1형제들아 내 마음에 원하는 바와 하나님께 구하는 바는 이스라엘을 위함이니 곧 저희로 구원을 얻게 함이라
1ЭЙ бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.
2내가 증거하노니 저희가 하나님께 열심이 있으나 지식을 좇은 것이 아니라
2Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм.
3하나님의 의를 모르고 자기 의를 세우려고 힘써 하나님의 의를 복종치 아니하였느니라
3Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;
4그리스도는 모든 믿는 자에게 의를 이루기 위하여 율법의 마침이 되시니라
4Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.
5모세가 기록하되 율법으로 말미암는 의를 행하는 사람은 그 의로 살리라 하였거니와
5Мусо дар бораи адолате ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: "Ҳар кй онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист".
6믿음으로 말미암는 의는 이같이 말하되 네 마음에 누가 하늘에 올라가겠느냐 하지 말라 하니 올라가겠느냐 함은 그리스도를 모셔 내리려는 것이요
6Аммо адолате ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: "Кӣ ба осмон сууд мекунад?"» - барои он ки Масеҳро поён фурорад.
7혹 누가 음부에 내려가겠느냐 하지 말라 하니 내려가겠느냐 함은 그리스도를 죽은 자 가운데서 모셔 올리려는 것이라
7Ё: "Кӣ ба варта нузул мекунад?" - барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад.
8그러면 무엇을 말하느뇨 말씀이 네게 가까와 네 입에 있으며 네 마음에 있다 하였으니 곧 우리가 전파하는 믿음의 말씀이라
8Аммо вай чӣ мегӯяд? "Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст", яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.
9네가 만일 네 입으로 예수를 주로 시인하며 또 하나님께서 그를 죽은 자 가운데서 살리신 것을 네 마음에 믿으면 구원을 얻으리니
9Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт;
10사람이 마음으로 믿어 의에 이르고 입으로 시인하여 구원에 이르느니라
10Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст.
11성경에 이르되 누구든지 저를 믿는 자는 부끄러움을 당하지 아니하리라 하니
11Зеро Навиштаҳо мегӯяд: "Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд".
12유대인이나 헬라인이나 차별이 없음이라 한 주께서 모든 사람의 주가 되사 저를 부르는 모든 사람에게 부요하시도다
12Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ӯро мехонанд, сарватманд аст.
13누구든지 주의 이름을 부르는 자는 구원을 얻으리라
13Зеро "ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт".
14그런즉 저희가 믿지 아니하는 이를 어찌 부르리요 듣지도 못한 이를 어찌 믿으리요 전파하는 자가 없이 어찌 들으리요
14Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?
15보내심을 받지 아니하였으면 어찌 전파하리요 기록된 바 아름답도다 좋은 소식을 전하는 자들의 발이여 함과 같으니라
15Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: "Чӣ гуна зебост лойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагй башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!"
16그러나 저희가 다 복음을 순종치 아니하였도다 이사야가 가로되 주여 우리의 전하는 바를 누가 믿었나이까 하였으니
16Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: "Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?"
17그러므로 믿음은 들음에서 나며 들음은 그리스도의 말씀으로 말미암았느니라
17Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи каломи Худост.
18그러나 내가 말하노니 저희가 듣지 아니하였느뇨 그렇지 아니하다 그 소리가 온 땅에 퍼졌고 그 말씀이 땅 끝까지 이르렀도다 하였느니라
18Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: "Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дуньё расид".
19그러나 내가 말하노니 이스라엘이 알지 못하였느뇨 먼저 모세가 이르되 내가 백성 아닌 자로써 너희를 시기나게 하며 미련한 백성으로써 너희를 노엽게 하리라 하였고
19Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегӯяд: "Ман ба воситаи он чи қавм нест, рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳм шуморо ба хашм хоҳам овард".
20또한 이사야가 매우 담대하여 이르되 내가 구하지 아니하는 자들에게 찾은 바 되고 내게 문의하지 아니하는 자들에게 나타났노라 하였고
20Ва Ишаъё далерона мегӯяд: "Касоне Маро ёфтанд, ки толиби Ман набуданд, ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷӯёи Ман набуданд".
21이스라엘을 대하여 가라사대 순종치 아니하고 거스려 말하는 백성에게 내가 종일 내 손을 벌렸노라 하셨느니라
21Аммо дар бораи Исроил Ӯ мегӯяд: "Тамоми рӯз дастҳои Худро суи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам".