1형제들아 너희가 알지 못하기를 내가 원치 아니하노니 우리 조상들이 다 구름 아래 있고 바다 가운데로 지나며
1МАН намехоҳам, эй бародарон, ки шумо беҳабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр убур карданд;
2모세에게 속하여 다 구름과 바다에서 세례를 받고
2Ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд;
3다 같은 신령한 식물을 먹으며
3Ва ҳама айни як ғизои рӯҳониро мехӯрданд;
4다 같은 신령한 음료를 마셨으니 이는 저희를 따르는 신령한 반석으로부터 마셨으매 그 반석은 곧 그리스도시라
4Ва ҳама айни як нӯшокии рӯҳониро менӯшиданд, зеро аз сахраи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз ақибашон меомад; ва он сахра Масеҳ буд.
5그러나 저희의 다수(多數)를 하나님이 기뻐하지 아니하신고로 저희가 광야에서 멸망을 받았느니라
5Лекин бар аксари онҳо ҳусни таваҷҷӯҳи Худо набуд; зеро ки онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд.
6그런 일은 우리의 거울이 되어 우리로 하여금 저희가 악을 즐겨한 것 같이 즐겨하는 자가 되지 않게 하려 함이니
6Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.
7저희 중에 어떤 이들과 같이 너희는 우상 숭배하는 자가 되지 말라 기록된 바 백성이 앉아서 먹고 마시며 일어나서 뛰논다 함과 같으니라
7Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: "Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд".
8저희 중에 어떤 이들이 간음하다가 하루에 이만 삼천 명이 죽었나니 우리는 저희와 같이 간음하지 말자
8Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд.
9저희 중에 어떤 이들이 주를 시험하다가 뱀에게 멸망하였나니 우리는 저희와 같이 시험하지 말자
9Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд.
10저희 중에 어떤 이들이 원망하다가 멸망시키는 자에게 멸망하였나니 너희는 저희와 같이 원망하지 말라
10Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо ншква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд.
11저희에게 당한 이런 일이 거울이 되고 또한 말세(末世)를 만난 우리의 경계로 기록하였느니라
11Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.
12그런즉 선 줄로 생각하는 자는 넘어질까 조심하라
12Бинобар ин ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.
13사람이 감당할 시험 밖에는 너희에게 당한 것이 없나니 오직 하나님은 미쁘사 너희가 감당치 못할 시험 당함을 허락지 아니하시고 시험 당할 즈음에 또한 피할 길을 내사 너희로 능히 감당하게 하시느니라
13Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонй чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.
14그런즉 내 사랑하는 자들아 우상 숭배하는 일을 피하라
14Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастй бигрезед.
15나는 지혜있는 자들에게 말함과 같이 하노니 너희는 내 이르는 말을 스스로 판단하라
15Ба мулоҳизакорон сухан мегӯям: дар бораи он чи мегӯям, худатон мулоҳиза кунед;
16우리가 축복하는 바 축복의 잔은 그리스도의 피에 참예함이 아니며 우리가 떼는 떡은 그리스도의 몸에 참예함이 아니냐
16Оё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба Хуни Масеҳ нест? Оё нонеки пора мекунем, шарик шудан ба Бадани Масеҳ нест?
17떡이 하나요 많은 우리가 한 몸이니 이는 우리가 다 한 떡에 참예함이라
17Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.
18육신을 따라 난 이스라엘을 보라 제물을 먹는 자들이 제단에 참예하는 자들이 아니냐
18Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?
19그런즉 내가 무엇을 말하느뇨 우상의 제물은 무엇이며 우상은 무엇이라 하느뇨
19Пас ман чӣ бигӯям? Оё ин ки дар қурбонии бут ё худи бут чизе хаст?
20대저 이방인의 제사하는 것은 귀신에게 하는 것이요 하나님께 제사하는 것이 아니니 나는 너희가 귀신과 교제하는 자 되기를 원치 아니하노라
20Не, балки он чи онҳо қурбонй мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.
21너희가 주(主)의 잔과 귀신(鬼神)의 잔을 겸하여 마시지 못하고 주의 상과 귀신의 상에 겸하여 참예치 못하리라
21Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.
22그러면 우리가 주를 노여워하시게 하겠느냐 우리가 주보다 강한 자냐
22Наҳод ки мо Худовандро ба хашм меоварем? Магар мо аз Ӯ пурзӯртарем?
23모든 것이 가하나 모든 것이 유익한 것이 아니요 모든 것이 가하나 모든 것이 덕을 세우는 것이 아니니
23Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.
24누구든지 자기의 유익을 구치 말고 남의 유익을 구하라
24Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.
25무릇 시장에서 파는 것은 양심을 위하여 묻지 말고 먹으라
25Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;
26이는 땅과 거기 충만한 것이 주의 것임이니라
26Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худрванд аст.
27불신자 중 누가 너희를 청하매 너희가 가고자 하거든 너희 앞에 무엇이든지 차려 놓은 것은 양심을 위하여 묻지 말고 먹으라
27Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд, ва шумо мехоҳед биравед, - аз ҳар чизе ки пешатон монанд, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед.
28누가 너희에게 이것이 제물이라 말하거든 알게 한 자와 및 양심을 위하여 먹지 말라
28Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки "ин қурбонии бут аст", - ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро ки замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст.
29내가 말한 양심은 너희의 것이 아니요 남의 것이니 어찌하여 내 자유가 남의 양심으로 말미암아 판단을 받으리요
29Аммо на виҷдони худро, балки виҷдони он каси дигарро дар назар дорам; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад?
30만일 내가 감사함으로 참예하면 어찌하여 내가 감사하다 하는 것에 대하여 비방을 받으리요
30Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро маро барои он чизе ки ман барояш шукргузорй мекунам, мазаммат намоянд?
31그런즉 너희가 먹든지 마시든지 무엇을 하든지 다 하나님의 영광을 위하여 하라
31Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.
32유대인에게나 헬라인에게나 하나님의 교회에나 거치는 자가 되지 말고
32На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои Худоро,
33나와 같이 모든 일에 모든 사람을 기쁘게 하여 나의 유익을 구치 아니하고 많은 사람의 유익을 구하여 저희로 구원을 얻게 하라
33Чунки ман низ дар ҳар бобат дили ҳамаро меёбам, ва толиби нафъи худ не, балки нафъи касони бисьёр ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.