1הזכר אתם להכנע ולשמע לשרים ולשלטונים ולהיות נכונים לכל מעשה טוב׃
1БА онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайер бошанд,
2ולבלתי גדף אדם ולחדל מריב ולהכריע לכף זכות ולהתנהג בכל ענוה לפני כל אדם׃
2Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд.
3כי גם אנחנו היינו מלפנים חסרי דעת וסוררים ותועים ועבדים לתאות ולתשוקות שנות ומתהלכים ברשעה וקנאה ושנואים ושנאים איש את אחיו׃
3Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.
4אמנם כאשר נגלה נעם אלהים מושיענו ורחמנותו אל האדם׃
4Аммо вакте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, -
5אז לא בגלל מעשי הצדקה אשר עשינו הושיע אתנו כי אם מתוך חסדו על ידי טבילת התולדה השניה וחדוש רוח הקדש׃
5Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулкудс аст.
6אשר שפך עלינו למכביר על ידי ישוע המשיח מושיענו׃
6Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,
7למען נצדק בחסדו ונירש לפי התקוה את חיי העולמים׃
7То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.
8נאמן הוא הדבר ורצה אני כי תקים את אלה למען אשר ישתדלו המאמינים לאלהים לעשק במעשים טובים עשות כאלה טוב הוא ומועיל לאדם׃
8Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кӯшиш намоянд, ки дар аъмоли нек муваффақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.
9אבל תרחק מן השאלות התפלות ומלמודי תולדות ומן הקטטות ומחלקות בעניני החקים כי אין בהן מועיל והבל הנה׃
9Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рӯй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд.
10ואיש החולק על האמונה אם הוכח פעם ושתים שטה מעליו׃
10Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки якду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо,
11ודע כי איש כזה איש תהפכות הוא וחוטא בהרשיע את נפשו׃
11Чун медонй, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд.
12כאשר אשלח אליך את ארטמס או את טוכיקוס תמהר לבוא אלי לניקפליס כי גמרתי בלבי לשבת שם בימי הסתיו׃
12Вакте ки Артемос ё Тӯхикӯсро назди ту равона кунам, саъю кӯшиш намо, ки ба Никӯпӯлис назди ман биеи, зеро ки қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам.
13השתדל ללות על דרכם את זינס המלמד בתורה ואת אפולוס למען לא יחסרו דבר׃
13Зеноси қонундон ва Апӯллӯсро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошақц.
14וילמדו גם אנשי עדתנו לעשק במעשים טובים לעזר בכל מחסור פן יהיו בלי פרי׃
14Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд.
15כל אשר עמדי שאלים לשלומך שאל לשלום האהבים אתנו באמונה החסד עם כלכם אמן׃
15Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.