Korean

Tajik

Acts

19

1아볼로가 고린도에 있을 때에 바울이 윗지방으로 다녀 에베소에 와서 어떤 제자들을 만나
1ДАР он замоне ки Апӯллӯс дар Қуринтус буд, Павлус дар кишварҳои боло гардиш карда, ба Эфсӯс расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфта,
2가로되 `너희가 믿을 때에 성령을 받았느냐 ?' 가로되 `아니라 우리는 성령이 있음도 듣지 못하였노라'
2Ба онҳо гуфт: «Оё вақте ки имон овардед, Рӯҳулкудсро қабул кардед?» Ба ӯ гуфтанд: «Ҳатто нашунидаем, ки Рӯҳулкудс вуҷуд дорад».
3바울이 가로되 그러면 너희가 무슨 세례를 받았느냐 ? 대답하되 요한의 세례로라
3Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ навъ таъмид гирифтец?» Гуфтанд: «Таъмиди Яҳьё».
4바울이 가로되 `요한이 회개의 세례를 베풀며 백성에게 말하되 내 뒤에 오시는 이를 믿으라 하였으니 이는 곧 예수라' 하거늘
4Павлус гуфт: «Таъмиде ки Яҳьё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба мардум мегуфт: "Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ имон оваред"».
5저희가 듣고 주 예수의 이름으로 세례를 받으니
5Чун инро шуниданд, ба исми Исои Худованд таъмид гирифтанд,
6바울이 그들에게 안수하매 성령이 그들에게 임하시므로 방언도 하고 예언도 하니
6Ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо ниҳод, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, ва ба забонҳо сухан ронда, нубувват карданд.
7모두 열 두 사람쯤 되니라
7Онҳо тақрибан дувоздаҳ нафар буданд.
8바울이 회당에 들어가 석 달 동안을 담대히 하나님 나라에 대하여 강론하며 권면하되
8Муддати се моҳ ӯ ба куништ даромада, нотарс мавъиза менамуд ва дар бораи Малакути Худо мусоҳиба мекард ва далелҳо меовард.
9어떤 사람들은 마음이 굳어 순종치 않고 무리 앞에서 이 도를 비방하거늘 바울이 그들을 떠나 제자들을 따로 세우고 두란노 서원에서 날마다 강론하여
9Вале азбаски баъзе касон сахтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи ин тариқат дар пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рӯз дар мадрасаи Тиронус ном шахсе мавъиза менамуд.
10이같이 두 해 동안을 하매 아시아에 사는 자는 유대인이나 헬라인이나 다 주의 말씀을 듣더라
10Ин тақрибан ду сол давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Исои Худовандро шуниданд.
11하나님이 바울의 손으로 희한한 능을 행하게 하시니
11Худо ба василаи Павлус мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард,
12심지어 사람들이 바울의 몸에서 손수건이나 앞치마를 가져다가 병든 사람에게 얹으면 그 병이 떠나고 악귀도 나가더라
12То ба ҳадде ки дастмолҳо ва фӯтаҳои ба бадани ӯ расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва арвоҳи ҳабис аз онҳо берун мерафт.
13이에 돌아다니며 마술하는 어떤 유대인들이 시험적으로 악귀 들린 자들에게 대하여 주 예수의 이름을 불러 말하되 `내가 바울의 전파하는 예수를 빙자하여 너희를 명하노라' 하더라
13Хдтто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки мубталои рӯҳи хабис буданд, исми Исои Худовандро зикр карда, мегуфтанд: «Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза менамояд, қасам медиҳем».
14유대의 한 제사장 스게와의 일곱 아들도 이 일을 행하더니
14Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудй буд, ҳамин тавр амал мекарданд.
15악귀가 대답하여 가로되 `예수도 내가 알고 바울도 내가 알거니와 너희는 누구냐 ?' 하며
15Аммо рӯҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?»
16악귀 들린 사람이 그 두사람에게 뛰어올라 억제하여 이기니 저희가 상하여 벗은 몸으로 그 집에서 도망하는지라
16Марде ки рӯҳи хабис дошт, бо чунон куввате ба онҳо дарафтод, ки ҳама мағлуб шуданд ва дар ҳолате ки бараҳна ва маҷрӯҳ буданд, аз он хона гурехтанд.
17에베소에 거하는 유대인과 헬라인들이 다 이 일을 알고 두려워하며 주 예수의 이름을 높이고
17Ин вокеа ба гӯши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфсӯс расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва исми Исои Худованд дар миёни онҳо бештар иззату икром пайдо кард;
18믿은 사람들이 많이 와서 자복하여 행한 일을 고하며
18Бисьёре аз имондорон омада, аъмоли худро иқрор ва ошкор мекарданд;
19또 마술을 행하던 많은 사람이 그 책을 모아 가지고 와서 모든 사람 앞에서 불사르니 그 책 값을 계산한 즉 은 오만이나 되더라
19Бисьёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сӯзонданд; вакте ки арзиши онҳоро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст.
20이와 같이 주의 말씀이 힘이 있어 흥왕하여 세력을 얻으니라
20Каломи Худо ҳамин тавр қувват мегирифт ва интишор меёфт.
21이 일이 다 된 후 바울이 마게도냐와 아가야로 다녀서 예루살렘에 가기를 경영하여 가로되 내가 거기 갔다가 후에 로마도 보아야 하리라 하고
21Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар дили худ азм кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Ерусалим биравад, ва гуфт: «Баъд аз рафтанам ба он ҷо> Румро низ бояд бубинам».
22자기를 돕는 사람 중에서 디모데와 에라스도 두 사람을 마게도냐로 보내고 자기는 아시아에 얼마간 더 있으니라
22Аз мулозимонаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равона карца, худаш муддате дар вилояти Осиё бимонд.
23그 때쯤 되어 이 도로 인하여 적지 않은 소동이 있었으니
23Дар он замон исьени азиме бар зидди тариқи Худованд рӯй дод;
24즉 데메드리오라 하는 어떤 은장색이 아데미의 은감실을 만들어 직공들로 적지 않은 벌이를 하게 하더니
24Зеро ки Димитриюс ном нуқрагаре ки тасвирҳои нуқрагини маъбади Артамисро месохт ва ба ин васила ба санъатгарон фоидаи калоне мерасонд,
25그가 그 직공들과 이러한 영업하는 자들을 모아 이르되 `여러분도 알거니와 우리의 유족한 생활이 이 업에 있는데
25Онҳоро, ҳамчунин ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт: «Эй мардумон! Шумо медонед, ки некӯаҳволии мо аз пушти ҳамин ҳунар аст,
26이 바울이 에베소뿐 아니라 거의 아시아 전부를 통하여 허다한 사람을 권유하여 말하되 사람의 손으로 만든 것들은 신이 아니라하니 이는 그대들도 보고 들은 것이라
26«Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсӯс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: "Чизҳои сохтаи дасти инсон худо нестанд".
27우리의 이 영업만 천하여질 위험이 있을 뿐 아니라 큰 여신 아데미의 전각도 경홀히 여김이 되고 온 아시아와 천하가 위하는 그의 위엄도 떨어질까 하노라' 하더라
27«Пас, хавфи он аст, ки на танҳо ҳунари мо аз байн равад, балки ин маъбади олиҳаи бузурги мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва аҳли олам парастишаш мекунанд, беқурб гардад».
28저희가 이 말을 듣고 분이 가득하여 외쳐 가로되 `크다, 에베소 사람의 아데미여' 하니
28Вакте ки ин суханонро шуниданд, онҳо хеле ба хашм омада, фарьёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!»
29온 성이 요란하여 바울과 같이 다니는 마게도냐 사람 가이오와 아리스다고를 잡아가지고 일제히 연극장으로 달려들어 가는지라
29Тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якдилона сӯи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Ористархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, дастгир карда, бо худ кашида бурданд.
30바울이 백성 가운데로 들어가고자 하나 제자들이 말리고
30Павлус мехост, ки ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ӯро намонданд;
31또 아시아 관원 중에 바울의 친구 된 어떤 이들이 그에게 통지하여 연극장에 들어가지 말라 권하더라
31Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстонаш буданд, назди ӯ кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд.
32사람들이 외쳐 혹은 이 말을 혹은 저 말을 하니 모인 무리가 분란하여 태반이나 어찌하여 모였는지 알지 못하더라
32Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, касони дигар - чизи дигаре; зеро ки ҷамоат ошуфтаҳол буданд ва аксари онҳо намедонистанд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд.
33유대인들이 무리 가운데서 알렉산더를 권하여 앞으로 밀어내니 알렉산더가 손짓하며 백성에게 발명하려 하나
33Аз миёни издиҳом Искандарро кашола карданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буцанд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане бигӯяд.
34저희는 그가 유대인인 줄 알고 다 한 소리로 외쳐 가로되 `크다 에베소 사람의 아데미여' 하기를 두 시 동안이나 하더니
34Аммо, чун яҳудӣ буданашро донистанд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!»
35서기장이 무리를 안돈시키고 이르되 `에베소 사람들아 에베소 성이 큰 아데미와 및 쓰스에게서 내려온 우상의 전각지기가 된 줄을 누가 알지 못하겠느냐 ?
35Нозири низом мардумро сокит карда, гуфт: «Эй мардони Эфсӯс! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфсӯс парастандаи маъбади Артамиси олиҳаи бузург ва ҳайкали аз осмон нозилшудаи вай мебошад?
36이 일이 그렇지 않다 할 수 없으니 너희가 가만히 있어서 무엇이든지 경솔히 아니하여야 하리라
36«Модоме ки ин баҳснопазир аст, шуморо лозим аст, ки ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед;
37전각의 물건을 도적질하지도 아니하였고 우리 여신을 훼방하지도 아니한 이 사람들을 너희가 잡아 왔으니
37«Зеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на тороҷкунандагони маъбаданд ва на дар ҳакхи олиҳаи шумо суханикуфромез гуфтаанд;
38만일 데메드리오와 및 그와 함께 있는 직공들이 누구에게 송사할 것이 있거든 재판 날도 있고 총독들도 있으니 피차 고소할 것이요
38гАгар Димитриюс ва ҳамкоронаш даъвое бар касе дошта бошанд, инак дари маҳкамаҳо кушода, волиён низ ҳозиранд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда сулоранд;
39만일 그 외에 무엇을 원하거든 정식으로 민회에서 결단할지라
39«Вале агар талаби дигаре дошта бошед, он бояд дар маҳкамаи шаръӣ яктарафа шавад;
40오늘 아무 까닭도 없는 이 일에 우리가 소요의 사건으로 책망 받을 위험이 있고 우리가 이 불법 집회에 관하여 보고할 재료가 없다' 하고
40«Зеро хавфи он аст, ки мо барои рафтори имрӯза ба балвогарӣ айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин ҷамъомад онро сабаб нишон диҳем». Инро гуфта, издиҳомро пароканда кард.
41이에 그 모임을 흩어지게 하니라