Korean

Tajik

Colossians

1

1하나님의 뜻으로 말미암아 그리스도 예수의 사도 된 바울과 형제 디모데는
1ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс
2골로새에 있는 성도들 곧 그리스도 안에서 신실한 형제들에게 편지하노니 우리 아버지 하나님으로부터 은혜와 평강이 너희에게 있을지어다
2Ба муқаддасон ва бародарони амин дар Исои Масеҳ, ки дар Қӯлассо мебошанд: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худр ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3우리가 너희를 위하여 기도할 때마다 하나님 곧 우리 주 예수 그리스도의 아버지께 감사하노라
3Худо, Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукргузорӣ мекунем дар ҳар вақте ки дар ҳаққи шумо дуо мегӯем,
4이는 그리스도 예수 안에 너희의 믿음과 모든 성도에 대한 사랑을 들음이요
4Баъд аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Исои Масеҳ ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред,
5너희를 위하여 하늘에 쌓아 둔 소망을 인함이니 곧 너희가 전에 복음 진리의 말씀을 들은 것이라
5Ба хотири умеде ки бароятон дар осмон муҳайёст, ки дар бораи он шумо пештар дар каломи ростӣ, яъне дар башорат шунидаед,
6이 복음이 이미 너희에게 이르매 너희가 듣고 참으로 하나님의 은혜를 깨달은 날부터 너희 중에서와 같이 또한 온 천하에서도 열매를 맺어 자라는도다
6Ки он ба шумо, чунон ки ба тамоми ҷаҳон низ расидааст, ва он самара мебахшад ва афзоиш меёбад, чунон ки дар миёни щумо низ аз он рӯзе ки файзи Худоро дар ростӣ шунидаед ва донистаед,
7이와 같이 우리와 함께 종 된 사랑하는 에바브라에게 너희가 배웠나니 그는 너희를 위하여 그리스도의 신실한 일군이요
7Чӣ тавре ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ӯ ҳамкори маҳбуби мо ва хизматгузори амине барои шумо дар Масеҳ аст,
8성령 안에서 너희 사랑을 우리에게 고한 자니라
8Ва ӯ моро аз муҳаббати шумо, ки дар Рӯҳ аст, огоҳ кардааст.
9이로써 우리도 듣던 날부터 너희를 위하여 기도하기를 그치지 아니하고 구하노니 너희로 하여금 모든 신령한 지혜와 총명에 하나님의 뜻을 아는 것으로 채우게 하시고
9Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед,
10주께 합당히 행하여 범사에 기쁘시게 하고 모든 선한 일에 열매를 맺게 하시며 하나님을 아는 것에 자라게 하시고
10Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,
11그 영광의 힘을 좇아 모든 능력으로 능하게 하시며 기쁨으로 모든 견딤과 오래 참음에 이르게 하시고
11Ва бар тибки иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,
12우리로 하여금 빛 가운데서 성도의 기업의 부분을 얻기에 합당하게 하신 아버지께 감사하게 하시기를 원하노라
12Ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардонидааст,
13그가 우리를 흑암의 권세에서 건져내사 그의 사랑의 아들의 나라로 옮기셨으니
13Ва Ӯ моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст,
14그 아들 안에서 우리가 구속 곧 죄 사함을 얻었도다
14Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем,
15그는 보이지 아니하시는 하나님의 형상이요 모든 창조물보다 먼저 나신 자니
15Ки Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст;
16만물이 그에게 창조되되 하늘과 땅에서 보이는 것들과 보이지 않는 것들과 혹은 보좌들이나 주관들이나 정사들이나 권세들이나 만물이 다 그로 말미암고 그를 위하여 창조되었고
16Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, - ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст;
17또한 그가 만물보다 먼저 계시고 만물이 그 안에 함께 섰느니라
17Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад.
18그는 몸인 교회의 머리라 그가 근본이요 죽은 자들 가운데서 먼저 나신 자니 이는 친히 만물의 으뜸이 되려 하심이요
18Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад,
19아버지께서는 모든 충만으로 예수 안에 거하게 하시고
19Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад,
20그의 십자가의 피로 화평을 이루사 만물 곧 땅에 있는 것들이나 하늘에 있는 것들을 그로 말미암아 자기와 화목케 되기를 기뻐하심이라
20Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад.
21전에 악한 행실로 멀리 떠나 마음으로 원수가 되었던 너희를
21Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,
22이제는 그의 육체의 죽음으로 말미암아 화목케 하사 너희를 거룩하고 흠 없고 책망할 것이 없는 자로 그 앞에 세우고자 하셨으니
22Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ он1тӣ додааст, то ки пгуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,
23만일 너희가 믿음에 거하고 터 위에 굳게 서서 너희 들은 바 복음의 소망에서 흔들리지 아니하면 그리하리라 이 복음은 천하 만민에게 전파된 바요 나 바울은 이 복음의 일군이 되었노라
23Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устуьор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда щудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.
24내가 이제 너희를 위하여 받는 괴로움을 기뻐하고 그리스도의 남은 고난을 그의 몸된 교회를 위하여 내 육체에 채우노라
24Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андӯҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ӯ, ки Калисост, пур мекунам,
25내가 교회 일군 된 것은 하나님이 너희를 위하여 내게 주신 경륜을 따라 하나님의 말씀을 이루려 함이니라
25Ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи ваколати Худо, ки барои гдумо ба ман ато шудааст, то ки мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам,
26이 비밀은 만세와 만대로부터 옴으로 감취었던 것인데 이제는 그의 성도들에게 나타났고
26Яъне он сирро, ки асрҳои аср аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасоғи Ӯ ошкор шудааст,
27하나님이 그들로 하여금 이 비밀의 영광이 이방인 가운데 어떻게 풍성한 것을 알게 하려 하심이라 이 비밀은 너희 안에 계신 그리스도시니 곧 영광의 소망이니라
27Ки ба онҳо Худо таваҷҷӯҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар нгумо умеди ҷалол аст,
28우리가 그를 전파하여 각 사람을 권하고 모든 지혜로 각 사람을 가르침은 각 사람을 그리스도 안에서 완전한 자로 세우려 함이니
28Ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас мефаҳмонем ва ба ҳар кас ҳар ҳикматро ёд медиҳем, то ки ҳар касро дар Исои Масеҳ комил гардонда ҳозир кунем;
29이를 위하여 나도 내 속에서 능력으로 역사하시는 이의 역사를 따라 힘을 다하여 수고하노라
29Барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири қуввати Ӯ, ки дар ман қодирона амал мекукад, ҷидду ҷаҳд менамоям.