלל במשיח ישוע נגד האלהים׃
17Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям;
18כי לא אעז פני לדבר דבר זולתי אשר עשה המשיח בידי למען הטות באמר ובמעשה את לב הגוים לסור למשמעתו׃
18Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,
19בגבורת אתות ומופתים ובגבורת רוח אלהים עד כי מלאתי מירושלים וסביבותיה ועד לאלוריקון את בשורת המשיח׃
19Бо қуввати аломоту мӯъҷизот, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорати Масеҳро интишор кардаам,
20בהשתדלי להגיד את הבשורה לא במקמות אשר שם כבר נקרא שם המשיח לבלתי בנות על יסוד אחרים׃
20Дар айни ҳол ман саъю кӯшищ намудаам на дар он ҷойҳое ки исми Масеҳ машҳур аст, башорат бидиҳам, то ки бар таҳурсии дигарон бино накунам,
21כי אם ככתוב אשר לא ספר להם ראו ואשר לא שמעו התבוננו׃
21Балки, чунон ки навишта шудааст: "Онҳое ки хабари Ӯро наёфтаанд, хоҳанд дид, ва онҳое ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид".
22וזה הוא הדבר אשר נעצרתי בגללו פעם ושתים מבוא אליכם׃
22Ҳамин чиз буд, ки дафъаи бисьер ба омадани ман назди шумо монеъ шуд.
23אבל כעת אשר אין עוד מקום לי בגלילות האלה ונכסף נכספתי לבא אליכם זה שנים רבות׃
23Лекин алҳол, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандин сол боз орзумандам, ки назди шумо биёям,
24אבוא אליכם בלכתי לאספמיא כי מקוה אנכי לראותכם בעברי ואתם תשלחוני שמה ואשבעה מעט מכם בראשונה׃
24Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.
25אמנם עתה אלכה ירושלימה לעזור את הקדושים׃
25Аммо ҳоло ман ба Ерусалим меравам, то ки ба муқаддасон хизмат кунам;
26כי מקדוניא ואכיא הואילו לתת משאת נדבה לאביוני הקדושים אשר בירושלים׃
26Зеро ки аҳли Мақдуния ва Оҳоия салоҳ донистанд, ки хайроте барои камбағалони муқаддасони Ерусалим фиристанд.
27כי הואילו ואף מחיבים הם להם כי אם היה לגוים חלק בדברי הרוח אשר להם הלא עליהם לעזרם גם בדברי הגוף׃
27Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонй шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишатй низ хизмат кунанд.
28לכן כשגמרתי את זאת וחתמתי להם הפרי הזה אז אעברה דרך ארצכם לאספמיא׃
28Пас, ин корро анҷом дода ва ин маблағро ба дасти онҳо супурда, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испония хоҳам рафт,
29ויודע אנכי כי בבאי אליכם אבוא במלא ברכת בשורת המשיח׃
29Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад.
30ואני מעורר אתכם אחי באדנינו ישוע המשיח ובאהבת הרוח להתאמץ אתי בהעתיר בעדי אל האלהים׃
30Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рӯҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳои худ барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед,
31למען אשר אנצל מהסוררים בארץ יהודה ויערב על הקדושים שמושי לשם ירושלים׃
31То ки аз беимонони Яҳудо раҳо шавам, ва хизмати ман дар Ерусалим мақбули муқаддасон афтад,
32ואשר אבוא אליכם במשחה ברצון אלהים ואנפש עמכם׃
32Ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биеям ва бо шумо ором ёбам.
33ואלהי השלום עם כלכם אמן׃
33Ва Худои сулҳу осоиштагй бо ҳамаи шумоён бод. Омин.