Korean

Tajik

1 Corinthians

8

1우상의 제물에 대하여는 우리가 다 지식이 있는 줄을 아나 지식은 교만하게 하며 사랑은 덕을 세우나니
1ДАР бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.
2만일 누구든지 무엇을 아는 줄로 생각하면 아직도 마땅히 알 것을 알지 못하는 것이요
2Агар касе гумон кунад, ки ятон чизро медонад, ӯ ҳанӯз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад;
3또 누구든지 하나님을 사랑하면 이 사람은 하나님의 아시는 바 되었느니라
3Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.
4그러므로 우상의 제물 먹는 일에 대하여는 우리가 우상은 세상에 아무 것도 아니며 또한 하나님은 한 분 밖에 없는 줄 아노라
4Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.
5비록 하늘에나 땅에나 신이라 칭하는 자가 있어 많은 신과 많은 주가 있으나
5Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, - чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд, -
6그러나 우리에게는 한 하나님 곧 아버지가 계시니 만물이 그에게서 났고 우리도 그를 위하여 또한 한 주 예수 그리스도께서 계시니 만물이 그로 말미암고 우리도 그로 말미암았느니라
6Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳалта чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.
7그러나 이 지식은 사람마다 가지지 못하여 어떤 이들은 지금까지 우상에 대한 습관이 있어 우상의 제물로 알고 먹는고로 그들의 양심이 악하여지고 더러워지느니라
7Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то алҳол, аз рӯи одати деринаи бутпарастй, ин ҳӯрокро чун қурбонии бут мехӯранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, наҷис мешавад.
8식물은 우리를 하나님 앞에 세우지 못하나니 우리가 먹지 아니하여도 부족함이 없고 먹어도 풍족함이 없으리라
8Хӯрок моро ба Худо наздик нал*екунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.
9그런즉 너희 자유함이 약한 자들에게 거치는 것이 되지 않도록 조심하라
9Аммо боҳабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад.
10지식 있는 네가 우상의 집에 앉아 먹는 것을 누구든지 보면 그 약한 자들의 양심이 담력을 얻어 어찌 우상의 제물을 먹게 되지 않겠느냐
10Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастй, бубинад, ки дар сари суфраи бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ӯ, ки нотавон аст, ӯро низ ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад?
11그러면 네 지식으로 그 약한 자가 멸망하나니 그는 그리스도께서 위하여 죽으신 형제라
11Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ӯ мурд, нобуд мешавад.
12이같이 너희가 형제에게 죄를 지어 그 약한 양심을 상하게 하는 것이 곧 그리스도에게 죄를 짓는 것이니라
12Ва ба ин тариқа бар зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед.
13그러므로 만일 식물이 내 형제로 실족케 하면 나는 영원히 고기를 먹지 아니하여 내 형제를 실족치 않게 하리라
13Бинобар ин, агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам.