1형제들아 ! 신령한 것에 대하여는 내가 너희의 알지 못하기를 원치 아니하노니
1ДАР хусуси бахшоишҳои рӯҳонй бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед.
2너희도 알거니와 너희가 이방인으로 있을 때에 말 못하는 우상에게로 끄는 그대로 끌려 갔느니라
2Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд.
3그러므로 내가 너희에게 알게 하노니 하나님의 영(靈)으로 말하는 자는 누구든지 예수를 저주할 자라 하지 않고 또 성령으로 아니하고는 누구든지 예수를 주(主)시라 할 수 없느니라
3Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки бар тибқи Рӯҳи Худо сухан меронад, наметавонад лаънат бар Исо бигӯяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд бихонад, магар бар тибқи Рӯҳулқудс.
4은사는 여러 가지나 성령은 같고
4Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст;
5직임은 여러 가지나 주(主)는 같으며
5Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст;
6또 역사는 여러 가지나 모든 것을 모든 사람 가운데서 역사하시는 하나님은 같으니
6Ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад.
7각 사람에게 성령의 나타남을 주심은 유익하게 하려 하심이라
7Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешавад:
8어떤 이에게는 성령으로 말미암아 지혜의 말씀을, 어떤 이에게는 같은 성령을 따라 지식의 말씀을,
8Зеро ки ба яке ба воситаи Рӯҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре - каломи дониш, бар тибқи ҳамон Рӯҳ;
9다른 이에게는 같은 성령으로 믿음을, 어떤 이에게는 한 성령으로 병 고치는 은사를,
9Ба яке - имон, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; ба дигаре - бахшоиши шифо додан, бар тибқи ҳамон Рӯҳ;
10어떤 이에게는 능력 행함을, 어떤 이에게는 예언함을, 어떤 이에게는 영들 분별함을, 다른 이에게는 각종 방언 말함을, 어떤 이에게는 방언들 통역함을 주시나니
10Ба яке - қудрати мӯъҷизанамо, ба дигаре - нубувват; ба яке - ташхиси арвоҳ, ба дигаре - забонҳои гуногун ва ба сеюмй - тафсири забонҳо.
11이 모든 일은 같은 한 성령이 행하사 그 뜻대로 각 사람에게 나눠 주시느니라
11Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекунад.
12몸은 하나인데 많은 지체가 있고 몸의 지체가 많으나 한 몸임과 같이 그리스도도 그러하니라
12Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, - ончунон Масеҳ низ.
13우리가 유대인이나 헬라인이나 종이나 자유자나 다 한 성령으로 세례를 받아 한 몸이 되었고 또 다 한 성령을 마시게 하셨느니라
13Зеро ки ҳамаи мо - хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониём, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон - бар тибқи як Рӯҳ дар як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама аз як Рӯҳ нӯшонида шудаем.
14몸은 한 지체뿐 아니요 여럿이니
14Лекин бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисьёр иборат аст.
15만일 발이 이르되 나는 손이 아니니 몸에 붙지 아니하였다 할지라도 이로 인하여 몸에 붙지 아니한 것이 아니요
15Агар по бигӯяд: "Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам", наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?
16또 귀가 이르되 나는 눈이 아니니 몸에 붙지 아니하였다 할지라도 이로 인하여 몸에 붙지 아니한 것이 아니니
16Ва агар гӯш бигӯяд: "Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман чашм нестам", наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?
17만일 온 몸이 눈이면 듣는 곳은 어디며 온 몸이 듣는 곳이면 냄새 맡는 곳은 어디뇨
17Агар тамоми бадан чашм бошад, сомеа куҷост?Агар ҳамааш сомеа бошад, шомма куҷост?
18그러나 이제 하나님이 그 원하시는 대로 지체를 각각 몸에 두셨으니
18Аммо Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ, ҷой додааст.
19만일 다 한 지체뿐이면 몸은 어디뇨
19Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост?
20이제 지체는 많으나 몸은 하나라
20Ва инак узвҳо бисьёр аст, лекин бадан як аст.
21눈이 손더러 내가 너를 쓸데 없다 하거나 또한 머리가 발더러 내가 너를 쓸데 없다 하거나 하지 못하리라
21Чашм наметавонад ба даст бигӯяд: "Ту ба ман даркор нестӣ"; ё ки сар низ ба пойҳо бигӯяд: "Шумо ба ман даркор нестед".
22이뿐 아니라 몸의 더 약하게 보이는 지체가 도리어 요긴하고
22Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд,
23우리가 몸의 덜 귀히 여기는 그것들을 더욱 귀한 것들로 입혀주며 우리의 아름답지 못한 지체는 더욱 아름다운 것을 얻고
23Ва дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем;
24우리의 아름다운 지체는 요구할 것이 없으니 오직 하나님이 몸을 고르게 하여 부족한 지체에게 존귀를 더하사
24Ва узвҳои бадсурати мо хушнамудтар пӯшонида мешаванд, вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки дар бораи узви номукаммалтар ғамхории бештаре талқин намудааст,
25몸 가운데서 분쟁이 없고 오직 여러 지체가 서로 같이하여 돌아보게 하셨으니
25То ки дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд.
26만일 한 지체가 고통을 받으면 모든 지체도 함께 고통을 받고 한 지체가 영광을 얻으면 모든 지체도 함께 즐거워하나니
26Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд.
27너희는 그리스도의 몸이요 지체의 각 부분이라
27Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудоҷудо узвҳои Ӯ мебошед.
28하나님이 교회 중에 몇을 세우셨으니 첫째는 사도요, 둘째는 선지자요, 세째는 교사요, 그 다음은 능력이요, 그 다음은 병 고치는 은사와, 서로 돕는 것과, 다스리는 것과, 각종 방언을 하는 것이라
28Ва Худо баъзеро дар Калисо аввалан ҳавворӣ, сониян набӣ, солисан муаллим таъин кардааст; баъд қувваҳои мӯъҷизакор, ҳамчунин бахшоишҳои шифо додан, мадад рарасондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст.
29다 사도겠느냐 ? 다 선지자겠느냐 ? 다 교사겠느냐 ? 다 능력을 행하는 자겠느냐 ?
29Оё ҳама ҳавворианд? Оё ҳама набианд? Оё ҳамамуаллиманд? Оё ҳама мӯъҷизакоранд?
30다 병 고치는 은사를 가진 자겠느냐 ? 다 방언을 말하는 자겠느냐 ? 다 통역하는 자겠느냐 ?
30Оё ҳама бахшоиши шифодиҳӣ доранд?Ое ҳама ба забонҳо сухан меронанд? Оё ҳама тафсир мекунанд?
31너희는 더욱 큰 은사를 사모하라 ! 내가 또한 제일 좋은 길을 너희에게 보이리라
31Иштиёқманди бахшоишҳои бузургтар бошед, ва ман ба шумо роҳи боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод.