1어리석도다 갈라디아 사람들아 ! 예수 그리스도께서 십자가에 못 박히신 것이 너희 눈 앞에 밝히 보이거늘 누가 너희를 꾀더냐
1ЭЙ ғалотиёни нофаҳм! Кӣ шуморо ба васваса андохт, ки аз ростӣ сар тобед, дар сурате ки пеши назари шумо Исои Масеҳи маслуб тасвир ёфтааст?
2내가 너희에게 다만 이것을 알려 하노니 너희가 성령을 받은 것은 율법의 행위로냐 ? 듣고 믿음으로냐 ?
2Фақат инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё шумо Рӯҳро аз аъмоли шариат қабул кардаед, ё ки аз мавъизаи имон?
3너희가 이같이 어리석으냐 ? 성령으로 시작하였다가 이제는 육체로 마치겠느냐 ?
3Оё он қадар шумо нофаҳм ҳастед, ки бо Рӯҳ сар карда, алҳол бо ҷисм анҷом медиҳед?
4너희가 이같이 많은 괴로움을 헛되이 받았느냐 ? 과연 헛되냐 ?
4Оё бар абас ин қадар заҳмат кашидаед? Тасаввур намекунам.
5너희에게 성령을 주시고 너희 가운데서 능력을 행하시는 이의 일이 율법의 행위에서냐 ? 듣고 믿음에서냐 ?
5Пас, Он ки Рӯҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо мӯъҷизот ба амал меоварад, оё инро ба воситаи аъмоли шариат мекунад ё ки ба воситаи мавъизаи имон?
6아브라함이 하나님을 믿으매 이것을 그에게 의로 정하셨다 함과 같으니라
6Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
7그런즉 믿음으로 말미암은 자들은 아브라함의 아들인 줄 알지어다 !
7Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд.
8또 하나님이 이방을 믿음으로 말미암아 의로 정하실 것을 성경이 미리 알고 먼저 아브라함에게 복음을 전하되 모든 이방이 너를 인하여 복을 받으리라 하였으니
8Ва Навиштаҳо чун лешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: "Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост".
9그러므로 믿음으로 말미암은 자는 믿음이 있는 아브라함과 함께 복을 받느니라
9Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,
10무릇 율법 행위에 속한 자들은 저주 아래 있나니 기록된 바 누구든지 율법 책에 기록된 대로 온갖 일을 항상 행하지 아니하는 자는 저주 아래 있는 자라 하였음이라
10Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст: "Малъун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад".
11또 하나님 앞에서 아무나 율법으로 말미암아 의롭게 되지 못할 것이 분명하니 이는 의인이 믿음으로 살리라 하였음이니라
11Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард.
12율법은 믿음에서 난 것이 아니라 이를 행하는 자는 그 가운데서 살리라 하였느니라
12Аммо шариат аз имон нест, вале касе ки онро ба ҷо меоварад, бо он зиндагӣ хоҳад кард.
13그리스도께서 우리를 위하여 저주를 받은 바 되사 율법의 저주에서 우리를 속량하셨으니 기록된 바 나무에 달린 자마다 저주 아래 있는 자라 하였음이라
13Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, - зеро ки навишта шудаасг: "Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст", -
14이는 그리스도 예수 안에서 아브라함의 복이 이방인에게 미치게 하고 또 우리로 하여금 믿음으로 말미암아 성령의 약속을 받게하려 함이니라
14То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.
15형제들아 ! 사람의 예대로 말하노니 사람의 언약이라도 정한 후에는 아무나 폐하거나 더하거나 하지 못하느니라
15Эй бародарон! Ба тариқи одамизод сухан меронам: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас ботил намекунад ва чизе ба он илова наменамояд.
16이 약속들은 아브라함과 그 자손에게 말씀하신 것인데 여럿을 가리켜 그 자손들이라 하지 아니하시고 오직 하나를 가리켜 네 자손이라 하셨으니 곧 그리스도라
16Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудааст. Нагуфтааст: "Ва ба наслҳои ту", гӯё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке: "Ва ба насли ту", ки он Масеҳ аст.
17내가 이것을 말하노니 하나님의 미리 정하신 언약을 사백 삼십 년후에 생긴 율법이 없이 하지 못하여 그 약속을 헛되게 하지 못하리라
17Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқаррар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.
18만일 그 유업이 율법에서 난 것이면 약속에서 난 것이 아니리라 그러나 하나님이 약속으로 말미암아 아브라함에게 은혜로 주신 것이라
18Зеро, агар мерос аз рӯи шариат бошад, он дигар аз рӯи ваъда нахоҳад буд; аммо Худо онро аз рӯи ваъда ба Иброҳим ато намудааст.
19그런즉 율법은 무엇이냐 ? 범법함을 인하여 더한 것이라 천사들로 말미암아 중보의 손을 빌어 베푸신 것인데 약속하신 자손이 오시기까지 있을 것이라
19Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз боиси ҷиноятҳо дода шудааст, то вақти омадани Насле ки ваъда ба Ӯ дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармоиш карда шудааст.
20중보는 한 편만 위한 자가 아니나 오직 하나님은 하나이시니라
20Аммо миёнарав назди як намешавад, вале Худо як аст.
21그러면 율법이 하나님의 약속들을 거스리느냐 ? 결코 그럴 수 없느니라 만일 능히 살게 하는 율법을 주셨더면 의가 반드시 율법으로 말미암았으리라
21Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ба ҳеҷ сурат! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки қобили ҳаётбахшй бошад, адолат ҳақиқатан аз шариат мебуд;
22그러나 성경이 모든 것을 죄 아래 가두었으니 이는 예수 그리스도를 믿음으로 말미암은 약속을 믿는 자들에게 주려 함이니라
22Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.
23믿음이 오기 전에 우리가 율법 아래 매인 바 되고 계시될 믿음의 때까지 갇혔느니라
23Аммо пеш аз омадани имон зери дасти посбонии шариат банд будем, то даме ки имон мебоист зоҳир мешуд.
24이같이 율법이 우리를 그리스도에게로 인도하는 몽학(夢學) 선생이 되어 우리로 하여금 믿음으로 말미암아 의롭다 함을 얻게 하려 함이니라
24Пас, шариат асокаши мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем;
25믿음이 온 후로는 우리가 몽학선생 아래 있지 아니하도다
25Аммо вақте ки имон омад, мо дигар зери дасти асокаш нестем.
26너희가 다 믿음으로 말미암아 그리스도 예수 안에서 하나님의 아들이 되었으니
26Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед;
27누구든지 그리스도와 합하여 세례를 받은 자는 그리스도로 옷입었느니라
27Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед.
28너희는 유대인이나, 헬라인이나, 종이나, 자주자나, 남자나, 여자 없이 다 그리스도 예수 안에서 하나이니라
28Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.
29너희가 그리스도께 속한 자면 곧 아브라함의 자손이요 약속대로 유업을 이을 자니라
29Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда.