Korean

Tajik

Luke

18

1항상 기도하고 낙망치 말아야 될 것을 저희에게 비유로 하여
1ВА ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва маъюс нашавад,
2가라사대 `어떤 도시에 하나님을 두려워 아니하고 사람을 무시하는 한 재판관이 있는데
2Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки ка тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум.
3그 도시에 한 과부가 있어 자주 그에게 가서 내 원수에 대한 나의 원한을 풀어 주소서 하되
3«Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: "Маро аз душманонам муҳофизат намо".
4그가 얼마 동안 듣지 아니하다가 후에 속으로 생각하되 내가 하나님을 두려워 아니하고 사람을 무시하나
4«Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: "Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум,
5이 과부가 나를 번거롭게 하니 내가 그 원한을 풀어 주리라 그렇지 않으면 늘 와서 나를 괴롭게 하리라 하였느니라'
5"Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад"».
6주께서 또 가라사대 `불의한 재판관의 말한 것을 들으라
6Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд?
7하물며 하나님께서 그 밤낮 부르짖는 택하신 자들의 원한을 풀어 주지 아니하시겠느냐 저희에게 오래 참으시겠느냐
7«Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?
8내가 너희에게 이르노니 속히 그 원한을 풀어 주시리라 그러나 인자가 올 때에 세상에서 믿음을 보겠느냐 하시니라
8«Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»
9또 자기를 의롭다고 믿고 다른 사람을 멸시하는 자들에게 이 비유로 말씀하시되
9Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт:
10두 사람이 기도하러 성전에 올라가니 하나는 바리새인이요 하나는 세리라
10«Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд.
11바리새인은 서서 따로 기도하여 가로되 하나님이여 ! 나는 다른 사람들 곧 토색,불의,간음을 하는 자들과 같지 아니하고 이 세리와도 같지 아니함을 감사하나이다
11«Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: "Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам:
12나는 이레에 두 번씩 금식하고 또 소득의 십일조를 드리나이다 하고
12"Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам".
13세리는 멀리 서서 감히 눈을 들어 하늘을 우러러 보지도 못하고 다만 가슴을 치며 가로되 하나님이여 불쌍히 여기옵소서 나는 죄인이로소이다 하였느니라
13«Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: "Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун".
14내가 너희에게 이르노니 이 사람이 저보다 의롭다 하심을 받고 집에 내려 갔느니라 무릇 자기를 높이는 자는 낮아지고 자기를 낮추는 자는 높아지리라' 하시니라
14«Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи ҳуд рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».
15사람들이 예수의 만져주심을 바라고 자기 어린 아기를 데리고 오매 제자들이 보고 꾸짖거늘
15Кӯдаконро низ назди Ӯ меоварданд,то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд.
16예수께서 그 어린 아이들을 불러 가까이 하시고 이르시되 `어린 아이들이 내게 오는 것을 용납하고 금하지 말라 하나님의 나라가 이런 자의 것이니라
16Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад;
17내가 진실로 너희에게 이르노니 누구든지 하나님의 나라를 어린 아이와 같이 받들지 않는 자는 결단코 들어가지 못하리라' 하시니라
17«Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
18어떤 관원이 물어 가로되 `선한 선생님이여, 내가 무엇을 하여야 영생을 얻으리이까 ?'
18Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Ӯстоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»
19예수께서 이르시되 `네가 어찌하여 나를 선하다 일컫느냐 ? 하나님 한분 외에는 선한 이가 없느니라
19Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона.
20네가 계명을 아나니 간음하지 말라, 살인하지 말라, 도적질하지 말라, 거짓 증거하지 말라, 네 부모를 공경하라 하였느니라'
20«Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздй накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун».
21여짜오되 `이것은 내가 어려서부터 다 지키었나이다'
21Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакй нигоҳ доштаам».
22예수께서 이 말을 들으시고 이르시되 `네가 오히려 한 가지 부족한 것이 있으니 네게 있는 것을 다 팔아 가난한 자들을 나눠 주라 그리하면 하늘에서 보화가 네게 있으리라 그리고 와서 나를 좇으라' 하시니
22Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳй ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».
23그 사람이 큰 부자인 고로 이 말씀을 듣고 심히 근심하더라
23Лекин вай, чун инро шунид, андӯҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд.
24예수께서 저를 보시고 가라사대 `재산이 있는 자는 하나님의 나라에 들어가기가 어떻게 어려운지
24Исо андӯҳи вайро дида, гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!
25약대가 바늘귀로 들어가는 것이 부자가 하나님의 나라에 들어가는 것보다 쉬우니라' 하신대
25«Зеро ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».
26듣는 자들이 가로되 `그런즉 누가 구원을 얻을 수 있나이까 ?'
26Шунавандагон гуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?»
27가라사대 `무릇 사람의 할 수 없는 것을 하나님은 하실 수 있느니라 !'
27Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст».
28베드로가 여짜오되 `보옵소서, 우리가 우리의 것을 다 버리고 주를 좇았나이다'
28Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
29이르시되 `내가 진실로 너희에게 이르노니 하나님의 나라를 위하여 집이나 아내나 형제나 부모나 자녀를 버린 자는
29Ба онҳо гуфт: «Ба ростй ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду
30금세에 있어 여러 배를 받고 내세에 영생을 받지 못할 자가 없느니라' 하시니라
30«Дар ин замон ҳеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонй наёбад».
31예수께서 열 두 제자를 데리시고 이르시되 `보라, 우리가 예루살렘으로 올라가노니 선지자들로 기록된 모든 것이 인자에게 응하리라
31Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:
32인자가 이방인들에게 넘기워 희롱을 받고 능욕을 받고 침 뱉음을 받겠으며
32«Зеро ки Ӯ ба дасти гайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд,
33저희는 채찍질하고 죽일 것이니 저는 삼 일만에 살아나리라' 하시되
33«Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ зҳьё шавад».
34제자들이 이것을 하나도 깨닫지 못하였으니 그 말씀이 감취었으므로 저희가 그 이르신 바를 알지 못하였더라
34Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.
35여리고에 가까이 오실 때에 한 소경이 길 가에 앉아 구걸하다가
35Вакте ки Ӯ ба Ериҳӯ наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид;
36무리의 지남을 듣고 `이 무슨 일이냐 ?'고 물은대
36Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?»
37저희가 `나사렛 예수께서 지나신다' 하니
37Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирй меояд.
38소경이 외쳐 가로되 `다윗의 자손 예수여 ! 나를 불쌍히 여기소서' 하거늘
38Дарҳол фарьёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
39앞서 가는 자들이 저를 꾸짖어 `잠잠하라' 하되 저가 더욱 심히 소리 질러 `다윗의 자손이여 ! 나를 불쌍히 여기소서' 하는지라
39Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба ҳомӯш шуданводор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
40예수께서 머물러 서서 명하여 `데려오라' 하셨더니 저가 가까이 오매 물어 가라사대
40Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид:
41`네게 무엇을 하여 주기를 원하느냐 ?' 가로되 `주여, 보기를 원하나이다'
41«Чӣ меҳоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
42예수께서 저에게 이르시되 `보아라, 네 믿음이 너를 구원하였느니라' 하시매
42Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид».
43곧 보게 되어 하나님께 영광을 돌리며 예수를 좇으니 백성이 다 이를 보고 하나님을 찬양하니라
43Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.